Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми Раисӣ дар иҷлосияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид,
Ню-Йорк, 1999
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев
Душанбе, 2008
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао
Душанбе, 2008
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод Техрон, 2007
ПРЕЗИДЕНТ: Салоҳият | Баромадҳо | Вохӯриҳо | Паёмҳо | Барқияҳо | Аксҳо | Китобҳо
ХАБАРҲО

03 сентябри соли 2010
Бегоҳии рўз бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба солгарди 19 – уми ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид, ки зимни он наздики 200 нафар кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳо, унвонҳои олӣ ва ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Зимни маросими мукофотсупорӣ нахуст як нафар бо ордени Дўстӣ, 6 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 15 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 1 нафар бо медали Ҷасорат, 56 нафар бо медали Хизмати шоиста ва 8 нафар бо медали Шафқат сарфароз гардонда шуданд.
Ҳадиса Қурбонова бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, Майрамой Турсунова бо унвони фахрии ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Султон Наврўзов бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва 5 нафар ҳунармандони маъруфи мамлакат бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Ба 31 нафар ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Зимни ин маросим ҳамчунин ҷоизаҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизаҳои давлатии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ба  шарафмандшудагони онҳо супурда шуд.

 

 



 
&