Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Бист сол пеш халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ - истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо ин рўйдоди бузургро боэҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.
Хосияти ҳар як ҷашн, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки моро ба таҳлил ва ҷамъбасту хулоса намудани рўйдодҳоигузашта, мушаххас сохтани вазифаҳои имрўза ва чашмандозӣ ба оянда водор мекунад.
Аз ин нуқтаи назар истиқлолияти давлатӣ барои миллати тамаддунсози мо дар марзи ду садсола падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад ва бинобар ин, мо бояд онҳоро аз дидгоҳи фарохтару баландтар тақвиму тақдир намоем
Дар ин росто, қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд.
Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.
Бинобар ин, бо камоли ифтихор фарорасии ин ҷашни сарнавиштсозу муқаддаси миллӣ - бистумин солгарди истиқлолияти давлатиро ба тамоми мардуми шарифи кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва кулли тоҷикони ҷаҳон, ки меҳани азизи моро хонаи умеди худ меҳисобанд, самимона табрик мегўям. Муфассал...
Май 16, 2012 16:00 Шиносоӣ бо мавзеъҳои аз заминларза зарардида
Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо мавзеъҳои аз заминларзаи рӯзи 13-уми май зарардида ба ноҳияҳои Рашт ва Тавилдара сафар кард.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар натиҷаи боришоти пайиҳам ва заминларзаи шадид, ки субҳи рӯзи 13 май дар Тоҷикистон рух дод, даҳҳо манзили истиқоматӣ ва дигар биноҳо дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт пурра ва ё қисман хароб гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ноҳияи Рашт ташриф оварда, аз хонаҳои истиқоматии осебдида дар деҳаи Лангараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх дидан кард ва бо мардуми зарардида аз наздик суҳбат намуд. Муфассал...
Май 16, 2012 05:30 Гузориши муфассал аз ҷараёни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Рӯзи 15-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом дод.
Барои иштирок дар Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сарони ҳамаи давлатҳои аъзои созмон дар қасри Кремл ҷамъ омаданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ давлатҳои Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон аъзоянд. Муфассал...
Май 15, 2012 23:30 Иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)
Бегоҳии рӯз дар қасри Кремл, мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо иштироки сарони ҳамаи кишварҳои он баргузор гардид.
Зарурати тақвияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар доираи он аз ҷониби сарони ҳамаи давлатҳо таъкид гардид. Муфассал...
Май 15, 2012 20:50 Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти хосаи дуҷониба анҷом дод.
Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамшарикӣ ва ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.
Владимир Путин аз ҳамкории иқтисодӣ ва ҳарбии Русияву Тоҷикистон ва робитаҳои судманди миёни минтақаҳои ду кишвар изҳори хушнудӣ карда, иттилоъ дод, ки имрӯз «70 субъекти Русия бо минтақаҳои Тоҷикистон ҳамкории рушдёбанда доранд». Муфассал...