|
22-юми декабри соли
2005
Мӯҳтарам устодон ва аҳли илму маориф!
Ҳозирини гиромӣ!
Мулоқоти имрӯзаи мо, ки нахустин машварат дар
давраи истиқлолият буда, бо иштироки аъзоёни Ҳукумати Тоҷикистон,
раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, олимон, роҳбарони
Вазорати маориф, идора ва шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо,
шаҳру ноҳияҳо дар хусуси баррасии муфассал ва созандаи
кори таълиму тарбия, бахусус сатҳи дониш ва маърифат дар муассисаҳои
таълимии кишвар, инчунин проблемаҳои ахлоқ ва маърифати ҳамагонии
ҷомеа баргузор мешавад, талаби замон ва зарурати таъхирнопазири
рӯз аст.
Бояд дар назар дошт, ки муносибати ҷиддӣ ба соҳаи маориф,
дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба миён гузоштан ва ҳалли
проблемаҳои ҷойдошта аҳамияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ,
иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангӣ дорад. Маориф
дар фаҳмиши васеъ ва имрӯзӣ яке аз проблемаҳои
ҳаётӣ ва глобалии асри ХХI мебошад ва ҳар яки моро водор
месозад, ки ба он бо таваҷҷӯҳи хоса ва масъулияти
баланд муносибат намоем.
Чунки инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ,
таъмини амнияти милливу давлатӣ ва умуман ноил шудан ба сатҳи
ҷаҳонии иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг
пеш аз ҳама ба рушди босуботи маориф, ташкили раванди бонизом ва
босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон вобаста мебошад.
Рушду тараққиёти мамлакат бевосита ба саъю талоши насли созандаву
эҷодкор алоқаманд аст. Бинобар ин, агар ба тарбияи ворисони
соҳибмаърифату донишманд ва содиқи миллату Ватани хеш имрӯз
бо масъулият муносибат накунем, ифтихору ғурури миллии мо гирифтори
зоҳирпарастӣ шуда, дар доираи ному дастовардҳои бузургони
гузаштаамон маҳдуд мемонад.
Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар миёни ҷумҳуриҳои
собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ҷумҳурии аз
ҳама ҷиҳат қафомонда буд. Баъди барҳам хӯрдани
он дар кишвари мо дар натиҷаи бархӯрдҳои сиёсӣ
ва муқовимати мусаллаҳона тамоми рукнҳои ҳокимияти
давлатӣ фалаҷ гардиданд ва ҳамаи соҳаҳо,
махсусан маориф дучори бӯҳрони шадид шуд.
Чуноне ки шумо дар ёд доред, аксарияти мактабҳо ва донишкадаву донишгоҳҳо
қариб, ки аз фаъолият монда буданд. Бахусус нарасидани кадрҳои
миллии сатҳи муосири ҷаҳонӣ ва аз кишвар рафтани
мутахассисони варзидаи соҳаҳои мухталиф сабабгори пастравии
сатҳи корҳои идораи давлат ва коҳиши самараи сохторҳои
ҷомеа гардид.
Таъсири манфии онро мо дар фаъолияти соҳаҳо ва арсаҳои
давлативу ҷамъиятӣ имрӯз низ эҳсос мекунем.
Аз паст будани сатҳи касбии муаллим, духтур, агроном, инженер, суд,
прокурор, милитсия, сохтмончӣ, иқтисодчӣ, роҳсоз
ва кормандони дигар соҳаҳо ҳам шаҳрвандон, ҳам
ҷомеа ва ҳам давлат то андозаи муайян зарари моддиву маънавӣ
мебинанд.
Ҳамагон медонанд, ки зарари молиявии ҷанги шаҳрвандӣ
ба 7 миллиард доллар баробар шуд ва Ҳукумати Тоҷикистон баъди
ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ
барои рафъи оқибатҳои он корҳои зиёдеро ба анҷом
расонд.
Иншооту биноҳои харобгашта аз нав барқарор ва ҳаёти
орому осудаи мардум таъмин карда шуд. Вале зарари маънавии он то ҳол
бартараф нашудааст ва таъсири манфии он дар ҳаёти ҷомеа ҳанӯз
ҳам эҳсос мегардад.
Ва ин аз ҳама бештар дар соҳаи маориф, ки ҷузъи аслӣ
ва таркибии маънавиёти ҷомеа мебошад, мушоҳида мешавад. Чунки
заминаи тарбияи кадрҳои тамоми соҳаҳо, маърифатнокии
ҷомеа ба фаъолияти мактаб ва сатҳи таълиму тарбия робитаи
бевосита дорад.
Бо дарназардошти ин, аз соли 2000-ум, яъне танҳо баъди пурра таъмин
шудани суботи сиёсӣ, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста бо
ҳаллу фасли масъалаҳои соҳаи маориф машғул аст
ва барои беҳтар намудани шароиту имкониятҳои он кӯшиш
менамояд.
Мо маорифро дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон
самти асосӣ ва стратегӣ эълон доштаем. Президент ва Ҳукумати
кишвар ба ин соҳа дар доираи қудрату имкониятҳои мавҷуда
аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
Аз муҳайё намудани заминаҳои ҳуқуқӣ
сар карда, то маблағгузорӣ ва истифодаи воситаҳои самараноки
баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ҳифзи саломатии кӯдакону
наврасон, шароити зист ва таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор
таҳти назорату ғамхории доимии Президент ва Ҳукумати
Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии давлатамон
ҳангоми таҳияи Конститутсияи мамлакат ба масъалаҳои
маориф ва таълим аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд. Дар моддаи
41-уми Конститутсия зикр шудааст, ки ҳар шахс ҳуқуқи
таҳсил дорад ва таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат
дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таълими умумии асосии ҳатмии
ройгон, яъне бепулро кафолат медиҳад.
Баъдан қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар
бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти
баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ", "Дар
бораи ҷавонон", "Дар бораи тандурустӣ", ҳамчунин
қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар бораи Вазорати маориф, дар бораи қабули духтарон ва писарон
тибқи квотаи президентӣ, дар бораи стандартҳои таҳсилоти
миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва олии касбӣ,
Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ сари вақт
таҳия ва қабул карда шуданд.
Ҳамин тариқ, дар мамлакат заминаи қонунгузории соҳаи
маориф дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ гузошта шуд.
Ҳадафи муҳими низоми маориф тарбияи шахсияти фаъол ва созанда
аст. Аз ин рӯ, масъалаҳои дар зеҳну шуури хонандагон
ва ҷавонон тарбия кардани эҳсоси худогоҳии миллӣ,
худшиносии таърихӣ, истифодаи анъанаҳои беҳтарини маорифи
миллӣ ва умумибашарӣ, арзишҳои фарҳангиву ахлоқӣ
ва идоракунии демократӣ, ки то имрӯз барои ноил шудан ба дастовардҳои
илму техника ва фарҳанг мусоидат намуданд, таҳти таваҷҷӯҳи
доимии давлат қарор доранд.
Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
эҷоди заминаи муосири таҳсилотро дар асоси арзишҳои
милливу умумибашарӣ ва ворид гардидани Тоҷикистонро ба фазои
ягонаи байналмилалии таҳсилот ва робитаи устувори раванди таҳсилоти
миллӣ бо фарҳангу маърифат ва тамаддуни ҷаҳонӣ
аз вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа мешуморад.
Барои расидан ба ин ҳадафҳо то имрӯз дар кишвар корҳои
зиёде анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, дар давоми 15 соли истиқлолият
дар ҷумҳурӣ шумораи мактабҳои таҳсилоти
умумӣ 580 адад зиёд шуда, ба 3 ҳазору 810 адад расид.
Миқдори хонандагони онҳо 357 ҳазор нафар афзуда, 1 миллиону
700 ҳазор нафарро ташкил дод. Дар ин муддат 25 донишкадаву донишгоҳи
нав ташкил карда шуда, шумораи онҳо ба 38 адад расид. Дар онҳо
ҳоло 123 ҳазор нафар донишҷӯ сабақ мегиранд,
ки нисбат ба соли 1991-ум 53 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи сиёсати давлат имрӯз
маориф дар пешрафти иқтисодиёт, фарҳанг, илму техника, технология,
ҳифзи муҳити зист, тарзи ҳаёти солим ва самтҳои
дигари ҳаёти ҷомеа мақоми хоса пайдо кардааст.
Ин бесабаб нест. Зеро синни миёнаи аҳолии Тоҷикистон 22-сола
буда, беш аз 30 фоизи онро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд.
Имрӯз мо аз лиҳози фоизи дарбаргирии ҷавонон ба раванди
таълиму тарбия ва сатҳи саводнокии аҳолӣ дар байни кишварҳои
дигар мақоми шоиста дорем. Гузашта аз ин, кӯдакони ятиму бепарастор
таҳти ғамхории доимӣ ва таъминоти моддии давлат қарор
дошта, барои ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус дохил шудани
онҳо имтиёзҳо муқаррар гардидаанд.
Давлат фаъолияти самараноки беш аз чор ҳазор муассисаҳои таълимиро
барои таълиму тарбия ва таҳсили шаҳрвандон ба роҳ монда,
22 фоизи буҷетро ба соҳаи маориф равона кардааст.
Ҳукумати Тоҷикистон пайваста ба афзоиши ҳаҷми
буҷети соҳаи маориф диққати махсус медиҳад.
Агар ба рақамҳои танҳо панҷ соли охир назар афканем,
тағйироти назарраси соҳаро равшан мушоҳида мекунем.
Соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 42 миллион
сомонӣ, соли 2003-ум зиёда аз 111 миллион сомонӣ ва соли 2004-ум
190 миллион сомонӣ сарф шуда бошад, ин рақам соли 2005-ум
268 миллион сомониро ташкил медиҳад. Маблағгузории соҳа
дар буҷети соли 2006-ум дар ҳаҷми 336 миллион сомонӣ
пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли 2000-ум 294 миллион сомонӣ
ё худ ҳафт маротиба зиёд аст.
Баробари афзоиши умумии буҷети давлатӣ ҳар сол хароҷоти
соҳаи маориф бо суръати бештар зиёд мегардад.
Агар дар соли 2005-ум қисми хароҷоти буҷет 33 фоиз зиёд
шуда бошад, хароҷоти соҳаи маориф 45 фоиз афзудааст.
Дар соли оянда хароҷоти умумии буҷет 19,4 фоиз афзуда, хароҷоти
соҳаи маориф бошад 34 фоизро ташкил хоҳад дод.
Илова ба ин, аз фонди захиравии Президент, инчунин аз ҳисоби кӯмакҳои
башардӯстона, грантҳо ва дигар сарчашмаҳо ба ин соҳа
маблағи зиёд хароҷот карда шудааст.
Танҳо дар ду соли охир аз фонди захиравии Президенти мамлакат барои
рушди соҳаи маориф, аз ҷумла барои сохтмону таъмири муассисаҳои
таълимӣ, таҷҳизонидани мактабҳо бо асбобу воситаҳои
таълимӣ 21 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар баробари ин, ба соҳаи маориф дар шакли татбиқи лоиҳаҳои
муштараки инвеститсионии Ҳукумати Тоҷикистон ва ташкилотҳои
байналмилалии молиявӣ то имрӯз 10 лоиҳа ба маблағи
умумии 219 миллион сомонӣ ҷалб шудааст, ки аз ин 5 лоиҳа
дар ҳаҷми 79 миллион сомонӣ татбиқ гаштааст.
Дар маҷмӯъ дар соли 2005-ум аз ҳамаи манбаъҳои
маблағгузории давлатӣ бо дарназардошти хароҷоти буҷети
давлатӣ, фонди захиравии Президент, сармоягузориҳои хориҷӣ,
маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба
соҳаи маориф 398 миллион сомонӣ равона карда шудааст, ки ин
4,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Ин нишондиҳанда дар соли 2000-ум ба 2,5 фоизи маҷмӯи
маҳсулоти дохилӣ баробар буд.
Дар соли 2006-ум бошад, маблағгузорӣ аз ҳисоби ин сарчашмаҳо,
ба истиснои фонди захиравии Президент 402 миллион сомониро ташкил хоҳад
дод, ки ин ба 4,8 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ
баробар гардида, нисбат ба соли ҷорӣ 0,6 фоиз зиёд мебошад.
Вале мо чунин мешуморем, ки ин ҳоло ҳам кам аст. Аз ин рӯ,
маблағҳои озоде, ки минбаъд низ ба даст меоянд, пеш аз ҳама
ба соҳаи маориф равона карда мешаванд.
Барои сохтмону таъмир ва таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ
ва нашри китобҳои дарсӣ то имрӯз маблағҳои
зиёди мақсаднок сарф карда шудаанд.
Танҳо дар солҳои 2004-2005-ум дар ноҳияҳои Нуробод,
Тоҷикобод, Ҷиргатол, Рашту Тавилдара, Балҷувону Ховалинг,
Темурмалику Рӯдакӣ ва шаҳри Роғун аз ҳисоби
фонди захиравии Президенти мамлакат беш аз 80 мактаб бунёду таъмир ва
бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуданд. Ҳамин
тавр, дар ноҳияҳои мазкур проблемаи аз хонаҳои шахсӣ
ба муассисаҳои таълимии давлатӣ кӯчонидани мактабҳо
асосан ҳаллу фасл гардид.
Дар давоми 15 соли охир бошад, барои зиёда аз 351 ҳазор хонанда
дар кишвар 580 мактаб сохта, ба истифода дода шуд ва дар вилоятҳои
Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ
292 муассисаи таълимӣ бо сифат ва сатҳи замонавӣ таъмир
шуда, дар ноҳияҳои Файзободу Ҳисор, Рӯдакиву Темурмалик
ва Данғараву Бохтар сохтмони биноҳои нотамоми замони шӯравӣ
анҷом ёфт ва ин мактабҳо бо таҷҳизоти зарурии
ҳозиразамон таъмин гардиданд.
Аз маблағҳои фонди захиравии Президент ва буҷети ҷумҳуриявӣ
сохтмони бинои таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва таъмиру
бо лавозимоти зарурӣ таъмин кардани Донишгоҳи давлатии Хоруғ,
литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд
ва мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе анҷом дода шуд.
Танҳо дар солҳои 2004-2005-ум барои сохтмон, таъмир ва таҷҳизонидани
мактабҳои таҳсилоти умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони
Бадахшон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, инчунин ноҳияи
Восеи вилояти Хатлон аз фонди захиравии Президенти мамлакат зиёда аз 5
миллион сомонӣ сарф гардид.
Барои беҳтар кардани шароити кор ва зиндагии олимони ҷавон
дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе хобгоҳи аспирантҳо
барои 600 нафар ба маблағи 4 миллиону 300 ҳазор сомонӣ
таъмир ва ҷиҳозонида шуд.
Бо мақсади муҳайё намудани шароити таҳсили духтарони
ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, ки дар асоси квотаи
президентӣ дар мактабҳои олии пойтахт таҳсил мекунанд,
барқарор намудани ду хобгоҳи алоҳида барои 800 нафар
донишҷӯ ба нақша гирифта шуд ва яке аз онҳо барои
200 нафар аллакай мавриди истифода қарор гирифт ва корҳои
сохтмони хобгоҳи дигар босуръат идома доранд.
Дар баробари маблағҳои буҷети давлатӣ бо ташаббуси
баъзе раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳо,
соҳибкорони босаховат ва ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ
ин ё он самти соҳаи маориф дастгирӣ меёбад.
То имрӯз дар мамлакат аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланд
ва шахсони саховатманд 10 мактаб сохта, ба истифода дода шудааст.
Масалан, дар ноҳияи Шаҳринав Ҳоҷӣ Шариф
Сафаров барои кӯдакони деҳаи худ мактаби дуошёна бунёд намуда,
онро бо таҷҳизоти зарурӣ ва 9 адад компютер таъмин карда,
ба омӯзгорон маоши иловагӣ муқаррар намудааст.
Ҳамин тариқ Ҳоҷӣ Абдуҳамид Асоев аз
ноҳияи Ҳисор барои 450 нафар, Хуршед Машрабов аз ноҳияи
Рӯдакӣ барои 320 нафар, Қувваталӣ Файзов аз ноҳияи
Вахш барои 320 нафар мактаб сохтаанд. Чунин ҳимматбаландон дар кишварамон
кам нестанд ва итминон дорам, ки ин равияи нек минбаъд низ идома пайдо
мекунад.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ба ҳамаи онҳое, ки бо
эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва номуси ватандорӣ дар
сохтмону таъмири мактабҳо ва бо таҷҳизоти хониш таъмин
кардани онҳо саҳм гузоштаанд ва ҳоло низ ин корҳои
хайрро анҷом медиҳанд, арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Дар натиҷаи тадбирҳои зиёде, ки аз ҷониби давлат ва
Ҳукумат андешида шуданд, аксари муассисаҳои таълимии кишвар
ба маҷрои наву муосири таълиму тарбия ворид шуда, барои ҷорӣ
намудани усулҳои пешрафта ва сифати беҳтари таҳсилот
кӯшиш менамоянд.
Дар кишварамон миқдори муассисаҳои таълимии типи нав, мактабҳои
таҷрибаи пешқадам ва шумораи омӯзгорони сол, ширкаткунандагон
ва ғолибони озмунҳои байналмилалӣ аз ҳисоби хонандагони
мактабҳои таҳсилоти умумӣ афзоиш ёфта истодааст.
Ду сол қабл аз ин, бо мақсади ҷорӣ намудани технологияи
муосири таълим дар кишварамон ду барномаи давлатӣ - такмили таълим
ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои
2004-2014-ум ва компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумии
асосӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои
2003-2007-ум қабул гардида буд.
Бо дастгирии Ҳукумат мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар
соҳиби зиёда аз 9000 адад компютерҳои ҳозиразамон шудаанд.
Ҳол он ки дар соли 2002 тамоми мактабҳо ҳамагӣ
400 компютер доштанду халос.
Танҳо дар соли 2005 барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ
ба маблағи 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ 2700 адад компютер
харидорӣ ва зиёда аз 500 синфи компютерӣ ташкил карда шуд.
Акнун омӯзгорони соҳибтаҷриба ва хонандагони лаёқатманд
онро ҳамчун воситаи аёнӣ ва муошират, василаи азхуд намудани
донишҳои васеи дунявӣ ва касбӣ истифода бурда метавонанд.
Вале вобаста ба ин масъала бояд таъкид кард, ки дар баъзе мактабҳо
бо сабаби набудани қувваи барқ ва ё синфхонаҳои алоҳида
омӯзиши компютер сурат намегирад.
Вазоратҳои энергетика, маориф ва раисони шаҳру ноҳияҳо
бояд имконияти дар вақти муайян мувофиқ кардани дарсҳои
омӯзиши компютерро бо лимити истифодаи нерӯи барқ мавриди
баррасӣ қарор дода, барои ба низом овардани таълими компютер
чораҳо андешанд. Дар ҳолати зарурӣ масъалаи таъмини
мактабҳоро бо генераторҳои дизелӣ баррасӣ намоянд.
Дар давоми панҷ соли охир давлати соҳибистиқлоли мо
тавонист, ки ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи маориф
низ хеле вусъат диҳад.
Ҳоло зиёда аз 2500 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои
Федератсияи Россия, Амрико, Канада, Япония, Хитой, Ҳиндустон, Миср,
Туркия, Украина, Австралия ва дигар кишварҳои ҷаҳон
таҳсил мекунанд. Тоҷикистон дар 10 давлати дунё барои таҳсили
шаҳрвандони худ квота дорад.
Соли ҷорӣ бо мақсади дастгирии ҷавонони лаёқатманд
ва тарбияи мутахассисони зарурӣ дар муассисаҳои таълимии давлатҳои
хориҷӣ фонди махсуси Президенти Тоҷикистон таъсис ёфт
ва ба ин мақсад зиёда аз як миллион сомонӣ ҷудо гардид.
Ҳукумат, вазоратҳои молия ва маориф вазифадор карда мешаванд,
ки барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд ва тайёр кардани
мутахассисони зарурӣ дар хориҷи кишвар ҳар сол маблағгузориро
зиёд намоянд.
Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти
муайяни иқтисодӣ ҳамаи кӯшиш ва имкониятҳои
худро барои торафт беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва рушди
соҳаи маориф сарф карда истодааст. Чунки хонандагону донишҷӯёни
имрӯза соҳибони ояндаи миллату давлат ва созандагони ҳаёти
ободу осудаи кишвар, яъне давомдиҳандагони кори мову шумо мебошанд.
Ва бояд бо қаноатмандӣ зикр намоем, ки одобу ахлоқ ва
маърифату ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон нисбат ба 10-15-соли
гузашта хеле пеш рафтааст.
Дӯстони азиз!
Бо вуҷуди тамоми кӯшишу ғамхориҳои Ҳукумат
ба соҳаи маориф сифати таълиму тарбия, сатҳи донишомӯзӣ
ва малакаву маҳорати хонандагону донишҷӯён ҳанӯз
ба талаботи замон пурра ҷавобгӯ нест. Мо бояд ҳамаи
камбудиву норасоиҳои мавҷудаи соҳаро муайян кунем ва
роҳҳои ҳалли онҳоро ҷустуҷӯ
намоем.
Бо мақсади арзёбии раванди таълим ва сатҳи он соли 2004 бо
супориши Ҳукумати Тоҷикистон дониши хонандагону донишҷӯёни
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ ду маротиба
мавриди санҷиш қарор гирифт, вале натиҷаҳо қаноатбахш
арзёбӣ нагардиданд.
Соли ҷорӣ бо супориши Президенти мамлакат комиссияи махсус,
ки ба ҳайати он кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи
Президент, мутахассисони вазорату идораҳо ва олимон шомил буданд,
шароит ва вазъи таълиму тарбияро дар тамоми муассисаҳои таълимии
мамлакат баррасӣ намуд.
Комиссия вазъи соҳаро ҳамаҷониба санҷида, барои
беҳбудии раванди таълиму тарбия ба Ҳукумати Тоҷикистон
зиёда аз 200 таклифу пешниҳодҳои худро манзур намуд.
Санҷиш нишон дод, ки бо вуҷуди ҳамаи ғамхорӣ
ва эътибори махсуси давлат бинобар каммасъулиятии Вазорати маориф, мақомоти
маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру
ноҳияҳо, вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони
идораҳо ва шӯъбаҳои маориф, институтҳои илмию
тадқиқотии соҳа, ректорону роҳбарони донишкадаҳои
олӣ, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва мактабҳои
миёнаву ибтидоӣ ислоҳоти соҳа, сатҳи донишомӯзӣ
ва таълим аз талаботи давлат ва тақозои замона хеле қафо мондааст.
Мақсади асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз ислоҳоти соҳаи маориф, ки аз соли 2003 шурӯъ гардидааст,
пеш аз ҳама баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи
донишу маърифати хонандагону донишҷӯён аст.
Дараҷаи донишомӯзии хонандагони мактабҳо хеле паст аст.
Хонандагони мактабҳо пеш аз ҳама аз забони модарӣ ва
фанҳои дақиқ дониши мукаммал надоранд. Далелҳое
мавҷуданд, ки баъзе хатмкунандагони мактабҳо хондаву навишта
наметавонанд.
Сабабҳои асосии паст будани сатҳи дониши хонандагони мактабҳои
таҳсилоти умумӣ ва сифати таълиму тарбия дар нарасидани омӯзгорони
касбӣ, китобу воситаҳои таълимӣ, беаҳамиятии падару
модарон нисбат ба таълиму тарбияи фарзандони худ, аз ҷониби раисони
баъзе вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба корҳои
кишоварзӣ ҷалб шудани хонандагон ва беэътиноии чунин роҳбарон,
инчунин мудирони идораву шӯъбаҳои маориф арзёбӣ гардидааст,
ки комилан дуруст аст.
Дар сурате ки дар мамлакат қариб 9 ҳазор муаллим намерасад
ва беш аз 8 ҳазор хатмкардагони мактабҳо бо маълумоти миёнаи
умумӣ бо кори омӯзгорӣ машғул ҳастанд, баъзе
раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бар хилофи моддаи
26 Қонун "Дар бораи маориф" ва қарорҳои протоколии
маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон аз 29 январ ва 14 октябри
соли 2005 хонандагонро дар тамоми мавсими пахтачинӣ ба корҳои
саҳроӣ сафарбар менамоянд.
Ғайр аз ин, беэътибории баъзе раисони вилоятҳо ва шаҳру
ноҳияҳои мамлакат ба тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ
ва ғамхорӣ ба онҳо ҷой дорад. Дар кишвар захираи
кадрҳо вуҷуд дорад. Танҳо онҳоро шинохтан, тарбия
намудан, дастгирӣ кардан ва рӯи кор овардан лозим аст.
Зикр намудан бамаврид аст, ки як қатор вазоратҳо ва муассисаҳои
давлатӣ низ мактабҳои миёна ва олии касбӣ доранд.
Чунончи, вазоратҳои корҳои дохилӣ, амният, мудофиа,
даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, молия, саноат, кишоварзӣ,
тандурустӣ, фарҳанг, кумитаҳои ҳифзи сарҳади
давлатӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои соҳаҳои
худ мутахассисони дорои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тарбия
менамоянд.
Бинобар ин раванди таълиму тарбия танҳо бо Вазорати маориф маҳдуд
намешавад.
Дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълиму тарбияи ҷавонон
ва таъмини сифати он ба роҳбарон ва шахсони масъули вазорату идораҳои
зикршуда, кумитаҳои кор бо ҷавонон, занон ва оила, шӯъбаҳои
дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президент, Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ
ва варзиш, Академияи илмҳо, роҳбарони мақомоти маҳаллии
ҳокимияти давлатӣ ва олимону зиёиён низ алоқаи бевосита
дорад.
Таълим дар муассисаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
ва сохторҳои низомӣ мактаби обутоби ҷисмонӣ ва
маънавӣ мебошад. Аз ин рӯ, раванд ва сифати таълиму тарбия
дар онҳо бояд таҳти назорати ҳаррӯза қарор
дошта бошад.
Вазорати маориф, ректорони мактабҳои олӣ, роҳбарони
муассисаҳои илмиву тадқиқотии соҳа омилҳо
ва сабабҳои паст будани сатҳи дониши хонандагону донишҷӯёнро
пурра таҳқиқ накарда, андешидани тадбирҳоро дар
хусуси тағйир додани ин раванд аз мадди назар дур кардаанд.
Яке аз сабабҳои дигари паст будани сатҳи дониши хонандагон
ва донишҷӯёнро бояд дар технология ва усули таълим, мазмун
ва сифати китобҳои дарсӣ, нақшаҳо ва барномаҳои
таълимӣ, муносибати муаллим ба хонанда ва мактаб, дар камбудии кори
Вазорати маориф, идораву шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо ва
шаҳру ноҳияҳо, дигар вазорату мақомоти дахлдор,
мутахассисони соҳаи таълиму тарбия, беназоратии мақомоти маҳаллии
ҳокимияти давлатӣ ва бепарвоии падару модарон ҷустуҷӯ
кард.
Дуруст аст, ки маориф соҳаи афзалиятноки сиёсати давлат эълон шудааст.
Вале ин чунин маънӣ надорад, ки ҳалли тамоми масъалаҳои
таълиму тарбия ба зиммаи давлат гузошта шавад.
Мо хуб дарк менамоем, ки ҳоло низ сатҳи маоши кормандони соҳаи
маориф, гарчанде ки дар даҳ соли охир он 12 бор баланд бардошта
шудааст, ҷавобгӯи талабот нест. Бо сабаби нарасидани муаллимони
соҳибихтисос ба мактабҳо шахсони бетаҷриба ва дорои
сатҳи пасти касбӣ низ роҳ ёфтанд.
Дар соҳаи маориф ҳоло зиёда аз 8 ҳазор нафар ашхосе
бо кори таълиму тарбия машғуланд, ки дорои ихтисос нестанд ва аз
хусусиятҳои фаъолияти омӯзгорӣ огоҳӣ надоранд.
Бояд таъкид намуд, ки дар ин муддат вазоратҳои маориф, молия, меҳнат
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ методикаи самараноки таъминоти
маош ва ҳифзи иҷтимоии омӯзгоронро таҳия ва татбиқ
накардаанд. Тадриҷан зиёд кардани маош бе дарназардошти собиқаи
корӣ ва таҷрибаи педагогӣ ба ҳавасмандии омӯзгорони
соҳибтаҷриба ва сифати фаъолияти онҳо таъсири ҷиддӣ
расонида натавонист.
Бинобар ин, ба Вазоратҳои молия, маориф, иқтисод ва савдо,
меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ супориш дода мешавад,
ки якҷоя бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон
дар доираи ислоҳоти соҳаи маориф ва маблағҳои
ба ин соҳа пешбинишаванда тартиби ба низом даровардани таносуби
музди меҳнати кормандони соҳаи маорифро то 1 июли соли 2006
таҳия намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
пешниҳод кунанд.
Ҳамчунин ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки доир ба зиёд
намудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф дар соли 2006
ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 20-уми марти соли
оянда пешниҳод манзур намояд.
Барои рушди соҳаи маориф хароҷоти камсамар таъсири манфӣ
мерасонад ва бояд пеши роҳи он гирифта шавад. Чунин хароҷот
хусусан, дар нашри китобҳои дарсӣ, нақшаҳои таълимӣ,
адабиёти таълимӣ, сохтмону таъмир ва харидани компютеру дигар таҷҳизоти
соҳаи маориф ба мушоҳида мерасанд.
Махсусан хароҷот оид ба таҳия, нашр ва дастраси хонандагон
намудани китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимӣ боиси ташвиши
ҷиддӣ аст. Дар сурате ки китоб калиди дониш ва воситаи асосии
саводнокшавии мактабиён аст, ба хонандагон на ҳамеша дастрас мебошад.
То соли 2000-ум бо сабабҳои маълум маблағҳои буҷети
давлатӣ барои таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ хеле
кам буданд. Масалан, соли 1999-ум ҳамагӣ 9 номгӯй китоби
дарсӣ бо теъдоди 780 ҳазор нусха чоп карда шуд. Солҳои
2000-2001-ум низ вазъият чандон беҳ набуд.
Бо дарназардошти чунин вазъият Ҳукумати Тоҷикистон барои нашри
китобҳои дарсӣ дар маҷмӯъ 16,5 миллион сомонӣ
маблағҳои инвеститсиониро равона кард. Барои чопи китоб ба
ғайр аз маблағҳои буҷетӣ дар оянда низ аз
маблағҳои инвеститсионӣ истифода хоҳем кард.
Ҳамин тариқ, дар 4 соли охир 97 номгӯй китобҳои
дарсӣ бо теъдоди қариб 8,5 миллион нусха ба маблағи
25 миллион сомонӣ аз чоп баромад, лекин ин ҳанӯз тамоми
талаботро қонеъ карда наметавонад.
Ҳарчанд ки дар тамоми дунё нашри китобҳои дарсӣ соҳаи
сердаромад ҳисоб мешавад, вале бо айби Вазорати маориф, мутасаддиёни
татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба нашри китобҳои
дарсӣ, институтҳое, ки бо таҳия ва чопи китобҳои
дарсӣ машғуланд, муаллифону мураттибон, ноширону миёнаравҳо,
мудирони идораҳо ва шӯъбаҳои маориф, инчунин роҳбарону
омӯзгорони таълимгоҳҳо маблағҳои мавҷуда
самаранок истифода нашуданд.
Бо вуҷуди он, ки қарзҳои хеле калони давлат барои таҳия
ва чопи китобҳои дарсӣ равона шуданд, ба гардиш овардани маблағҳо
барои чопи минбаъдаи китобҳои дарсӣ то имрӯз муяссар
нашудааст.
Аз беназоратии роҳбарону кормандони Вазорати маориф, муассисаҳову
шахсони алоҳидаи соҳа маблағҳои зиёде барбод рафта,
шумораи зиёди хонандагон бе китоб мондаанд. Вазорати маориф дар оддитарин
масъала - мувофиқи шумораи хонандагон муайян кардани адади нашри
китобҳои дарсӣ ба саҳву хатоҳо роҳ дод.
Китобҳое, ки ба онҳо талабот кам аст, бо теъдоди зиёд чоп
шуданд ва дар натиҷа қариб ҳар сол ба нақшаи таълимӣ
дохил карда шудани фанҳои аз стандарт берун китобҳо нодаркор
шуданд ва аз гардиш монданд. Ҳамин аст, ки дар як муддати кӯтоҳ
ба теъдоди 340 ҳазор нусха, яъне ба маблағи умумии 720 ҳазор
сомонӣ 4 номгӯй китобҳои нашршудаи дарсӣ беэътибор
дониста шудаанд.
Аз беаҳамиятии роҳбарону мутасаддиёни Вазорати маориф, идораву
шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо,
лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва мактабҳои таҳсилоти
умумӣ зиёда аз панҷ миллион сомонӣ маблағҳои
китобҳои дарсӣ ҷамъ нашуда, аз гардиш мондаанд.
Илова ба ин, тибқи муқаррароти Вазорати маориф китобҳои
дарсӣ баъди се соли истифода ба хонандагон бояд бепул дода шаванд.
Вале бо талаби баъзе идораву шӯъбаҳои маориф аз хонандагон
барои китобҳои кӯҳнаю фарсуда низ маблағ ситонида
мешавад.
Инчунин хонандагони синфҳои болоӣ қариб, ки аз китобҳои
дарсӣ бенасибанд. Китобҳои зарурии дарсӣ барои хонандагони
синфҳои 10-11 то ҳол дастрас нагардидаанд.
Хонандагон ва донишҷӯён ба китобҳои дарсӣ эҳтиёҷ
доранд, вале Вазорати маориф талаботи онҳоро қонеъ гардонида
наметавонад, дар ҳоле ки давлат ба ин кор маблағҳои
зиёд сарф карда истодааст.
Бо барномаҳои таълимӣ мувофиқат накардани китобҳои
дарсӣ низ камбудии ҷиддӣ мебошад.
Китобҳои дарсии дар дасти хонандагон қарордошта мукаммал нестанд
ва барои омӯзгорону хонандагон мушкилоти зиёд эҷод мекунанд.
Зеро сифат ва мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ, мутобиқати
онҳо ба хусусиятҳои психологии кӯдакон, ҳаҷми
китобҳо, ороиши техникию ҳуруфоти онҳо мувофиқи
матлаб нест.
Дар хотир бояд дошт, ки то вақте хонандагону донишҷӯён
бо китобҳои дарсии босифати ба забони давлатӣ таҳия
ва нашршуда пурра таъмин нагарданд, масъалаи баланд бардоштани сифат ва
сатҳи таълим ҳалнопазир боқӣ мемонад.
Бояд таъкид намуд, ки аксарияти муассисаҳои таълимии кишвар бо таҷҳизоти
таълимӣ ва асбобҳои аёнии зарурӣ низ таъмин нестанд.
Бо мақсади ислоҳи вазъият бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон
вазоратҳои иқтисод ва савдо, молия, Академияи илмҳо
вазифадор шуда буданд, ки дар бораи таъсис додани ташкилоти махсус оид
ба таъминоти муассисаҳои илмию тадқиқотӣ бо таҳҷизоту
лавозимоти техникии зарурӣ таклиф пешниҳод намоянд. Вале,
мутаассифона, то имрӯз қарори мазкур амалӣ нагардидааст.
Аз ин рӯ, Вазорати молия вазифадор карда мешавад, ки ҳангоми
таҳияи буҷет ҳар сол бо дарназардошти ҷалби сармоягузориҳо
маблағгузории тарҷума ва нашри китобҳои дарсиро ба забони
давлатӣ, рушди заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ
ва илмиро пешбинӣ намояд ва инчунин якҷоя бо Вазорати иқтисод
ва савдо, Вазорати маориф дар бораи ҷалб намудани инвеститсияҳои
хориҷӣ ҷиҳати татбиқи ин ҳадафҳо
чораҳои зарурӣ андешад. Ҳамчунин механизм ва тартиби
чопи китобҳои дарсиро таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод
намояд.
Масъалаи дигаре, ки ба пастравии сатҳи дониши хонандагону донишҷӯён
боис гардидааст, нақшаҳои таълимӣ мебошад.
Нақшаҳои таълимӣ ҳуҷҷатҳои муҳиме
ҳастанд, ки на танҳо фарогирии донишҳои умумӣ
ва касбии хонандагону донишҷӯёнро муқаррар менамоянд,
балки самти фаъолияти соҳаро низ муайян месозанд. Бинобар ин, мувофиқи
табъу завқи ин ё он вазир, олим ё омӯзгор таҳия гардидани
онҳо на танҳо самара надорад, балки ба ҷараёни таълим
таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Аз тағйири пайвастаи онҳо аён мегардад, ки Вазорати маориф
таҳияи нақшаҳои таълимии ба илм ва тақозои иқтисодиёти
миллӣ асосёфтаро то ҳол пайдо накардааст. Ҳол он ки
давлат барои таҳияи стандарт ва нақшаҳои таълимӣ
маблағҳои калон пешбинӣ намудааст.
Мехостам хотиррасон намоям: як рукни асосии ислоҳоти системаи маорифи
Тоҷикистон, ки аз ҳисоби қарзҳои Ҳукумати
Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, барои омода намудани
стандартҳо, нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои
дарсӣ, идоракунии маориф ва лоиҳаҳои ислоҳот ва
таҷдиди таҳсилоти кишвар нигаронида шудааст.
Маҳз ҳамин лоиҳаҳо бояд моделҳои беҳтарини
стандарту нақша ва барномаҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
пайдо кунанд, таҷрибаҳои беҳтарини дунёро дар ин самт
дастрас намоянд. Аз ин рӯ, бояд Вазорати маориф бо ҷалби коршиносону
мутахассисони кишвар ва роҳбарони ин лоиҳаҳо стандарту
барномаҳоро якҷоя таҳия созад.
Дар ҳар сурат вазъияти имрӯза талаб менамояд, ки дар ин бора
комиссияи босалоҳияту тахассусӣ кор кунад ва вобаста ба шароиту
имкониятҳо стандарту нақшаҳои таълимӣ таҳия
ва тасдиқ карда шаванд.
Бинобар ин ба вазоратҳои маориф, молия, меҳнат ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ супориш дода мешавад, ки дар раванди
амалӣ намудани ислоҳоти системаи маориф аз ҳисоби кам
кардани баъзе фанҳои таълимӣ ва соатҳои барзиёди нақшавии
муассисаҳои таълимӣ маблағҳоро сарфа карда, ба
музди меҳнати кормандони маориф илова намоянд.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Имрӯз дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти мамлакат
лоиҳаҳои инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор
доранд.
Барои соҳаи маориф низ аз ҳисоби ҷалби сармоягузориҳо
ва грантҳои гуногун маблағҳои хеле зиёд ҷудо шудаанд
ва дар як қатор шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла
шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Ёвон, Айнӣ,
Кӯҳистони Мастчоҳ, Файзобод, Роғун, Рашт, Нуробод
ва Роштқалъа ин лоиҳаҳо амалӣ мегарданд.
Маблағи умумии лоиҳаҳои сармоягузории татбиқшавандаи
соҳаи маориф дар солҳои 2006-2009-ум 120 миллион сомониро
ташкил медиҳад. Вазифаи асосии роҳбарон ва кормандони соҳа
татбиқи мақсаднок, самарабахш ва босифати лоиҳаҳои
мавҷуда мебошад.
Барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ислоҳоти соҳаро
пеш аз ҳама дар муассисаҳои томактабӣ бояд тавсеа бахшид.
Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри соли 2005-ум Барномаи
давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабиро барои солҳои 2006-2010
қабул намуд.
Аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
ва вазорату идораҳо дар амал татбиқ гардидани барномаи зикршуда
ҳалли бисёр проблемаҳои дар ин самт ҷойдоштаро таъмин
менамояд.
Зеро суръати афзоиши аҳолӣ нишон медиҳад, ки шумораи
хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ то соли 2015-ум
ба 2 миллиону 250 ҳазор мерасад. Барои ба ин миқдор хонанда
муҳайё намудани шароити мӯътадили таълиму тарбия зиёда аз
700 ҳазор ҷои нишасти иловагӣ лозим аст.
Имрӯз ҳатто барои он, ки хонандагони пойтахти кишвар - шаҳри
Душанбе дар шароити мӯътадил таълим гиранд, сохтмони даҳҳо
мактабҳои иловагӣ зарур аст.
Дар чунин вазъият хусусигардонӣ, фурӯхтан, азхуд намудан ва
ғайримақсаднок истифода намудани бинову иншоотҳои соҳаи
маориф аз рӯи инсофу адолат нест. Баръакс роҳбарони вазорату
идораҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва
шаҳру ноҳияҳо, корхонаву муассисаҳо, соҳибкорон
ва хулоса ҳар фарде, ки ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси
ватандӯстиву ватанпарастӣ дорад, бояд дар муҳайё намудани
шароити беҳтари таълиму тарбияи насли наврас амали хайреро анҷом
диҳад.
Кумитаи назорати давлатии молиявӣ соли равон фаъолияти молиявии
25 ташкилоту муассисаҳои тобеи Вазорати маорифро тафтиш намуда,
дар натиҷа ба маблағи умумии 817 ҳазор сомонӣ
зарари молиявиро ошкор намуд.
Дар натиҷаи манфиати шахсии худро аз ҳама боло гузоштан имрӯз
мудирони шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои Вахшу Қубодиёни
вилояти Хатлон ба андозаи 100 ва 20 ҳазор сомонӣ маблағи
маоши омӯзгоронро азхуд кардаанд.
Нисбат ба фаъолияти мутахассиси шӯъбаи кадрҳои идораи маорифи
вилояти Хатлон низ оид ба ғайримақсаднок истифода кардани
маблағи китобҳои дарсӣ парвандаи ҷиноятӣ
оғоз гардидааст.
Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардан ва дар оянда ба ин амалҳои
номатлуб роҳ надодан бояд вазоратҳои молия, маориф, иқтисод
ва савдо дар асоси барномаи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба ислоҳоти
соҳаи маориф механизми нави маблағгузории соҳаи маорифро
бо дарназардошти мустақилияти молиявии муассисаҳои таҳсилоти
умумӣ таҳия намуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод
намоянд.
Дар ҷобаҷогузории кадрҳои соҳаи маориф низ масъалаҳои
ҳалталаб мавҷуданд.
Ташкили дарс бевосита ба муаллимони масъулиятшинос ва директорону мудирони
маорифи босалоҳият вобаста аст.
Вақти он расидааст, ки масъалаи ивази сардорони идора ва шӯъбаҳои
маорифу директорони мактабҳоро, ки дар фаъолияташон солҳои
тӯлонӣ пешравӣ ба назар намерасад, баррасӣ карда,
ба ҷои онҳо шахсони масъулиятшиносу ташаббускор ва мутахассису
ташкилотчӣ таъин карда шаванд.
Бе ислоҳоти кадрӣ дар ҳамаи самтҳои соҳа
ба идоракунии дурусту мақсаднок ноил шудан мушкил аст. Ҳангоми
таъин ва озод кардани мудирони шӯъбаҳои маориф раисони вилоятҳо,
шаҳру ноҳияҳо масъаларо аксар вақт бо Вазорати
маориф мувофиқа намекунанд.
Минбаъд масъалаи ба вазифа таъин ва озод кардани сардорони идораҳои
маорифи вилоятҳо, шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо,
роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамчун
номенклатураи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста
шуда, бо мувофиқаи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
анҷом дода шавад.
Дар баробари ин, Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор карда мешавад,
ки барои аз аттестатсия гузаронидани роҳбарони муассисаҳои
таълимӣ комиссияи босалоҳият таъсис дода, то 1 августи соли
2007-ум бо тартиби муқарраргардида тамоми кормандони дастгоҳи
Вазорати маориф, ташкилоту муассисаҳои дар сохтори вазорат қарордошта,
сардорони идора ва шӯъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру
ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти
миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ миёна ва олии касбӣ,
ба истиснои ректорон, аз аттестатсия гузаронида шаванд.
Мутаассифона, аксари раисони шаҳру ноҳияҳо аз вазъи
воқеии мактабҳо ва таълиму тарбияи онҳо пурра огоҳ
нестанд. Дар мавриди бевосита бо ин масъала шиносоӣ пайдо кардани
онҳо бештари масъалаҳои мавҷуда метавонанд ҳалли
худро ёбанд.
Бинобар ин, ба Ҳукумат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи
Президент, муовини Сарвазир ва Вазири маориф супориш дода мешавад, ки
нақшаи вохӯриҳои роҳбарони вазорату идораҳо
ва мақомоту сохторҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
бо донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва таҳсилоти
умумиро тартиб дода, амалӣ гардидани онро таҳти назорати қатъӣ
гиранд.
Таҷриба собит менамояд, ки ба мактаб ҷалб намудани таваҷҷӯҳи
падару модарон вазъи таълиму тарбияро беҳтар менамояд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро лозим аст, ки
ба масъалаи ҳамкории ҷомеа бо мактаб, ҳуқуқу
вазифаҳои волидон ва ассотсиатсияҳои падару модарон эътибори
махсус зоҳир намоянд.
Имрӯз таъсири ин ҳамкориҳо дар пешрафти кори таълиму
тарбияи мактабҳои алоҳида ба мушоҳида расад ҳам,
вале дар маҷмӯъ ин раванд чандон фаъол нест.
Дар бештари мавридҳо падару модарон тақдири фарзандони худро
танҳо ба муаллим ва мактаб ҳавола менамоянд, ки ин кори комилан
ғалат аст.
Вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар натанҳо ба дунё
овардани тифл аст, балки пеш аз ҳама, тарбияи ҳамаҷонибаи
фарзанди комилу соҳибмаърифат мебошад.
Дар бораи масъулияту вазифаи падару модар ва дигар шахсоне, ки тарбияи
кӯдак ба ӯҳдаи онҳост, мутафаккири бузурги мо,
яке аз маъруфтарин донишмандони ҷаҳони ислом Имом Ғазолӣ
хеле хуб таъкид кардааст, ки барои имрӯз низ пураҳамият мебошад:
"Агар кӯдак бар бадӣ тарбия ёбад ва мисли чорпо бидуни
парастор фурӯ гузошта шавад, он гоҳ ӯ бадбахт гашта,
ҳалок мешавад ва гуноҳ бар гардани тарбияткунандагон ва касонест,
ки тарбияи ӯ вазифаи онҳо бувад".
Мактаб дар сурате ба ташаккули ахлоқу рафтор ва донишандӯзии
кӯдакон бештар муваффақ мегардад, ки агар падару модар бо
мактаб робитаи доимӣ дошта, ба таълиму тарбияи фарзандони худ ҷиддӣ
машғул бошанд. Таълиму тарбияи хуби фарзанд аз оила шурӯъ
мегардад ва дар натиҷаи ҳамкории омӯзгорону волидон
сайқал меёбад.
Ин ҳамкориҳоро бояд кумитаҳои кор бо ҷавонон,
занон ва оила, ассотсиатсияи падару модарон, ҷамоатҳои деҳот,
раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, умуман аҳли ҷомеа
тақвият бахшанд ва дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ёвару
шарики боэътимоди омӯзгорон бошанд.
Ба кумитаи падару модарон ва ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ
имконият дода шавад, ки сарфи маблағҳои ба мактаб супоридаи
волидону соҳибкорон ва хароҷоти маблағҳои буҷетро
назорат карда тавонанд. Хуб мебуд, ки аз ҳисоби намояндагони ташкилотҳои
ғайриҳукуматӣ, шахсони дилсӯзу ватанпараст Шӯрои
ҷамъиятии назоратӣ ташкил карда шавад.
Масъалаи дигари ташвишовар ин сари вақт напардохтани музди меҳнати
омӯзгорон аст. Дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон омӯзгорон
се моҳ боз маош нагирифтаанд.
Дар ноҳияҳои Ашт, Спитамен, Шаҳристон ва Мастчоҳи
вилояти Суғд низ ба маблағи 730 ҳазор сомонӣ қарзи
маоши омӯзгорон пардохта нашудааст. Ҳол он ки дар асоси Фармоиши
Ҳукумати Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005 аз буҷети
ҷумҳурӣ 6 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.
(Сабаб - иҷро нагардидани буҷети маҳаллӣ).
Ба ҷои кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон низ ба вусъати
раванди ислоҳот таъсири бевосита дорад. Дар давоми панҷ соли
охир ба ҷои кор ҳозир шудани мутахассисон аз 50 фоиз боло
нарафтааст. Яъне дар ин самт низ маблағҳои давлат мақсаднок
сарф нашуда истодаанд.
Дар даҳ соли охир донишгоҳҳои омӯзгориро 52 ҳазор
нафар хатм карда, танҳо 24 ҳазор нафар ба ҷои кор ҳозир
шудаанд, ки ҳамагӣ 45 фоизро ташкил медиҳад.
Сабаби асосии ин раванд пеш аз ҳама кор накардани механизми қонунии
масъала аст. Дигар ин, ки қисме аз мутахассисони ҷавон боварӣ
надоранд, ки бо ҳамин сатҳи дониши худ дар мактабҳо
аз ӯҳдаи кор мебароянд.
Дар баъзе маҳалҳо, ҳарчанд ки имкониятҳо мавҷуданд,
вале мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ омӯзгорону
ҷавононро дастгирӣ намекунанд.
Дар ин бобат ба Ҳукумати Тоҷикистон, вазоратҳои молия
ва маориф супориш дода мешавад, ки бо мақсади ҳавасманд намудани
омӯзгорони ҷавоне, ки дорои таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ
ҳастанд ва дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ кор мекунанд,
барои се соли аввали фаолияташон имтиёзҳои алоҳида муайян
намуда, ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд.
Тибқи квотаи президентӣ ба мактабҳои олии мамлакат ҷалб
намудани духтарони ноҳияҳои дурдаст ҳанӯз соли
1997-ум оғоз гардида буд ва то ҳол 4450 нафар духтарон аз
минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ба мактабҳои
олӣ қабул карда шуданд.
Ҳоло 383 нафари онҳо соҳиби таҳсилоти олӣ
гардида, дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти кишварамон
фаъолият карда истодаанд. Лекин дар муносибати роҳбарони шаҳру
ноҳияҳо ва ректорони мактабҳои олӣ ба ин масъала
ҳанӯз ҳам камбудиҳо зиёданд.
Ҳодисаҳои муносибати рӯякии раисони ноҳияҳо
ба қабули духтарон ба мактабҳои олӣ аз рӯи квотаи
президентӣ ба мушоҳида мерасанд.
Ҳангоми интихоб ва тавсияи ҷавонон асосан муносибатҳои
хешутаборӣ ва додугирифт ба амал омада, духтарон на аз минтақаҳои
дурдасти кӯҳистон, балки аз марказҳо интихоб мешаванд.
Бо супориши Президенти мамлакат дар солҳои 2006-2010 квотаи қабули
духтарону писарони лаёқатманд ба мактабҳои олӣ нисбат
ба солҳои 2001-2005 ду маротиба зиёд карда шуд.
Бинобар ин зарур аст, ки механизми шаффофи интихоби духтарону писарони
лаёқатманд аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон
аз тарафи Вазорати маориф ва мақомоти дахлдор таҳия ва мавриди
татбиқ қарор дода шавад.
Мақсади ба таҳсил фиристодани духтарони минтақаҳои
дурдасти кӯҳистон пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи
маърифату фарҳанги онҳо мебошад. Вале омӯзгорону роҳбарони
мактабҳои олӣ ин масъалаи ҳаётан муҳимро то андозаи
зарурӣ дарк накардаанд.
Дар натиҷаи ин гуна муносибат дар давоми 8 сол 276 нафар духтароне,
ки мутобиқи квота дар мактабҳои олӣ таҳсил мекарданд,
аз таълимгоҳҳо хориҷ карда шудаанд.
Бори дигар таъкид менамоям, ки квотаи президентии қабули духтарон
ба мактабҳои олӣ пеш аз ҳама барои дастгирии ҷавондухтарони
деҳот, баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги онҳо
мебошад. (Ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Данғара - занҳои
фарзанддор).
Ба ҳукуматҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
супориш дода мешавад, ки ба духтарони тибқи квотаи президентӣ
дар мактабҳои олӣ таҳсилдошта пайваста кӯмакҳои
моддӣ расонида, онҳоро таҳти ғамхории ҳамешагии
худ қарор диҳанд.
Мо ба зиёиёни кишвар ва бахусус омӯзгорони воқеӣ, ки
як қисми муҳими зиёиёнро ташкил медиҳанд ва барои таълиму
тарбияи фарзандони миллатамон фидокорона кӯшишу ғайрат доранд,
аҳсант мегӯем ва бо номи чунин омӯзгорон ифтихор мекунем.
Вале бо вуҷуди ин дар соҳаи маориф шахсоне низ кору фаъолият
доранд, ки бо рафтори ношоистаи худ номи муқаддас ва бузурги муаллим,
устодро доғдор месозанд.
Арзу шикоятҳое, ки ба сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ворид гардидаанд, дар бораи тамаъҷӯӣ ва амалҳои
норавои баъзе омӯзгорони донишкадаҳои олӣ маълумоти
таассуфангез медиҳанд.
Хонандагон ва донишҷӯён аз он шикоят доранд, ки баъзе муаллимони
мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва устодони мактабҳои
олӣ ба тамаъҷӯӣ машғул ҳастанд. Кормандони
масъули вазоратҳо, ректорону деканҳо, кормандони мақомоти
ҳифзи ҳуқуқ, падару модарон ва коллективҳои
педагогию шӯроҳои илмӣ ба ин амалҳо бетарафӣ
зоҳир мекунанд.
Донишҷӯён шикоят доранд, ки иддае аз омӯзгорону устодони
мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ китобҳои худашонро,
сарфи назар аз он, ки китоб зарур аст ё не, ба донишҷӯ маҷбурӣ
мефурӯшанд ва ё супоришҳои ғайриқонунӣ медиҳанд.
Ин корҳои номуносиб донишҷӯёнро нисбат ба омӯзгор
дилсард месозад ва эҳтиромашро аз байн мебарад.
Дар баробари ин, дар ҷараёни пурсишҳои комиссияи босалоҳияти
ҳукуматӣ аз 40 то 50 фоизи донишҷӯёни мактабҳои
олии шаҳри Душанбе изҳор намудаанд, ки тарзу усули дарсдиҳии
омӯзгорон талаботи онҳоро қисман ё пурра қонеъ
намегардонад. Беш аз 60 фоизи донишҷӯён қисман ё тамоман
аз дониш, малака ва маҳорати ҳосилкардаашон қонеъ нестанд.
Нодида гирифтани нуқтаи назари донишҷӯён мумкин нест.
Воқеият имрӯз чунин аст, ки ба андозае, ки омӯзгорон
аз донишҷӯёни хеш қаноатманд набошанд, донишҷӯён
низ ҳамин қадар аз онҳо розӣ нестанд.
Дар ин маврид таъкид бояд кард, ки қонун ба шаҳрвандони мамлакат,
аз ҷумла ба падару модарон ва донишҷӯён ҳуқуқҳои
зиёд додааст, аз ҷумла барои сифати пасти таълим ва мувофиқ
набудани сатҳи таҳсили фарзандон ба стандартҳои давлатии
таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ онҳо метавонанд
маблағҳои барои таҳсил супурдаи худро талаб намоянд.
Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ роҳу усулҳои
самарабахши ҳифзи иҷтимоии муаллимонро, ки яке аз воситаҳои
беҳтар шудани таъминоти моддии онҳо мебошад, ҷустуҷӯ
намекунанд, истифодаи мақсадноки маблағҳои аз ҳисоби
гурӯҳҳои шартномавӣ воридшавандаро ба манфиати
муассиса таъмин наменамоянд. Фаъолияти Вазорати маориф дар масъалаи ҷустуҷӯи
роҳу усулҳои самараноки баланд бардоштани иқтисодиёти
соҳа то ба ҳол кофӣ нест.
Суст шудани раванди таълим, паст рафтани сифати он ва заиф гардидани корҳои
таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти олӣ ин дуруст
ба роҳ намондани фаъолияти ректорони донишгоҳу донишкадаҳо
мебошад.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф вазифадор карда мешавад, ки ҷараёни
таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати онро дар ҳамаи мактабҳои
олӣ, сарфи назар аз тобеияташон таҳти назорат гирифта, доир
ба таҳияи дурусти нақшаҳои таълимӣ ва стандартҳои
давлатӣ тадбирҳои муассир андешад.
Яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маориф тарзи гузаронидани
имтиҳонҳои қабул ба мактабҳои олӣ мебошад.
Дар бораи ин масъала, инчунин камбудиҳо ва роҳҳои ғайриқонунии
дахолат ба ҷараёни имтиҳоноти дохилшавӣ ба Дастгоҳи
иҷроияи Президент ва мақомоти дигар шикоятҳои зиёд ворид
мешаванд.
Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва роҳбарони мактабҳои олӣ
супориш медиҳам, ки масъалаи такмили роҳҳои имтиҳони
қабулро омӯхта, барои гирифтани пеши роҳи амалҳои
коррупсионӣ ва таъмин намудани шаффофияти қабули одилонаи
дохилшавандагон пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
Такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони педагогӣ низ масъалаи
муҳими соҳа аст. Дар сурате ки 50-60 фоизи ҳайати омӯзгорон
нав шудааст, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон зарурати
воқеӣ пайдо мекунад.
Ба вуҷуд овардани низоми муайяни такмили ихтисоси устодони мактабҳои
олӣ низ зарур аст.
Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати Тоҷикистон, вазоратҳои
маориф ва молия супориш дода мешавад, ки дар доираи ислоҳоти сохтори
нави Вазорати маориф Маркази таълимию методии ҷумҳуриро ташкил
намоянд.
Фаъолияти институтҳои такмили ихтисос дар ҳоле ки имрӯз
мавҷуд аст, ба омӯзгорон ёрии амалӣ расонида наметавонад.
Барномаҳои таълимии онҳо корношоям ва аз амалияи педагогӣ
қафо мондаанд. Вазорати маориф оид ба ислоҳ намудани чунин
вазъият бояд чораҷӯӣ намояд.
Инчунин, як қисми биноҳои таълимии Донишгоҳи давлатии
омӯзгории ба номи Қ.Ҷӯраев дар ҳолати хароб
қарор доранд.
Дар донишгоҳи зикршуда барои ба омӯзгорони оянда таълим додани
техника ва технологияи компютерӣ ҳатто шароит муҳайё
карда нашудааст, яъне синфҳои компютерӣ вуҷуд надоранд.
Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маориф,
вазоратҳои молия, иқтисод ва савдо, Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода мешавад,
ки доир ба таъмири капиталии Донишгоҳи давлатии омӯзгории
ба номи Қ.Ҷӯраев комиссияи босалоҳияти ҳукуматиро
таъсис дода, дар муддати ду моҳ доир ба марҳила ба марҳила
ва дар муддати 2 сол аз таъмир баровардани донишгоҳи зикршуда лоиҳаи
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия
намуда, пешниҳод созанд. Ҳамчунин дар соли 2006 барои ташкил
кардани 6 синфхонаи компютерӣ аз ҳисоби фонди захиравии Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ҷудо карда шуда,
ин синфхонаҳо бо компютер таъмин карда шаванд.
Дигар донишгоҳу донишкадаҳо вазифадор карда шаванд, ки аз
ҳисоби маблағҳои шартномавии худ теъдоди синфхонаҳои
компютериро зиёд намуда, дар татбиқи Барномаи давлатии компютерикунонӣ
саҳм гузоранд.
Ба мақом ва меъёрҳои қабулшуда мувофиқ набудани
муассиса, надоштани шароити кофӣ барои таҳсил, аз меъёр зиёд
қабул намудани донишҷӯён хоси аксарияти донишкадаву
донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мебошад.
Масалан, агар соли 2004-ум ба мактабҳои олӣ 24 ҳазор
донишҷӯ қабул шуда бошад, пас дар соли 2005-ум мактабҳои
олӣ бе дарназардошти иқтидори иншоотҳо, кадрҳо
ва дигар заминаҳои моддиву техникӣ зиёда аз 32 ҳазор
донишҷӯ қабул кардаанд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки тамоми натиҷаҳои
бадастовардаи фаъолияти дохилӣ ва маблағгузориҳои буҷетии
мактабҳои олӣ барои ташаккули базаи моддиву техникии донишкадаю
донишгоҳҳо ва баланд бардоштани сифати таълим истифода шаванд.
Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд имкониятҳои
моддиву молиявии худро аз ҳисоби зиёд кардани хизматрасониҳои
иловагии таҳсилот ва соҳибкории оинномавӣ бештар гардонанд.
Инчунин мактабҳои олӣ на фақат марказҳои назариявии
таълим, балки марказҳои татбиқи дастовардҳои илмӣ
ва идоракунии ҷомеа бояд бошанд.
Бо мақсади бартараф кардани чунин норасоиву камбудиҳо низоми
таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон бояд тадриҷан ба системаи
таҳсилоти олии байналмилалӣ мувофиқ гардонда шавад.
Аз ин лиҳоз, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки мувофиқи
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети
давлатии соли 2006" маблағҳои махсуси аз мактабҳои
олӣ ва миёнаи махсус ба буҷет воридшавандаро дар панҷ
соли оянда барои мустаҳкам намудани базаи моддию техникии ин муассисаҳо
ҳамчун маблағгузории иловагӣ равона намояд. (Фақат
дар соли 2006 ҳаҷми ин маблағҳо қариб 3
миллион сомониро ташкил медиҳад).
Дар системаи таҳсилот алоқамандӣ ва муттасилии зинаҳои
таҳсилот, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо
таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ
коҳиш ёфтааст.
Дар шароити имрӯза тайёр кардани коргарони соҳибкасб хеле
зарур аст, вале сатҳи тайёр кардани онҳо на дар ҳамаи
омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ ҷавобгӯи
талабот аст.
Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ба омӯзишгоҳҳои касбию техникии шаҳру ноҳияҳои
нисбатан дурдаст эътибори зарурӣ надода истодааст.
Омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ бояд дар тайёр кардани
кадрҳое, ки минбаъд барои кор ба кишварҳои дигар мераванд,
ҳамчун манбаи омӯзонидани касбу ҳунар хизмат намоянд
ва барои ҳалли ин масъала Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолӣ чораҳои мушаххас андешад.
Дар баъзе омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ касбҳои
барои он ноҳияҳо нолозим омӯзонида мешавад. Масалан,
омӯзишгоҳҳои касбию техникии ноҳияҳои Ҷиргатол,
Тоҷикобод, Тавилдара, Роғуну Файзобод асосан ба тайёр кардани
механизаторону ронандагон машғуланд. Ҳол он ки асоси иқтисодиёти
ин ноҳияҳоро чорводорӣ, картошкапарварӣ, боғдорӣ
ва асалпарварӣ ташкил медиҳад. Фаъолияти ин таълимгоҳҳоро
бо талаботи иқтисодиёт мутобиқ кардан зарур аст.
Инкишофи мактабҳои хусусӣ падидаи замони нав аст. Мавҷудияти
муассисаҳои таълимии хусусӣ имконияти шаҳрвандонро дар
интихоби муассисаи таълимӣ васеъ мегардонад ва ниҳоят ба манфиати
пешрафти соҳа мебошад.
Ба вазоратҳои адлия, маориф, иқтисод ва савдо, Агентии давлатии
сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкорӣ супориш
дода мешавад, ки ҷиҳати таъсис ва рушди муассисаҳои
хусусӣ санадҳои меъёриву ҳуқуқиро омода
сохта, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро лозим аст, ки
ба рушди мактабҳои хусусӣ мусоидат намуда, онҳоро аз
лиҳози ҳуқуқӣ ва кадрӣ дастгирӣ
намоянд.
Акнун мехоҳам боз ба як масъалаи хеле ташвишовар таваққуф
намоям. Ин масъалаи ҷиноят дар байни наврасону ҷавонон мебошад.
Тавре ки таҳлил нишон медиҳад, солҳои охир ҳодисаҳои
дуздӣ, нашъамандӣ ва авбошӣ бештар аз ҳисоби ҷавонон
содир карда мешаванд.
Сабаби асосии ин раванд беназоратӣ, ба таври муназзам ва мувофиқи
ҷадвали дарсҳо фаъолият накардани мактабҳо, аз мактаб
берун мондани наврасон, аз тарафи нозирон оид ба корҳои ноболиғон
ва ҷамоатҳо дуруст ба роҳ монда нашудани корҳои
тарбиявӣ ва таблиғотӣ мебошад.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ дар тӯли
се соли охир аз ҷониби наврасону ҷавонон ва бо иштироки онҳо
1700 ҷиноят содир шудааст, ки аз рӯи онҳо 1150 парвандаи
ҷиноятӣ бо хулосаи айбдоркунӣ ба судҳо фиристода
шудааст.
Дар давоми солҳои 2004-2005-ум дар мамлакат 41 нафар омӯзгор,
89 нафар донишҷӯ ва 156 нафар хонандаи мактаби миёна бо ҳукми
судҳои шаҳру ноҳияҳо маҳкум гардидаанд.
Аз маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовар дида мешавад, ки дар се
соли охир барои нашъамандӣ 13 нафар наврасон ва ҷавонони аз
15 то 17-сола ва қариб 12 ҳазор нафар ҷавонони аз 18
то 30- сола ба қайд гирифта шудаанд, ки ба шаҳри Душанбе 7500
нафар, вилояти Суғд 1211 нафар, вилояти Хатлон 1169, Вилояти Мухтори
Кӯҳистони Бадахшон 936 нафар ва шаҳру ноҳияҳои
тобеи ҷумҳурӣ 1045 нафар рост меояд.
Таъкид месозам, ки агар раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо,
кумитаҳои кор бо ҷавонон, занон ва оилаи назди Ҳукумат,
мақомоти дигари масъул, комиссияҳои оид ба кор бо ноболиғон,
занон ва оила, оид ба корҳои маъмурӣ ва комиссияҳои
дигаре, ки дар назди Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру
ноҳияҳо вуҷуд доранд, вазифаашонро бо масъулияти том
иҷро намоянд, вазъияти маориф хеле беҳтар шуда, бешубҳа
шумораи ҷинояткориҳо дар байни наврасону ноболиғон кам
хоҳад гашт.
Дӯстони азиз!
Рушди маориф омили асосии баланд шудани сатҳи маърифату маънавиёти
мардум ва пешравии ҷомеа мебошад.
Тавре ки аз таҳлили мухтасари вазъи соҳаи маориф дида мешавад,
корҳои то имрӯз анҷомёфта ҳанӯз ба талаботи
замона, тақозои ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли
Тоҷикистон ҷавобгӯй нестанд.
Бо мақсади ҳарчи зудтар бартараф намудани норасоиҳои
зикршуда ва татбиқи самарабахши барномаҳои ислоҳоти
соҳа пеш аз ҳама зарур аст, ки сохтори идоракунии маориф ба
талабу меъёрҳои муосир мутобиқ карда шавад. Аз ин рӯ,
Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор карда мешавад, ки сохтори нави
Вазорати маорифро то 1 апрели соли 2006 таҳия ва пешниҳод
намояд.
Ҳамчунин ба Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода
мешавад, ки оид ба ҳамаи фикру дархостҳои мардум, ки вобаста
ба машварати имрӯза ба воситаи мактубу телеграммаҳо, воситаи
ахбори умум, сайти Президенти Тоҷикистон дар Интернет ворид гаштаанд,
нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, ба Ҳукумат манзур
намояд.
Дар баробари ин, корро тавре бояд ташкил кард, ки муносибати аҳли
маориф, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, падару
модарон, ҳамаи мақомоту сохторҳои давлативу ғайриҳукуматӣ,
ҳизбҳои сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ,
соҳибкорону тоҷирон, хулоса тамоми аҳли ҷомеа
муносибати худро ба низоми таълиму тарбия ба таври ҷиддӣ ва
куллӣ тағйир диҳанд.
Зеро тавре ки дар суханронии худ ҳангоми мулоқот бо ҷавонони
мамлакат таъкид карда будам, маориф омили асосии таҳкими давлат
ва наҷоти миллат аст.
Агар мо хоҳем, ки Ватанамон обод, давлатамон устувору қавӣ
ва сифату сатҳи зиндагонии мардумамон пешрафта бошанд, тамоми имконияту
захира ва саъю кӯшишамонро бояд ба тарбияи насли наврас, таълими
ҷавонон ва рушди маориф, тайёр кардани кадрҳои миллӣ
ва мутахассисони ба шароити иқтисоди бозорӣ ҷавобгӯ
равона кунем.
Дар ин раванд мо бояд кӯшиш намоем, ки наврасону ҷавонони
мо пеш аз ҳама забони шевои тоҷикиро, ки нишони ҳастии
миллат аст, азхуд кунанд, истифодаи онро дар тамоми давраҳои фаъолияти
худ озодона таъмин карда тавонанд ва ба густариши забони давлативу дар
тафаккури миллӣ ҳокимият ёфтани он мусоидат расонанд.
Барои аз забони модарӣ, таъриху фарҳангу тамаддуни қадимаи
миллат, забонҳои англисӣ, русӣ ва дигар забонҳои
муоширати байналмилалӣ ва инчунин аз пешрафти илмию техникӣ
пурра бархурдор намудани ҷавонони Тоҷикистон мо бояд ягон
кӯшишро дареғ надорем.
Ҳар фарде, ки имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат барояш азиз аст,
бояд дар роҳи соҳибмаърифату соҳибкасб ва дар рӯҳияи
худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ба камол расидани насли
наврас ва ҷавонон саҳми муносиб гузорад.
Боварии комил дорам, ки бо захираи бузурги зеҳнии ҷомеаи мо,
ки қисми асосии онро муаллимону устодон ва зиёиёни соҳаи маориф
ташкил медиҳанд, мо аз ӯҳдаи иҷрои рисолати таърихии
худ мебароем ва барои ояндаи Ватану миллатамон насли сазовору арзанда,
дорои дониши замонавӣ, ҷаҳонбинии васеъ, ватандӯсту
худогоҳ ва ворисону созандагони фардои дурахшони Тоҷикистони
соҳибистиқлолро тарбия карда, ба воя мерасонем.
Мо, ки имрӯз бо ному корҳои гузаштагонамон ифтихор мекунем
ва аз дастовардҳои онҳо истифода менамоем, бояд рисолати таърихии
худро дар назди Ватан, миллат ва мардумамон тавре адо кунем, ки ояндагон
аз маҳсули фаъолият ва талошу кӯшишҳои мо изҳори
қаноатмандӣ ва сарбаландӣ намоянд.
Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он
мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони
худ медиҳад ва хешро хушбахт мешуморад. Имрӯз масъулияти омӯзгор
боз ҳам афзудааст.
Тарбия ва ташаккули хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар насли
наврас, насле, ки пояи илму фарҳанги миллатро ба силсилаи пешқадами
тамаддуни ҷаҳонӣ пайваст менамояд, ба устодону омӯзгорон
вобаста аст.
Боварӣ дорам, ки олимону омӯзгорон, роҳбарони мақомоти
давлатӣ, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ, падару
модарон ва тамоми алоқамандони соҳаи маориф аз ӯҳдаи
ин рисолати таърихӣ мебароянд ва ворисону созандагони фардои дурахшони
Тоҷикистони соҳибистиқлолро тарбия карда, ба воя мерасонанд.
Давлат дар иҷрои ин вазифаҳо шарики боэътимоди шумост.
Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст.
Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули
ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Гузаштагони
бузурги мо фармудаанд, ки равшанкунандаи хиради башар ва афрӯзандаи
машъали илму донишу тавоноӣ - омӯзгор, муаллим ва устод аст.
Омӯзгорон ва устодони гиромӣ!
Ҳозирини мӯҳтарам!
Мо дар арафаи Соли Нави 2006-ум қарор дорем. Ҳар соли дар
давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тайкардаи мо соли
рафъи мушкилиҳо, созандагиҳо, эҷодкориҳо ва қаҳрамониҳо
мебошад. Соли оянда ҷашнҳои бузург баргузор мешаванд, ки баёнгари
боз ҳам боло рафтани обрӯю эътибори байналмилалии Тоҷикистони
азизи мо мегардад. Шубҳае нест, ки дар таҷлили ин ҷашнҳо
саҳми аҳли маориф, омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯён
назаррас хоҳад буд.
Ба муносибати Соли нав ҳамаи шумо ва аҳли маорифи кишварро
самимона табрик мегӯям. Ба ҳамаатон сиҳатмандиву барори
кор, ба хотири рушди маорифи кишвар ва ободию осудагии Ватани азизамон
меҳнати пурмаҳсулу самарабахш орзу дорам.
|
|