Таджикский | Русский
Эмомалӣ Раҳмон

ПРЕЗИДЕНТ: Салоҳият | Баромадҳо | Вохӯриҳо | Паёмҳо | Барқияҳо | Аксҳо | Китобҳо
ХАБАРҲО

17-уми июни соли 2006
Эмомалӣ РАҲМОНОВ,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ориёиҳо ва шинохти
тамаддуни ориёӣ


Истиқлолият дар таърихи давлатдо-рии тоҷикон ва сарнавишти милла-ти тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард. Марҳилаи навин зарурати омӯзиш ва таҳқиқи амиқу ҳамаҷонибаи арзишҳои таърихиву фарҳангии чандинҳазорсолаи миллатро бар пояи воқеияти таърих дар миён ниҳод. Маҳз ба манзури арҷ гузоштан ба мероси таърихиву фарҳангӣ ва сарватҳои моддиву маънавии дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи ниёгони миллати тоҷик ва нишон додани арзиши ин фарҳанги асил ва беназир барои наслҳои имрӯзу фардо ва ҷаҳониён мо соли 2006-ро Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон кардем ва аҳдофи онро ба таври возеҳ баён доштем. Ба ин маънӣ дар паёми табрикии худ ба муносибати Соли нави 2006 таъкид карда будам: "Ҳадафи асосии бузургдошти Соли тамаддуни ориёӣ ҳамчун мероси сирф фарҳангӣ асосан пос доштани арзишҳои маънавӣ, илмӣ ва таърихии мардуми тамаддунсозу фарҳангофарини тоҷик мебошад, то ин ки наслҳои имрӯз ва ояндаи миллати мо аз он ба таври васеъ баҳрабардорӣ карда, барои рушду такомули ҳастии худ кӯшиш намоянд. Зеро дар тӯли таърих миллати тоҷик ҳамеша ҳаракатҳои нажодпарастӣ, миллатгароӣ ва бузургманиширо инкор ва маҳкум месозад".
Дар ин ҷо лозим медонам як нуктаи дигарро илова намоям: вобаста ба эълони бузургдошти тамаддуни ориёӣ сару садоҳое баланд гардиданд, ки гӯё омӯзиши тамаддуни ориёӣ ва арзишҳои он ба сатҳи диёнат ва эҳсоси динии мардуми мусулмони мо халал ворид мекарда бошад. Чунин гузориши масъала бе бунёд ва аз воқеият дур аст. Воқеият ин аст, ки мо тамаддуни ориёиро ҳамчун падидаи сирф фарҳангӣ баррасӣ карда, ба наслҳои имрӯзу оянда омӯхтани онро ба хотири шинохти беҳтар ва амиқтари баромади таърихии миллатамон талқин менамоем. Ва ин амал пояҳои дини мубини исломро, ки аксарияти мутлақи мардуми мо пайрави онанд, заррае халалдор нахоҳад кард. Зеро ислом дар давоми асрҳои дароз ба тарзи ҳаёт ва қисми таркибии зиндагии миллати мо табдил ёфтааст.
Воқеан, тамаддуни ориёӣ бо арзишҳои фарҳангиву ахлоқии хеш дар ташаккули тамаддуни башарӣ ва робитаи тамаддунҳо ва фарҳангҳо нақши бисёр муҳим бозидааст, ки осори таърихии бадастомада дар сарзаминҳои зисти мардумони ориёӣ ва дигар кишварҳо далели он мебошад. Арзишҳои мерос ва фарҳанги ориёӣ на танҳо ифтихори ворисони он, балки ифтихори тамоми башарият ва мероси таърихии башарӣ дониста мешаванд.
Ҷавҳар ва бунёди ин фарҳанг бар пояи андеша ва ахлоқи башардӯстӣ ва мақоми волои инсон устувор гардидааст. Се меъёр ё усули ахлоқ ва ё андешаи тарбияи инсон, ки бо шиори пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек аз номи паёмбари оини ориёӣ гуфта шудааст, дар бунёди худ дар ҳеҷ тамаддуни дигар ҳамто надорад. Китоби муқаддаси мардумони ориёӣ - Авесто, ки маҳсули андеша ва ҷаҳонбинии фалсафию динӣ ва ахлоқии ин мардумон аст, дар радифи осори арзишманди ҷаҳонӣ қарор дорад ва ин асар ифтихори тамоми мардумони ориёинажод ва башар мебошад. Фарҳанги воло ва хиради тавонои мардумони ориёӣ ва ворисони он буд, ки чунин асар аз ҳазорсолаҳои қабл аз милод то замони китобати он дар аҳди Сосониён аз роҳи ҳифз кардан дар зеҳну ҳуши донишмандон ва фарҳангиён аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Ориёиҳо дар таърих давлату давлатдориҳои мутамаддини бузургеро чун Каёниён, Ҳахоманишиён, Кушониён, Ашкониён, Сосониён, Ҳайтолиён, давлатҳои Суғд, Бохтар, Хоразм ва ниҳоятан давлати бузурги миллии Сомониёнро таъсис дода ва дар ин давлатҳо тамаддунҳои дурахшонеро офарида, ба ҷаҳониён ва тамаддуни ҷаҳонӣ арза доштаанд. Ҳамаи ин давлатдориҳо маҳсули хирад ва фарҳанги куҳани мардумони ориёӣ, қабл аз ҳама ориёиҳои шарқи сарзамини Ориё - гузаштагони бевоситаи тоҷикон буда, ифтихори бузурги таърихи мо мебошанд.
Дар ин мақола мехоҳам дар робита ба тамаддуни ориёӣ чанд нуктаро дар мавриди воқеияти корбурди истилоҳи таърихии ориё дар осори куҳан, таҳриф ва сӯиистифодаи номи "арйа" аз ҷониби нажодгароён дар асри XX, чигунагии раванди ташаккули забонҳои ориёии эронӣ дар тӯли таърих ва масоили дигари муҳими шинохти мардумони ориёӣ ва тамаддуни ориёӣ, ки дар илми ҷаҳонӣ мавзӯи баҳсҳои доманадори олимони кишварҳои гуногун мебошанд, баён намоям.
Ошноии донишмандони аврупоӣ ба забони санскрит (ҳиндии бостон) дар нимаи дуввуми асри XVIII ва дарёфти муштаракоту ҳамоҳангиҳои ин забон бо чанде аз забонҳои аврупоӣ дар марказҳои илмии Аврупо, ба хусус Олмон масъалаи зарурати омӯзиши муқоисавии таърихии забонҳоро пеш овард. Ҳамин буд, ки дар нахустин марҳалаи пайдоиши забоншиносии муқоисавии таърихӣ дар асри XIX асосҳои грамматикаи санскрит ҳамчун намунаи куҳан аз забонҳои ҳиндуаврупоӣ бо чанде аз забонҳои дигари ин хонавода мавриди муқоиса қарор гирифт. Бар асоси чунин муқоиса то ҷое назарияи хешовандӣ ва пайванди таърихии бархе аз забонҳо мисли санскрит, юнонӣ, лотинӣ, эронӣ (форсӣ) ва германӣ ошкор ва собит карда шуд. Забоншиноси олмонӣ Ф. Бопп - яке аз донандагони забони санскрит дар асоси муқоисаи санскрит бо дигар забонҳо чанд таҳқиқот анҷом дода, онҳоро таҳти истилоҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ номгузорӣ кард. Баъдан забоншиноси дигари олмонӣ А. Шлейхер бар ивази ин истилоҳ дар забоншиносии Олмон истилоҳи ҳиндугерманиро ворид сохт, ки он фавран мавриди қабули забоншиносони миллатгаро ва қисман нажодгарои он давр қарор гирифт. Ф. Шлегел фарзияеро дар бораи қадимияти санскрит ва аз ин забон ибтидо ёфтани дигар забонҳои ҳиндуаврупоиро пешниҳод карда, бо таваҷҷӯҳ ба мақоми таърихии санскрит ва номи нажоди ориёии ҳиндӣ истилоҳи ориёиро ба кор бурд, ки он баъдан муодили истилоҳи ҳиндуориёӣ қарор дода шуд. Ин истилоҳ аз ҷониби бархе аз забоншиносони охири асри XIX ва оғози асри XX, аз ҷумла забоншиноси рус В.А. Богородитский дар таркиби номи ориёаврупоӣ (ариоевропейский) бар ивази истилоҳи ҳиндӣ, яъне ҳиндуаврупоӣ истифода гардид.
Дар забоншиносии Олмон аз он давра ба баъд истилоҳи ориёӣ (дар забони олмонӣ-ариш) ҳам ба маънои ҳиндугерманӣ, яъне ҳиндуаврупоӣ ва ҳам ба маънои ҳиндуориёӣ ба кор меравад. Дар ҳамин давраи шаклгирӣ ва таҳаввули андешаҳои мухталиф дар мавриди гузаштаҳои дури таърихи ташаккули қавмҳо, нажодҳо ва забонҳо чанд тан аз донишмандони олмонӣ - бостоншинос Коссин, мардумшинос Мук ва забоншинос Гирт фарзияеро пешниҳод карданд, ки мутобиқи он нахустин мардумони ҳиндуаврупоӣ (дар истилоҳи онҳо ҳиндугерманӣ) дар паҳнои шимоли Германия қарор доштаанд.
Ин назария дар таҳқиқоти як гурӯҳ аз нажодпарастон ба монанди Пенк, Шпрокгорф ва чанде аз ҳамандешони онҳо таблиғ ва мардумони олмонӣ ҳамчун асилтарин ҳомилони ба истилоҳ "нахустнажоди ҳиндуаврупоӣ" муаррифӣ гардидаанд. Бар пояи ҳамин андеша ва гумон нажодпарастон дар зеҳни мардум тафаккури ба истилоҳ нажоди покро ворид сохта, мардумони ориёиро ҳамчун идомабахши мустақими қабоили ҳиндуаврупоӣ ба қалам додаанд. Бояд тазаккур дод, ки ин андеша дар пояи илми забоншиносии муқоисавии таърихӣ ва дастовардҳои ин илм дар он замон аз ҷониби бештар забоншиносони Аврупо рад гардида буд. Бо вуҷуди ин, фарзияи мазкур дар бораи ватани нахустини ҳиндуаврупоиён будани сарзамини Олмон дар оғози асри XX дар миёни нажодпарастон хеле густариш пайдо карда, доираҳои васеъро фаро гирифт.
Дар мавриди ботил будани ин ҳама фарзия ва тахайюлот метавон андешаҳо ва навиштаҳои чанде аз донишмандонро зикр кард. Забоншиноси варзидаи рус академик В.М.Жирмунский матолиби зиёдеро ба забонҳои германӣ оварда, ки дар пояи ҳамин сиёсати нажодпарастӣ мардумони германӣ ҳамчун бумиёни асили нажоди ҳиндуаврупоӣ муаррифӣ гардида, мардумони дигари ҳиндуаврупоӣ, ки ватани нахустини худро тарк гуфта буданд, гӯё дар сарзаминҳои нави сукунати хеш бо дигар қабоили ғайриҳиндуаврупоӣ омезиш ёфтаанд ва ҳамин тариқ асли нажоди худро аз даст додаанд. Ин донишманд дар идома меафзояд, ки нуктаи авомфиребонаи ин назарияи ғайриилмӣ асоси ғояи таълимоти машҳури фашизм дар бораи нажоди "шимолӣ" ва ё "ориёӣ" мебошад, ки бештари намояндагони онро гӯё мардумони германии қадим ва олмониҳои имрӯзӣ ҳамчун ворисони мустақими онҳо ташкил медодаанд. В.М.Жирмунский пас аз баррасӣ ва тавзеҳоти илмӣ дар бораи таърихи қабилаҳои германӣ ва чигунагии ташаккули давраҳои таърихии забони олмонӣ дар робита ба ин бофтаҳои доираҳои нажодпарастӣ чунин нигоштааст: "Ҳамин тариқ, маълумоти таърихӣ дар бораи пайдоиши забон ва миллати германӣ назарияи фашистиро дар бораи покии нажодии мардумони германӣ ҳамчун сохтакории фаҳш дар таърих ошкор мекунад".
Таърихшинос ва ховаршиноси рус М.М. Дяконов дар таҳқиқоти хеш "Мухтасари таърихи Эрони бостон" дар бораи таҳрифи истилоҳи ориёӣ (ариш) аз сӯи нажодпарастон ба хотири манфиатҳои нажодиашон чунин овардааст: "Нажодпарастон бо истифодаи вожаи ориёиҳо дар баёни ба истилоҳ "нажоди олии" сохта ва бофтаи худ ин истилоҳро таҳриф кардаанд. Аммо донишмандони асил ҳанӯз то оғози Ҷанги ҷаҳонии дуввум аз ин шеваи корбурди истилоҳи мазкур худдорӣ ва дар муқобили чунин истифодаи он эътироз менамуданд". Вай дар идома бо истинод аз ду донишманди олмонӣ меафзояд: "Ҳамин тавр, соли 1939 Э. Ҳертсфелд ва А. Кис чунин навиштаанд: Маводе, ки мо дар ихтиёр дорем, робитаи ориёиҳоро бо "нажоди шимол"-и Аврупо таъйид намекунад. Мардумони ориёӣ бо лаҳҷаҳои ориёӣ тақрибан аз соли 900 пеш аз милод ба гуфтугӯ кардан оғоз намуда буданд".
Дар бораи мансуб будани номи ориёӣ танҳо ба мардумони эронӣ ва ҳиндӣ ва ё дар маҷмӯъ мардумони ҳиндуэронӣ тақрибан ҳамаи муҳаққиқон назари ягона доранд: яке аз забоншиносони варзидаи франсавӣ дар риштаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва ҳиндуэронӣ А.Мейе дар пажӯҳиши маъруфи хеш (Усули муқаддимотӣ дар таҳқиқи муқоисавии забонҳои ҳиндуаврупоӣ) барҳақ нигоштааст: "Номи этникие, ки бо ин ном мутобиқат мекарда бошад, дар ҳеҷ кадом аз лаҳҷаҳои дигари ҳиндуаврупоӣ вуҷуд надорад; аз ин рӯ танҳо лаҳҷаҳои ҳиндуэронӣ метавонанд ориёӣ номида шаванд ва дар Олмон истилоҳи "ариш"-ро дар ҳамон маъное, ки мо ҳиндуэрониро ба кор мебарем, мавриди истифода қарор дода буданд".
Муҳаққиқони таърихи бостон Г.Ф.Илин ва И.М.Дяконов дар китоби дастҷамъии "Таърихи ҷаҳони бостон" дар робита ба мансубияти истилоҳи "арйа" чунин навиштаанд: "Дар миёни ҳиндуэрониҳо (ва фақат дар миёни онҳо) истилоҳи "арйа" ба маънои "наҷиб, асил" хеле маъмул буд. Гумон меравад, ки узви қабилаҳое, ки дар иттиҳоди қабилавии он даврон дар мақоми сарварӣ қарор доштаанд, худро бо ин ном мехондаанд. Аз ин рӯ қавмҳои дорои забони ҳиндуэронӣ дар истилоҳи илмӣ дар бештар маврид ориёӣ номида мешаванд".
Дар илми забоншиносии ҷаҳон имрӯз истилоҳи ориёӣ ҳамчун номи этникӣ ва номи забони мардумони ҳиндуэронӣ бар пояи мақом ва маънои воқеии таърихии он мавриди қабул ва истифодаи умум қарор гирифтааст. Истилоҳи ориёӣ дар маънои илмӣ дар нисбати номи забони муштараки ориёиҳои эронӣ ва ориёиҳои ҳиндӣ аслан муодили истилоҳи ҳиндуэронӣ мебошад. Баъдан барои тафовут гузоштан миёни шохаи эронӣ ва ҳиндӣ барои шохаи ҳиндӣ истилоҳи ҳиндуориёӣ истифода гардид, ки он ба ҳама забонҳо ва лаҳҷаҳои ҳиндии дорои як манбаи муштарак иртибот дорад.
Дар ҳар маврид истифодаи истилоҳи таърихии ориёӣ ҳамчун муродифи истилоҳи илмии ҳиндуэронӣ дар баёни таърихи дури нажоди эронӣ ва ҳиндӣ ва ё ориёиҳои эронӣ ва ҳиндӣ воқеияти таърихӣ буда, онро наметавон инкор кард.
Дар робита ба ин бояд тазаккур дод, ки аз ховаршиносони варзидаи рус академик В.В.Бартолд дар давроне, ки истилоҳи ориёӣ ба маънои ҳиндуаврупоӣ истифода мешуд, ин истилоҳро бисёр дуруст ва огоҳона ва бо дарки воқеияти таърих барои забонҳои гуногуни шарқии эронии сокинони қадими Осиёи Миёна - гузаштагони тоҷикон ба кор бурдааст. Ба гумони мо В.В. Бартолд истилоҳи ориёиро барои давроне, ки ин мардумон нажоди худро бо ин ном ёд карда ва худро танҳо бо ҳамин ном мешинохтаанд ва дигар мардумон низ онҳоро бо ҳамин ном мехондаанд, хеле муносиб истифода кардааст. Дар ҳоле ки барои забони мардумони ориёии ҳиндӣ истилоҳи ориёӣ ва ё ҳиндуориёӣ мавриди қабул ва истифода қарор дорад, пас чаро дар мавриди мардумони ориёии эронӣ, ки дар доштани ин номи муштараки нажодӣ бо бародарони ҳиндии худ ҳаққи баробар доранд, ин истилоҳро бо дарназардошти мақом ва корбурди таърихии он набояд истифода кард? Ҳол он ки номи "арйа" дар суннати ориёии эронӣ, бинобар манобеи хаттии давраҳои гуногуни таърихии ин мардумон ва осори хаттии дигар мардумон мақом ва корбурди бештар ва суннати тӯлонитар дорад. Бинобар мақоми таърихии номи нажодии арйа (ориё ва ориёӣ) ин истилоҳ, ҳамон тавре ки барои ориёиҳои ҳиндӣ ба кор меравад, ҳамин тавр барои ориёиҳои эронӣ низ ҳамчун номи таърихӣ ва суннатии ин мардумон бояд истифода ва пазируфта шавад.
Забонҳои ҳиндуэронӣ ва ё ориёӣ ба хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ шомил буда, як шохаи муҳим ва таърихии ин хонаводаро ташкил медиҳанд. Забонҳои ҳиндуэронӣ дорои осори бесобиқаи таърихӣ мебошанд, ки он нахуст дар суннати шифоҳӣ ва баъдан дар суннати бисёр куҳани навишторӣ таи ҳазорсолаҳо идома дошта ва имрӯз ин осор ҳамчун шоҳиди айнӣ аз гузаштаҳои дури таърихи мардумони ориёинажод ба мерос мондааст. Забонҳои ҳиндуэронӣ бо доштани манобеи муҳим ва арзишманд дар бозсозии нахустзабони муштараки ҳиндуаврупоӣ дар миёни дигар забонҳои ҳиндуаврупоӣ дорои мартаба ва мақоми хоса мебошанд, ки инро пажӯҳишҳо ва баррасиҳои илмии беш аз ду аср дар забоншиносии ҳиндуаврупоӣ ва забоншиносии муқоисавии таърихӣ ба хубӣ собит сохтаанд.
Яке аз муҳимтарин далелҳои раднопазир дар мавриди таърих ва пайванди нажодии мардумони ориёӣ ва ё ба истилоҳи дигар ҳиндуэронӣ муштаракот ва шабоҳату ҳамгуниҳои забонии мардумони ориёии эронӣ ва ориёии ҳиндӣ маҳсуб мешаванд. Муштаракоти забонӣ якҷо бо муштаракоти суннативу динӣ ва фарҳангии ин мардумон аз муқоисаи мероси беназири онҳо дар мисоли Авесто ва Ведо бармеояд. Ин ду ёдгории арзишманд бо доштани манбаи муштарак аз офаридаҳои мероси фарҳангии ҳар кадоме аз ин мардумони ҳамнажод маҳсуб мешаванд. Бар асоси пажӯҳишҳои тӯлонӣ ва фарогир дар бахши Авесто ва Ведо аз роҳи муқоисаи мушаххасоти забонии ин осор ҳама он хусусиятҳои овоӣ, дастурӣ ва луғавии забонҳои эронии бостон ва ҳиндии бостон ва дар маҷмӯъ хусусиятҳои забонии муштараки ҳиндуэронӣ дар ҳазорсолаҳои пеш аз милод ба таври дақиқ таҳқиқ, ташхис ва ошкор гардидаанд. Натиҷаи пажӯҳишҳои тӯлонии донишмандони ҷаҳон аз роҳи таҳқиқоти муқоисавии таърихӣ чигунагии робитаҳои забонии мардумони ориёиро аз замони сукунати муштараки онҳо то ба баъд ба таври дақиқ муайян менамояд. Аз муқоисаи забонии Авесто ва Ведо як нуктаи бисёр муҳим дар муоширати озоди ин мардумон дар замони сукунати тӯлонии онҳо дар як сарзамин то ба замони муҳоҷират ба сарзаминҳои кунунии иқоматашон таъйид мегардад.
Ҳамчунон ки дар мисоли забони Авесто, бахусус куҳантарин бахши он Готҳо (сурудҳо) ва забони Ведо собит мешавад, тафовутҳои ҷойдошта дар ин осор дар пояи тафовутҳои лаҳҷавӣ миёни ду лаҳҷаи бо ҳам наздики як забони муштарак қарор доранд. Бар асоси он ҳама хусусиятҳои забонӣ муҳаққиқон ба ин натиҷа расидаанд, ки ориёиҳои эронӣ ва ҳиндӣ ҳангоми сукунат дар сарзаминҳои хеш байни ҳам ба таври озод муошират намуда, дар дарки гуфтори ҳамдигар мушкилоти ҷиддӣ надоштаанд.
Муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ ва диниву суннатии ориёиҳои эронӣ ва ҳиндӣ худ далели сукунати муштараки тӯлонии ин мардумон дар як сарзамини воҳид мебошад. Пас аз муҳоҷирати мардумони ориёии ҳиндӣ тақрибан дар оғози дуҳазорсолаи пеш аз милод ба Ҳинд замони ҷудоии қавмҳои ориёии эронӣ ва ҳиндӣ оғоз мегардад.
Бо дарназардошти он ки забони Авесто дорои махсусиятҳои лаҳҷавӣ мебошад ва лаҳҷаҳо дар дохили ин забон на ба якборагӣ, балки замоне чанд пас аз ҷудоӣ ё парокандагии як забони муштараки ориёии эронӣ, ё эронии бостон метавонист сурат гирад, ба андешаи бархе аз донишмандон, аз ҷумла В.И.Абаев замони аз ҳам ҷудошавии муштаракоти ориёиро ҳатто метавон ба ҳазорсолаи сеюми пеш аз милод мансуб донист. Тақрибан пас аз ҳазор соли муҳоҷирати ҳиндуориёиён муҳоҷирати як гурӯҳ аз қабоили ориёии эронии сокини Осиёи Миёна ба сарзамини Эрони кунунӣ сурат мегирад. Ин мардумони ориёӣ гузаштагони модҳо, порсҳо ва дигар қабоили ориёии (эронии) ғарбӣ буданд.
Бархе аз муҳаққиқон, аз ҷумла Г.Моргенстерне бар асоси далелҳои забонӣ дар бахши муштаракоти фаровони луғоту истилоҳот дар ин забонҳо ва чанде аз иқтибосоти замони Ҳахоманишиён дар забонҳои ҳиндуориёӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки дар асрҳои VI-V пеш аз милод низ кишоварзон ва кӯчиёни ориёии эронӣ ва ҳиндӣ, бидуни шубҳа дар муошират гуфтори ҳамдигарро хуб дарк мекардаанд. Гурӯҳи дигари қабоили ориёии эронӣ аз шарқ ба ҷанубу шарқи Аврупо, ба сӯи Кавказ ва соҳилҳои Баҳри сиёҳ муҳоҷират карданд. Ин мардумон скифҳо ва ё қабоили сакоӣ буданд, ки дар асрҳои IX-VIII пеш аз милод ин сарзаминҳоро макони зисти хеш қарор додаанд.
Қабилаҳои дигари ориёинажоди сакоӣ аз Осиёи Миёна ва ё ноҳияҳои ҳаммарзи Қазоқистон ба Туркистони шарқӣ муҳоҷират намуданд. Ин мардумон аз худ осори хаттии фаровоне дар ин сарзамин ба ёдгор гузоштаанд, ки он бо номи ёдгориҳои сакоии хутанӣ маъруф аст.
Бар асоси далелҳои таърихиву бостоншиносӣ ва забониву ҷуғрофӣ пажӯҳишгарон сарзаминҳои густариши мардумон ва забонҳои ориёии эрониро дар ҳудуди бисёр густурдае аз ҷанубу шарқи Аврупо то ба Туркистони шарқӣ ва аз назди Урал ва ҷануби Сибир то ҷануби Эрон муайян намудаанд. Мардумони дигари ориёии шарқӣ, ба монанди бохтариҳо, суғдиҳо, хоразмиҳо ва чанде аз қабоили сакоӣ барои ҳамешагӣ дар сарзамини таърихии хеш - Осиёи Миёна сукунат ихтиёр кардаанд.
Дар мавриди мансубияти таърихии ин сарзамин ба мардумони ориёӣ, ба хусус қавмҳои ориёии эронӣ академик В.В.Бартолд чунин менависад: "То он ҷое, ки метавонем таърихи Осиёи Миёнаро мутолиа намоем, аҳолии бумии он ҳамеша ба қабоили ориёӣ, ба вижа ба гурӯҳи эронии мардумони ориёӣ мансуб будааст". Ҳамчунон ки академик Б.Ғафуров дар таҳқиқоти хеш "Тоҷикон" нигоштааст, аз ҳамин мардумон, қабл аз ҳама бохтариҳо ва суғдиҳо, баъдан мардуми тоҷик ҳамчун халқият ташаккул меёбад.
Акнун мепардозем ба чигунагии бунёди номи этникии "арйа". Номи арйа танҳо дар осори хаттии мардумони ҳиндуэронӣ зикр шуда ва танҳо ин мардумон худро ориёӣ хондаанд: дар Авесто аирйа, Ведо арйа, дар катибаҳои замони Ҳахоманишиён арийа, дар забони муштараки ҳиндуэронӣ арйа (ё бо а-и дароз ва ё кашида дар оғоз ба гунаи орйа, мисли ориё). Ин номи нажодӣ барои мардумони ҳамтабори ориёии эронӣ ва ҳиндӣ ва ё дар маҷмӯъ ҳиндуэронӣ ба таври муштарак ба кор мерафтааст. Дар Ригведо ва Авесто арйа маънои асил, наҷиб ва меҳмоннавозро дорад. Ҳамчунин дар матни Авесто ин ном ба маънои озода, арҷманд ва шукӯҳманд низ истифода шудааст. И.Покорни аз донишмандони риштаи забоншиносии ҳиндуаврупоӣ дар фарҳанги этимологии хеш шакли ин калимаро дар нахустзабони ҳиндуаврупоӣ ба гунаи "арио" бозсозӣ намуда ва маънои онро соҳиб ва озода гуфтааст. Ташаккули таърихии ин ном дар осори забонҳои эронии бостон ва ҳиндии бостон бо зикри манобеи илмии қаблӣ аз ҷониби донишмандони шинохтаи аврупоӣ Э.Бенвенист ва М.Майрҳофер мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, бар асоси далелҳои решашиносӣ ё этимологӣ бунёд ва маънои он ташхис ва муайян гардидааст.
Истилоҳи арйа (ориёӣ) пас аз даврони авестоӣ ва матни Авесто дар суннати хаттии дигар мардумони ориёии ғарбӣ то даврони Сосониён роиҷ будааст. Истилоҳи мазкур аз даврони Ҳахоманишиён ба Ашкониён ва аз Ашкониён ба Сосониён идома ёфта ва он ҳамчун ифтихори нажодӣ дар давлатдории ин хонадонҳо ҳифз гардидааст. Истифодаи арйа дар ташкили номҳои ашхос аз замони Ҳахоманишиён то Сосониён ва идомаи чунин номгузорӣ дар осори паҳлавӣ то замони роиҷ будани ин суннати хаттӣ далели шинохт ва маъруфияти нажоди ориёӣ дар миёни худи мардумони ориёӣ будааст. Дар замони Ҳахоманишиён ва катибаҳои шоҳони ин хонадон истилоҳи арйа ҳам ба маънои нажод ва ҳам забони ин нажод ёд мешавад. Дориюши I - шоҳи ҳахоманишӣ дар ду катибаи хеш бо ифтихор нажод ва забони худро ориёӣ хонда ва чунин навиштааст: "Ман, Дориюш шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, …писари Виштосп, ҳахоманишӣ, порсӣ, писари порсӣ, ориёӣ, писари ориёӣ (ҳастам)" (Катибаи Дориюш дар нақши Рустам, банди 2). Дар катибаи дигари Дориюш дар Бесутун, ки дар панҷ сутун ба се забон нигошта шудааст, дар матни форсии бостон дар сутуни чаҳорум, сатри 89 дар бораи ин сангнабишта ва забони он чунин омадааст: "Ин набиштаи ман (аст), ки ман кардам. Ба илова ба (забони) ориёӣ буд. Ҳам рӯи лавҳ, ҳам рӯи чарм нигошта шуд". Дар идомаи матни ин катиба Дориюш меафзояд: "Илова ба ин насабнома тартиб додам. Пеши ман ҳам навишта ва ҳам хонда шуд".
Ҳамчунон ки мебинем, он чи дар ин катибаҳо омадааст, ба фармони Дориюш навишта шуда ва аз ҷониби вай таъйид гардидааст. Бо таваҷҷӯҳ ба тартиби навиштаи матни аввал Дориюш нахуст аз мансубияти хонаводагӣ, сипас мансубият ба кишвар ва ё сарзамини хеш ва дар ниҳоят аз мансубияти нажодии худ ёдовар шудааст, ки зикри нажоди ориёӣ дар анҷоми сухан низ ба ҳамин далел аст.
Аз ин шоҳиди таърихӣ собит мегардад, ки Ҳахоманишиён нажод ва забонашонро ориёӣ хондаанд ва онро ба ҳама мардумони кишварҳои мутеи шоҳаншоҳии ҳахоманишӣ ба забонҳои бобулӣ, иломӣ ва оромӣ низ эълом доштаанд ва ба сарзаминҳои гуногун фиристодаанд. Навиштаи Дориюш дар мавриди нажоди вай дар ин катибаҳо на танҳо барои он замон, балки барои ояндагон ва ҳама наслҳои таърихи башарӣ ҳамчун шоҳиди айнӣ аз умқи қарнҳо то ба рӯзгори мо ба ёдгор монда ва он далели қотеъ дар бораи мансубияти ин мардумон ва шинохти онҳо мебошад.
Мардумони дигари ориёии ғарбӣ - модҳо, ки қабл аз Ҳахоманишиён ҳукумат мекардаанд, низ мисли Ҳахоманишиён нажоди худро ориёӣ мегуфтаанд. Чун аз замони модҳо ва забони мардумони мод ҳеҷ гуна осори хаттӣ маҳфуз нест, аз ин рӯ ба далелҳои дигари таърих метавон муроҷиат кард. Дар як матни бобулии катибаи Дориюш дар Порс (Персеполис) донишмандон ибораҳои "Порсу Мод ва кишварҳои дигар забонҳо"-ро хонда ва ба ин натиҷа расидаанд, ки матлаб аз овардани Порсу Мод дар ин навишта ба он маънист, ки ин мардумон, яъне порсҳо ва модҳо забони ҳамдигарро хуб дарк мекарданд. Ҳамчунин бар асоси навиштаи Ҳеродот дар он даврон "ҳамагон онҳоро (модҳоро) ориёӣ (шакли юнонӣ ариои) мехондаанд". Далели дигар, ки метавон аз Ҳеродот ёд кард, ин зикри яке аз қабилаҳои мод, аз ҷумлаи он шаш қабилаи модҳо, дар китоби ин таърихнависи юнонӣ маҳсуб мешавад. Номи ин қабиларо Ҳеродот ба гунаи аризантои оварда, ки шакли он дар забони модҳо арйазанту, аз ҷузъҳои арйа - ориёӣ ва занту ба маънои қабила ва дар маҷмӯъ "қабилаи ориёӣ" маънӣ мешавад. Истилоҳи занту ба маънои қабила ҳанӯз аз ҷомеаи ориёии авестоии қабл аз модҳо ва Ҳахоманишиён маълум буда, корбурди ин истилоҳ дар номи қабилаи модҳо идомаи ҳамон суннати куҳани ориёист. Муштаракот ва шабоҳати наздики забони модҳо ҳамчун лаҳҷаи шимолӣ-ғарбӣ ва забони порсҳо (форсии бостон) ҳамчун лаҳҷаи ҷанубӣ-ғарбӣ аз нахустзабони ориёии ғарбӣ ва ё эронии бостони гурӯҳи ғарбӣ имрӯз аз таҳқиқ ва муқоисаи иқтибосҳо аз забони модҳо дар осори форсии бостон ва дигар забонҳои ғайриэронии замони Ҳахоманишиён собит гардидааст. Тафовутҳои ошкоргардида дар ин забонҳо тафовутҳои лаҳҷавӣ буда ва ин омил далели пайванди наздики ин қавмҳои ориёии ғарбӣ дар он даврон мебошад.
Бинобар навиштаи таърихнависони юнонӣ чанде аз қабилаҳо ва мардумони дигари ориёии ғарбӣ бо номи арйа ёд мешудаанд. Ин номҳо дар осори таърихнависони юнонӣ, аз ҷумла Ҳеродот, Арриан, Птоломей, Страбон ва дигарон дар савтиёт ва баргардони юнонӣ маълуманд. Аз ҷумла ариаспаи аз арйааспа "дорандаи аспҳои ориёӣ" - номи мардумони ориёии эронӣ, ки дар канори рӯди Ҳилманд дар Афғонистони кунунӣ сукунат доштаанд, ариакаи аз эронии арйака, яъне ориёиён - номи қабоили ориёии сокин дар поёноби Сирдарё ва ғайра.
Таърихнависи юнонӣ Страбон порсҳо, модҳо, бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиҳо ва сакоиҳоро, ки бинобар қавли ӯ тақрибан ба як забон гуфтугӯ мекардаанд, ба ориёиҳо (дар истилоҳи Страбон арианес) мансуб медонад. Аз ин қавли Страбон метавон дарёфт, ки муштаракоти забонии мардумони ориёии шарқӣ ва ғарбӣ пас аз ҷудошавии онҳо аз сарзамини нахустинашон замони тӯлонӣ ҳифз гардидааст.
Як нуктаро бояд тазаккур дод, ки дар сарзамини ориёиҳои шарқӣ - Ориёно (Осиёи Миёна ва Афғонистони кунунӣ, ҳамчунин шарқи Эрони имрӯза) мардумони шарқии ориёӣ низ дар даврони модҳо ва Ҳахоманишиён ҳамоно худро ба номи нажоди ориёӣ ёд мекарданд. Бинобар бозёфтҳои солҳои охир аз Афғонистон дар як сангнабиштаи бохтарӣ забони ин матн арйа, яъне ориёӣ гуфта шудааст. Ин далели таърихӣ исботи он аст, ки яке аз рукнҳои гузаштагони тоҷикон - мардуми бохтарӣ забони худро ориёӣ меномидаанд.
Номи арйа, арйана ҳамчун истилоҳи этникӣ дар таркиби номҳои ашхос ва номҳои ҷуғрофии сарзаминҳои таърихӣ ва ё ватани мардумони ориёӣ ҳам дар Авесто, ҳам дар осори замони Ҳахоманишиён, ҳам дар манобеи юнонӣ ва исломӣ корбурди фаровон дорад, ки ин ҳама далели мансубияти ин ашхос ва ҷойҳо ба нажоди ориёист.
Арйа дар таркиби номҳои хос дар Авесто ва осори ҳахоманишӣ ба забони форсии бостон: Аирйанем Ваеҷа-Эронвиҷ - нахустин сарзамини ориёиҳо, аирйанем хварена, яъне фарри Ориён, Аирйа шайана (Арйа-шайана), яъне ошёни (сарзамин, нишемангоҳ, манзилгоҳ ва ё ватани) ориёиҳо, аирйо - хшуса - номи яке аз кӯҳҳо дар Яшти 8, банди 6: Аирйамана - номи фариштаи (эзиди) нигаҳбон, оштӣ, дӯстӣ ва шодию хушбахтӣ, ба маънои дорои андешаи ориёӣ ва ё ориёандеш, Арийарамна (Ариарамна) - номи ҷадди Дориюши I ва набераи Ҳахоманиш, ба маънои касе, ки ба ориёиҳо оромиш мебахшад ва ё оромбахши ориёиҳо, Арийа-чисра - ориёчеҳр, яъне аз нажоди ориёӣ, ориёинажод.
Номи нажоди ориёӣ - арйа дар таркиби номҳои хоси ориёӣ дар осори таърихнависони юнонию румӣ ба кор рафтааст, ки он далели шинохти номи ин нажод дар он даврон дар миёни дигар мардумон мебошад. Ба таври намуна: Ариабигнес, Ариамнес, Ариапатҳес, Ариантас, Арибарзанес, Арибазос, Ариамазес, Ариарамнес, Арифарнес, Ариаменес ва ғ.
Истилоҳи этникии арйа дар таркиби номҳои таърихии ҷуғрофӣ, аз қабили Алан (Алон), Албан ва Арран низ маҳфуз мондааст, ки он иртиботи мустақими ориёиҳоро бо ин сарзаминҳо собит менамояд. Ҳамчунон ки медонем, алан ин номи қабоили скифӣ (гузаштагони мардуми осетин) ва шакли скифии номи арйа мебошад. Шакли дигари номи этникии ариа ба гунаи ир - дар номи Иристон ба маънои макон ва ё ҷойгоҳи мардумони ориёитабори осетин дар Кавказ маҳсуб мешавад. Ариа дар номҳои ашхоси замони Ашкониён бар асоси осори портии кашфшуда аз шаҳристони Нисо (наздики Ашқобод) низ ба мушоҳида мерасад: Ариабонук, Ариабарзан, Ариамиҳрак, Арианиястак, Ариасохт.
Пас аз осори замони Ҳахоманишиён манобеи дигар дар мавриди номи арйа осори забонҳои портӣ ва форсии миёнаи ашконӣ ва сосонӣ ба шумор меравад. Таҳаввулоти овоии номи арйа дар давраҳои таърихии осори забонҳои бостон ва миёна чунин аст: авестоӣ аирйа, осори ҳахоманишӣ арйа, портӣ ари, форсии миёнаи сосонӣ эр ё ир ба маънои ориёӣ ва ҳам эронӣ; тавассути пасванди - он Эрон (Ирон) - номи кишвар. Дар матни портии ду катибаи замони Сосониён номи кишвари Эрон ба шакли Арйон мутобиқи савтиёти забони портӣ ва дар китоби паҳлавии Динкард (китоби чаҳорум) ба гунаи Арйастон омадааст, ки ин далели истифодаи истилоҳи арйа дар баробари шакли нави он, яъне Эрон дар он даврон мебошад. Аз даврони Сосониён шакли Эрон бар ивази Ориён (Ариана) ба таври расмӣ дар осори давраҳои баъдӣ мутадовил мегардад.
Шакли портии ари дар муқобили шакли форсии миёнаи сосонӣ бо дарназардошти махсусиятҳои лаҳҷаи шимолӣ-ғарбӣ идомаи гунаи арийа аз забони модҳост. Тафовут миёни шаклҳои портӣ ва форсии миёна дар пояи тафовути лаҳҷаҳои шимолӣ-ғарбӣ ва ҷанубӣ-ғарбии забони муштараки ориёии ғарбӣ дар Мод ва Порс сурат гирифтааст. Дар форсии миёна дар баробари маънои истилоҳӣ, маънои бунёдии ариа мутобиқи маънои авестоӣ, яъне озода, асил ва ё наҷиб низ маҳфуз мондааст. Ин маъно ҳам дар катибаҳои сосонӣ дар мисоли катибаи Шопур дар Каъбаи Зардушт (дар матнҳои форсии миёна ва портӣ) ва ҳам осори паҳлавӣ ба кор рафтааст. Якҷо бо ин маъно дар осори паҳлавӣ вожаи мазкур ба маънои гурд, далер ва қаҳрамон низ омадааст, ки онро метавон махсуси забони форсии миёна ва осори он донист.
Дар замони Сосониён ва осори форсии миёна аз шакли арйа бо замимаи пасванди ҷамъбандӣ мутобиқи савтиёти забони форсии миёна номи кишвари Эрон мутадовил гардид. Шакли номи Эрон дар забони форси миёна таҳаввулоти баъдии истилоҳи Арйана аз даврони модҳо ва Ҳахоманишиён маҳсуб мешавад. Дар замони Сосониён, бинобар осори хаттии он даврон, номи Эрон ҳам ба маънои кишвари таърихии ориёиён ва ҳам эрониён аст. Ба ибораи дигар дар номи Эрон дар аҳди Сосониён якҷо ба маънои кишвари Эрон маънои куҳани он, яъне кишвар ва ё сарзамини Ориён низ маҳфуз мондааст. Ҳамчунин истилоҳи дигари арзӣ дар замони Сосониён - Эроншаҳр ба маънои шаҳриёрӣ ва ё кишвари Эрон, ҳамчун номи расмии шоҳаншоҳии сосонӣ аз истилоҳи куҳани ориёии Арйанам- хшасрам ба маънои подшоҳии ориёӣ ташкил ёфтааст. Истилоҳи арзӣ ва ё номи кишвари Арйана (Ориён) бори нахуст дар манобеи юнонӣ ба шакли Ариана ба маънои кишвари ориёиҳо зикр мешавад.
Ҳамчунон ки академик В.В.Бартолд дар асоси маълумоти И.Маркварт овардааст, номи Ариана ба маънои кишваре, ки мутеи давлати Ашкониён будааст, барои аввал аз ҷониби Эратосфен (асри III то милод) ёд шудааст.
Дар осори замони Сосониён истилоҳи этникии эронаг (аз истилоҳи куҳани арйанака) ба маънои ориёӣ ва эронӣ ба кор рафтааст. Бинобар осори портӣ ва форсии миёнаи сосонӣ маънои ориёӣ ва ё нажоди ориёӣ ва кишвари Ориё дар он замон дар ин ном ҳанӯз маҳфуз будааст.
Пас аз замони муҳоҷирати ориёиҳои ҳиндӣ ба Ҳинд мардумони ориёии эронӣ дар ватан ва сарзамини хеш - Осиёи Миёна ва дигар манотиқи ҳамҷавори он сокин мондаанд. Дар асоси далелҳои таърихӣ, забонӣ ва ҷуғрофию этнолингвистӣ муҳаққиқон Осиёи Миёна ва сарзаминҳои дигари таърихии ҳамҷавори онро маркази муҳоҷирати ориёиҳо ва густариши забонҳову лаҳҷаҳои ориёӣ ба дигар манотиқи дуру наздик медонанд. Аз манобеи то ба замони мо расида дар мавриди сарзаминҳои мардумони ориёӣ куҳантарин ва муҳимтарин манбаъ ин ёдгории сунатии ориёиён Авесто, аз ҷумла яке аз бахшҳои он Вандидод маҳсуб мешавад. Бахши аввали Вандидод ҳамчун манбаи муҳими ҷуғрофию таърихӣ дар мавриди сарзаминҳои ориёии эронӣ таваҷҷӯҳи бисёр донишмандонро ҷалб кардааст. Дар бандҳои 3 то 20 ин бахш номи 16 сарзамину кишварҳои ориёӣ дар чунин тартиб ёд мешаванд: 1. Ариана Ваеҷа-Эронвиҷ (нахустин сарзамини нимасотирӣ), 2. Гава Суғда шайанам - Суғд (дар тарҷумаи паҳлавӣ Суғдиг-монишн, яъне маскани суғдӣ), 3. Моуру-Марв, 4. Бахди-Балх, 5. Нисайа-Нисо (миёни Балху Марв), 6. Ҳарайва-Ҳирот, 7. Вейкта-водии Кобул, 8. Урва-Хуросон, 9. Хнента-Гургон, 10. Ҳараҳваити-Арахосия, 11. Ҳаетумант-Ҳилманд, 12. Рага-Рай (шарқи Мод), 13. Чахра (ҷое дар Хуросон), 14. Варна, 15. Ҳанта-Ҳинду - сарзамине дар Ҳинд (Панҷоб), 16. Рангҳа-Аранг. Ин бахши Вандидод ҳама сарзаминҳо ва кишварҳои сукунати ориёиҳоро фаро намегирад. Дар Авесто аз дигар сарзаминҳои зисти ориёиҳо, рӯдҳову кӯҳҳо ва баҳру кӯлҳои сарзаминҳои ориёӣ зикр шуда, ки ин ҳама бо истиснои номҳои асотирӣ дар маҷмӯъ ҷуғрофияи кишварҳои ориёиро ташкил медиҳад. Матлаб аз зикри ин сарзаминҳо чигунагии тавсеаи ҳудуди кишварҳои ориёӣ дар ҳазорсолаҳои то милод мебошад. Ин сарзаминҳо марбут ба мардумони ориёии шарқӣ буда ва ин мардумони ориёӣ баъдан бо номҳои ҳамин кишварҳояшон дар таърих ва осор шинохта шудаанд. Ҳамчунон ки мебинем, дар миёни ин сарзаминҳо кишварҳои ғарби Эрон, ба монанди Мод, Порс ва Порт зикр нашудаанд. Дар ин феҳристи кишварҳо аз Хоразм низ ёд нашудааст. Ҳол он ки Хоразм дар дигар бахши Авесто, аз ҷумла дар Яштҳо (Меҳр Яшт) пас аз Суғд ба гунаи Хвоиризам зикр мешавад. Бо далели он ки Хоразм дар ин бахши Вандидод наомадааст, бархе аз муҳаққиқон нахустин кишвар ва ё ватани ориёиҳо Эронвиҷро ба Хоразм нисбат додаанд. Аммо ҳамчунон ки И. М. Дяконов бо овардани чанд далел собит менамояд, мафҳуми Эронвиҷ аз ҳудуди ҷуғрофие чун Хоразм густурдатар ва васеътар буда, ин сарзамин паҳнои Осиёи Миёна ва дар маҷмӯъ сарзамини таърихии шарқи Ориёро фаро мегирад. Аз ин рӯ И. М. Дяконов Эронвиҷро дар маънои кулл муодили истилоҳи ҷуғрофии Ариана дар осори юнонӣ медонад. Дар ҳар сурат нуктаи муҳим он аст, ки ҷузъи нахусти номи ин сарзамин - Ариана аз номи қавм ва ё мардумони ориёӣ берун омада ва он номи сарзаминест, ки ориёиҳо нахуст дар он сукунат доштаанд. Баҳсҳо атрофи ин ном тӯлонӣ буда, зикри тамоми онҳо аз доираи мақолаи мо хориҷ мебошад.
Феҳристи сарзаминҳо ва дар маҷмӯъ ҳудуди ҷуғрофии зисти ориёиҳо дар ҳазорсолаи пеш аз милод ба баъд далели чигунагии густариши ин мардумон дар он даврони дури таърих дар чунин як ҳудуди паҳновар буда ва ин омили ҷуғрофӣ бо мурури замон тайи қарнҳо иллати пайдоиши тафовутҳо дар лаҳҷаҳо ва забонҳои мардумони ориёӣ гардидааст. Яке аз далелҳои воқеӣ дар мавриди сарзаминҳои нахустини зисти иттиҳоди ориёиён дар ҳазорсолаи то милод аз даштҳои ҷануби Русия то Осиёи Миёна ин бозмондаи номҳои ҷуғрофии ориёӣ дар ин сарзаминҳо ва иқтибосҳои ориёӣ (аслан скифӣ) дар забонҳои славянӣ маҳсуб мешавад, ки таҳқиқотҳои муҳими забоншиносии рус ва Ғарб исботи ин гуфтаҳо мебошанд. Мардумони ориёӣ дар роҳи муҳоҷират ва иқомати тӯлонии хеш то ба Осиёи Миёна, яъне ватани ҳамешагиашон дар он ҳазорсолаҳо аз худ нишони фаровоне бар ҷой гузоштаанд.
Таърихи бисёр дури робитаи забонҳои мардумони ориёӣ ва славянӣ дар таҳқиқотҳои илмии донишмандони шинохта В.И.Абаев, В.Н.Топоров, О.Н.Трубачев, А.А.Зализняк, Д.И.Эделман ва чанде дигарон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Барои огоҳии хубтару бештар аз робитаҳои таърихии мардумон ва забонҳои ориёию славянӣ алоқамандон метавонанд ба яке аз таҳқиқотҳои чанд сол қабл ба табъ расидаи эроншиноси рус Д.И.Эделман муроҷиат намоянд.
Дар робита ба бархе аз нишонаҳои забонии ориёиён дар теъдоде аз номҳои ҷуғрофӣ дар сарзаминҳои кунунии мардумони славянӣ донишмандони рус номи рӯдҳои маъруферо, чун Дон, Днепр, Днестр ва Об далел оварда ва собит сохтаанд, ки ин номҳо намунаи бисёр куҳан аз забонҳои ориёӣ буда ва ба ин забонҳо мансуб мебошанд.
Номи Дон дар забонҳои славянӣ ба бунёди ин калима дар забони авестоӣ дону ба маънои "рӯд" ва идомаи он дар осетинӣ дон "рӯд, об" иртибот дорад. Дар робита бо ин бояд афзуд, ки дар Авесто (Обон Яшт, пораи 73) дону номи яке аз қабилаҳои тӯронӣ зикр шуда, дар Фарвардин Яшт, пораи 38 аз хусумат ва душмании ин қабила бо қабилаи дигари ориёӣ низ ёд мешавад. Таърихи робитаҳои ориёиҳоро бо мардумони славян дар минтақаи Дунай муҳаққиқони рус ба миёнаи ҳазорсолаи пеш аз милод марбут дониста, ин робитаҳоро дар мисоли дигар забонҳои славянӣ ва балтӣ низ баррасӣ ва таҳқиқ намудаанд. Яке аз бозёфтҳои муҳим дар робита ба куҳантарин сарзамини сукунати ориёиҳо дар навоҳии ҷануби Русия ин осори бостоншиносӣ аз ин манотиқ мебошад. Аз ҷумлаи чунин осор метавон аз бозёфтҳои бостоншиносии Аркаим дар ҷануби Урал (вилояти Челябински Россия) ёдовар шуд. Ҳамчунон ки бостоншиносони рус муайян кардаанд, ин осор таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дошта, ба асри XVI пеш аз милод мансуб аст. Аҳромҳои аз ин мавзеи бостонӣ кашфшуда бинобар ташреҳи роҳбари ин ҳайати илмии бостоншиносӣ мероси мардумони ориёӣ мебошанд. Аз ин мавзеъ макони оташ низ кашф шудааст, ки он махсуси суннат ва оини мардуми ориёӣ мебошад. Идомаи ковишҳои бостоншиносӣ дар Аркаим натиҷаҳои дақиқтар ва бештареро дар робита ба тамаддуни куҳани ориёӣ аз ин сарзамин дар интизор дорад.
Ҳамин тариқ, дар асоси далелҳои таърихӣ, забонӣ, ҷуғрофӣ ва этнолингвистӣ аз ҳазорсолаи аввали пеш аз милод сарзаминҳои зисти ориёиҳо густариш ва вусъати бештар доштааст.
Пас аз муҳоҷирати гурӯҳе аз ориёиҳо ба марказ ва ғарби сарзамини Эрони кунунӣ ва заиф гардидани робитаҳои ҳамешагӣ ва наздики забонӣ бо ориёиҳои шарқӣ бо мурури замон миёни забонҳои мардумони ориёии шарқӣ ва ғарбӣ тафовутҳо падид меоянд. Бинобар ҳудуд ва мавқеи ҷуғрофӣ ва тафовутҳои забонӣ ин забонҳо ва лаҳҷаҳо ба ду гурӯҳи бузурги шарқӣ ва ғарбӣ ҷудо мешаванд. Ҳамин тавр, иттиҳоди ягонаи забонии мардумони ориёӣ дар шохаҳои ҷудогонаи шарқӣ ва ғарбӣ ташаккул ёфта ва ҳар кадоме аз онҳо дар навбати худ нахуст ба лаҳҷаҳо ва баъдан дар мақоми забонҳои мустақили ориёии шарқӣ ва ғарбӣ шакл мегиранд, ки далели ин забонҳо ва лаҳҷаҳои куҳан ва муосири шарқӣ ва ғарбӣ мебошад. Бар асоси далелҳои фаровони забоншиносӣ, таърихию бостоншиносӣ ва ҷуғрофӣ муҳаққиқон сарзаминҳои зисти ориёиҳо ва густариши забонҳои ориёиро аз миёнаҳои ҳазорсолаи аввали пеш аз милод чунин арзёбӣ кардаанд: даштҳои ҷанубии Русия, соҳилҳои баҳри Сиёҳ, назди баҳри Азов то шимоли Кавказ (скифҳо ва сарматҳо), Осиёи Миёна, минтақаҳои назди соҳилҳои Сирдарё, қисмати шарқ то Туркистони шарқӣ (мардумони сакоӣ), водиҳо ва воҳаҳои Осиёи Миёна дар ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва ноҳияҳои атрофии он (суғдиҳо), поёноби Амударё (хоразмиҳо), болооб ва қисматҳои миёнаи соҳилҳои рост ва чапи Амударё (бохтариҳо), як бахши Хуросон то ҷануби Туркманистон (портҳо), шимолу ғарби Эрон (модҳо), ҷанубу ғарби Эрон (порсҳо). Манобеи дигар дар бораи бархе аз мардумони ориёӣ осори шумерӣ, бобулӣ, эламӣ, юнонӣ ва лотин маҳсуб мешавад. Ба таври мисол, куҳантарин манбаи хаттӣ дар мавриди зикри модҳо ва порсҳо дар сарзамини Эрони кунунӣ солномаҳои шумерии мутааллиқ ба асри IX пеш аз милод ба шумор мераванд. Ин ҳама далели чигунагии густариши мардумони ориёӣ, забонҳову лаҳҷаҳо ва фарҳангу суннати онҳо дар чунин ҳудуди паҳновари ҷуғрофӣ дар ҳазорсолаи аввали пеш аз милод ба баъд будааст.
Сарзаминҳои зисти мардумони ориёӣ ва забони муштараки ориёии бостон якҷо бо лаҳҷаҳои маҳаллии он ҳамин сарзаминҳо ва кишварҳои авестоӣ ба шумор мераванд. Аз нахустзабони куҳани ориёии эронӣ ва ё нахустзабони ориёии бостон, ки дар истилоҳи илмӣ эронии бостон хонда мешавад, ба таври мустақим ҳеҷ гуна намуна аз осори хаттӣ маҳфуз намондааст. Идомаи ин забони муштарак аз забонҳои ориёии бостон забони авестоӣ, забони мардумони мод, форсии бостон, забонҳои суғдии бостон, хоразмии бостон, бохтарии бостон, скифии бостон ва дигар забонҳову лаҳҷаҳои бостонии сакоӣ маҳсуб мешаванд. Аз забонҳои бостон танҳо аз забони авестоӣ ва ориёии замони ҳахоманишӣ (порсии бостон) осори хаттӣ дар дастраси мо қарор дорад. Аз давраи бостонии забонҳои суғдӣ, хоразмӣ, бохтарӣ ва сакоӣ ҳеҷ гуна осор ва ё намунаи осор вуҷуд надорад. Аз ин забонҳо танҳо осори марбут ба давраи миёнаи рушди онҳо то замони мо расидааст.
Куҳантарин намунаи забони ориёии бостон забони авестоӣ дониста мешавад. Забони авестоӣ, бар асоси матни китоби Авесто, дорои ду лаҳҷа буда, ки лаҳҷаи Готҳо (сурудҳо) дар муқоиса бо лаҳҷаи бахшҳои дигари Авесто қадимтар аст. Лаҳҷаи Готҳо аз нигоҳи вижагиҳои овоӣ ва луғавӣ марбути забонҳои ориёии (эронии) шарқӣ ва лаҳҷаи дигар бахшҳои он дорои ҳам вижагиҳои забонҳои шарқӣ ва ҳам ғарбӣ мебошад. Яке аз далелҳои қадимияти лаҳҷаи Готҳо ин наздикӣ ва муштаракоту ҳамоҳангиҳои он бо забони ведоҳои санскрит маҳсуб мешавад. Муштаракоти забонии Авесто, ба хусус бахши Готҳо ва Ведо, аз муштаракоти он бо забони форсии бостон ва ё забони осори катибаҳои ҳахоманишӣ ба маротиб наздиктар аст. Ин далели забонӣ ва муқоисаҳои забони Авесто бо дигар забонҳои ориёӣ ё эронии шарқӣ, аз ҷумлаи осори забонҳои шарқии давраи миёна, мисли суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ ва сакоии хутанӣ мансубияти забони авестоиро бо забонҳои ориёии шарқӣ бори дигар собит менамояд. Чун осори забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ ва сакоӣ марбут ба давраи миёнаи ташаккули онҳост, на ба даврони бостонии сохтори ин забонҳо, аз ин рӯ метавон қазоват кард, ки муштаракот ва ҳамоҳангиҳои забони авестоӣ ба давраи бостонии ин забонҳо боз ҳам бештар ва наздиктар будааст. Ин забонҳои ориёии шарқӣ ва дигар забонҳову лаҳҷаҳои матруки шарқӣ, ки замоне дар сарзаминҳои зисти мардумони ориёӣ роиҷ будаанд, ҳар кадом шохаҳои гуногуни забонҳои мардумони ориёии шарқӣ маҳсуб мешаванд. Муштаракоти лаҳҷаи Готҳо бо забонҳои ориёии шарқӣ баҳс дар бораи зодгоҳ ва ё ватани Зардуштро, ки дар суннати зардуштии паҳлавии даврони Сосониён онро ба Озарбойҷон ва Мод мансуб медонанд, низ ба нафъи манотиқи шарқӣ бозгӯ менамояд. Ҷалолиддини Оштиёнӣ дар робита ба ин мавзӯъ дуруст оварда, ки тақрибан ҳама донишмандоне, ки маҳалли таваллуди Зардуштро дар ғарби Эрон донистаанд, таҳти таъсири ривоёти суннатӣ ва устураҳои мазҳабӣ қарор гирифта ва ҳеҷ гуна далеле ҷуз ин ривоёт ироа накардаанд. Бар пояи мантиқ метавон пурсид, ки Зардушт ҳангоми таблиғи оини хеш дар Балх, аз ҷумла дар дарбори Гуштосп бо шоҳ ва мардумони ин сарзамин бо кадом забон муошират мекард? Мусаллам аст, ки ӯ ба лаҳҷаи модарии худ, яъне лаҳҷаи Готҳо таълимоти динии хешро дар ин сарзаминҳои ориёӣ таблиғ карда ва танҳо ҳамин як забонро медонистааст. Пас лаҳҷаи Готҳо ё худ лаҳҷаи модарии Зардушт барои ин мардумон мафҳум ва қобили пазириш буда, барои он даврони дури таърих ва замони Зардушт ҳамин лаҳҷа аз нигоҳи муштаракоти наздик миёни забонҳои суғдӣ, бохтарӣ ва хоразмӣ барои мардумони ин сарзаминҳо низ ошно ва мафҳум будааст. Тафовутҳои забонҳои ориёӣ ё эронии шарқиро барои он даврон, ҳамчунон ки аз муқоисаи осори давраҳои баъдии ин забонҳо, ба хусус суғдӣ ва хоразмӣ бармеояд, на тафовутҳои забонӣ, балки тафовутҳои лаҳҷавӣ бояд арзёбӣ кард.
Бар асоси далелҳои забонӣ ва муқоисаҳои забоншиносӣ бештари донишмандон ватани Зардуштро шарқи Ориё ва ё Эронзамин хондаанд ва ин ақида имрӯз мавриди қабули аксар муҳаққиқон қарор дорад.
Яке аз иллатҳои дар даврони баъдӣ бо номи нажоди ориёӣ хонда нашудани мардумони ориёӣ, ба назари мо он буда, ки ин мардумон, аз ҷумла ориёиҳои шарқӣ, бинобар мустақилияти ҳудуди ҷуғрофӣ ва сиёсии хеш, бо номи кишварҳо ва сарзаминҳои зисташон шинохта ва муаррифӣ шудаанд. Бинобар катибаи Дориюш - шоҳи ҳахоманишӣ дар Оподона ва катибаи дигари вай дар Тахти Ҷамшед номҳои мардумони кишварҳои мутеи шоҳаншоҳии ҳахоманишӣ, аз ҷумла ориёиҳои шарқӣ чун бохтариҳо, сакоиҳо, суғдиҳову хоразмиҳо, ҳиротиҳо ва дигарон танҳо бо номҳои кишварҳояшон ёд шудаанд. Пас метавон гуфт, ки мардумони ориёӣ, бинобар манобеи хаттӣ ҳанӯз дар замони Ҳахоманишиён, аз асри VI пеш аз милод дар ҳудуди ин шоҳаншоҳӣ мисли дигар мардумони мутеи шоҳаншоҳӣ на бо номи нажод, балки бо номи кишварҳо ва сарзаминҳояшон ёд мешудаанд. Ҳамин равиш баъдан дар ҳама даврони таърих дар зикри мардумони ориёӣ роиҷ будааст, ки мо инро аз осори таърихиву ҷуғрофӣ ва адабии асрҳои баъдӣ ба хубӣ мушоҳида менамоем.
Мардумони ориёии шарқӣ ва ғарбӣ дар сарзаминҳои зисти худ дар даврони хеле тӯлонӣ арзишҳои динӣ ва фарҳангии хешро тавассути забонҳо ва лаҳҷаҳои маҳаллӣ ҳифз намудаанд. Ҳамчунон ки аз таърихи гузаштаи ориёиҳо, ба хусус ориёиҳои шарқӣ бармеояд, ин мардумон то замони истифодаи хат ва алифбо тамоми арзишҳои зеҳнии хешро аз роҳи суннати гуфторӣ ва ё шифоҳӣ идома додаанд. Аз ин рӯ бештари забонҳо ва лаҳҷаҳои куҳани ориёӣ бинобар надоштани суннати хаттӣ аз саҳифаҳои таърих бенишон рафтаанд.
Яке аз гурӯҳи ориёиҳои шарқӣ қабоили гуногуни сакоӣ, аз ҷумла мардумони тӯронӣ маҳсуб мешаванд. Бинобар куҳантарин манбаъ дар мавриди мардумони ориёӣ - Авесто тӯрониён яке аз қавмҳои ориёии шарқӣ ва ё сакоӣ мебошанд. Дар мавриди тӯрониён ва мансубияти ин қавм ба ориёиҳо дар илми эроншиносии ҷаҳон таълифоти фаровон анҷом дода шуда ва дар мансубияти нажодии ин мардум ҷои гумон ва шубҳа вуҷуд надорад. Тӯрониён бо қавмҳои турк, ки ба сарзаминҳои шарқи Ориёно, аз ҷумла ба сарзаминҳои зисти қавми тӯронӣ муҳоҷират карда буданд, ҳеҷ иртиботе надоранд. Ҳамчунон ки дар осори замони Ҳахоманишиён номи тӯр ё тӯрониён дар ҳеҷ ҷой ба кор нарафтааст, ҳамин тавр дар Авесто низ номи сака ё сакоӣ зикр нашудааст. Бо ҳамин далел муҳаққиқон қавми тӯрро дар Авесто ҳамон қабоили сакоие медонанд, ки Ҳахоманишиён онҳоро бо номи сака ёд кардаанд.
Яке аз пажӯҳишгарони шинохтаи ҷуғрофияи Эрони бостон И.Маркварт қабилаҳои тӯрониро бо қавми масагетҳо яке медонад. Эроншиноси варзида В.И.Абаев қавми тӯрро дар Авесто қавми скиф маънӣ кардааст, ки онҳо қабоили ёдшудаи сакоӣ дар катибаҳои Дориюш мебошанд. Бинобар матни Авесто тӯрониён аз қабилаҳои сакоӣ маҳсуб шуда, дар аҳди ориёии даврони авестоӣ онҳо аз қавмҳои гуногун иборат будаанд. Қобил ба ёдоварист, ки мутобиқи ривояти Авесто на ҳама ақвоми тӯронӣ барои ориёиҳои аҳди авестоӣ душман ва бегонаву девпараст хонда шудаанд. Дар Яштҳои Авесто (Обон Яшт, Фаровардин Яшт) аз хонадони тӯроние бо номи хонадони Фриён, ки занону мардони порсо ва поксиришти онон дар баробари занону мардони поки сарзаминҳои ориёӣ сутуда шудаанд, ба некӣ ёд меравад. Хонаводаи Фриён бар асоси ҳамин ривояти авестоӣ дар чанде аз осори динии паҳлавӣ низ ситоиш мешавад. Яъне ин қавм ва ё хонадони тӯронӣ, барои ориёиҳои ҷомеаи авестоӣ ҳамкеш ва ҳамтабор мебошад. Дар муқобили ин хонадони тӯронӣ қавмҳои дигари тӯронӣ, мисли қавми Афросиёби Тӯр, аз сахттарин ва бадтарин душманони ориёӣ ва дини ориёиҳо дониста мешавад. Ҳамчунон ки мебинем, яке аз далелҳои хусумат миёни мардумони ориёӣ ва ақвоми тӯронӣ ҳуҷумҳои пайвастаи ин қавми чодарнишин ва биёбонгарди тӯронӣ ба сарзаминҳои ориёӣ бошад, иллати дигар ихтилофи диниву мазҳабии онҳо ба шумор меравад. Бинобар Авесто ва катибаи Дориюш на қавми тӯронии Афросиёб ва на сакоиҳо Аҳурамаздо - Худои ягонаро намепарастидаанд. Пас ин мардумони чодарнишин ба оини нав нагаравида будаанд.
Номи сарзамини ақвоми тӯронӣ дар осори замони Сосониён дар ду шакл - Тӯрон ва Тӯристон зикр ва шинохта шудааст. Бинобар осори таърихии пас аз замони Сосониён сарзамини Тӯрон дар ривоятҳо ва достонҳо ба қавми бегонае чун туркон мансуб дониста шуд, ки ин иштибоҳ ва гумон бо бархӯрди миёни туркони кӯчнишин ва эрониён иртибот дорад.
Дар манобеи хаттии даврони Сосониён қавми тӯр ва қабоили турк ҳеҷ гоҳ омехта нашудаанд. Сосониён ин мардумони гуногуннажодро хуб мешинохтаанд ва ин ду номи нажодҳои мухталифу мухолифро хеле дуруст истифода намудаанд. Ҳатто дар "Зардуштнома"-и Баҳром ибни Пажду (соли таълиф 1278 м.), ки манбаи он матни азбайнрафтаи паҳлавист, Тӯрон на кишвари туркон, балки сарзамини барои қабоили турк бегона хонда мешавад. Дар ин достон аз ҳамлаи сипоҳи турку тозӣ ва ҳиндӣ ба ин сарзамин ёд мешавад, ки ин матлаб чунин аст:
Шавад марзи Тӯрон саросар табоҳ
Зи турку зи тозӣ, зи ҳиндӣ сипоҳ.
Ҳамин тавр, пас аз ворид шудани қабилаҳои турк ба сарзаминҳои ориёии шарқӣ, аз ҷумла сарзамини тӯрониён дар достонҳо ва ривоятҳо ин мардумон ба ҷои тӯрониён шинохта шуда ва дар натиҷаи ин иштибоҳи таърих қавми ориёитабори тӯр ҳамчун қавми бегонаи турк дониста шуд. Дар тӯли таърих метавон мушоҳида кард, ки чигуна мардумони ориёии шарқӣ ба шумули сакоиҳо ва ё ақвоми тӯронӣ ва ё хоразмиҳову суғдиҳо дар сарзаминҳои хеш бо қабоили бегона омезиш ёфта ва аз асли хеш дур шудаанд.
Қабоили сакоӣ, ки мардумони чодарнишин ва кӯчӣ будаанд, дар ҳудуди паҳновар ва сарзаминҳои хеле густурда сукунат доштаанд. Яке аз манбаъҳои беҳтар ва дақиқтар дар муқоиса бо дигар манобеи хаттии таърихӣ дар бораи ақвоми сакоӣ ин катибаҳои замони Ҳахоманишиён маҳсуб мешавад. Дар осори шоҳони ҳахоманишӣ аз ин ақвоми сакоӣ ёд рафтааст: сака тиграхауда - сакоиҳои тезкулоҳ, сака ҳаумаварга - сакоиҳои ҳумнуш (ҳаума=ҳум номи як навъ машрубот), сака парадрайа - сакоиҳои он сӯи баҳр, сака пара Сугдам - сакоиҳои он сӯи Суғд.
Дар катибаҳои Дориюш I сарзамини ин қабоили сакоӣ бо номи Сака зикр шуда, ки он дар манобеи юнонӣ Скифия хонда мешавад. Бинобар навиштаи Птоломей кишвари сакоиҳо ин кишвари чодарнишинон буда, онҳо дар ҷангалзорҳо ва ғорҳо ҳаёт ба сар мебурданд. Аз тавсифи манобеи антиқа чунин бармеояд, ки сарзамини қабоили сакоӣ ҳудуди кӯҳҳои Помиру Олой, Тян-шон ва воҳаҳои Фарғонаву Чочро фаро мегирифтааст. Бар асоси натиҷагириҳои илмии таърихшиносон ва бостоншиносони рус яке аз сарзаминҳо ва марказҳои зисти ҳамешагии қабоили сакоӣ водии Фарғона маҳсуб мешавад. Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ дар ин маврид он аст, ки мардумони сакоӣ то замони Александри Мақдунӣ дар Фарғона сукунат дошта, пас аз нуфузи суғдиён дар ин сарзамин онҳо соҳилҳои Сирдарёро макони зисти хеш ихтиёр карданд. Бархе аз муҳаққиқон тазаккур медиҳанд, ки дар давраҳои охири давлатдории юнону бохтарӣ бештари сокинони Фарғонаро қабоили сакоӣ, аз ҷумла сакоиҳои он сӯи Суғд ташкил медодаанд.
Бинобар натиҷагириҳои донишмандони Ғарб қабилаҳои гуногуни сакоӣ дар сарзаминҳои фарохи Осиёи Марказӣ зиндагӣ ба сар бурда, баъдан дар чанд манотиқ, аз ҷумла Заранг (Дрангиана, Систони баъдӣ) то ба Ҳинд ва Хутан (Туркистони Чин) ворид гардида ва дар ин кишварҳо сукунат ихтиёр кардаанд. Дар мавриди мардумони сакоӣ ва сарзаминҳои сукунати онҳо метавон ба таҳқиқоти пурарзиши профессор Р.Фрай "Мероси Осиёи Марказӣ" муроҷиат кард.
Яке аз масоили муҳими дигар ин забони мардуми Фарғона дар он даврон маҳсуб мешавад. Бар асоси навиштаҳои саёҳони чинӣ (асрҳои VII-VIII милод) вазъи забонӣ дар Фарғона чунин будааст: Сюан-Тзан - оварда, ки "забони фарғониён аз забони дигар кишварҳои ҳамсоя тафовут дорад". Аз бархе манобеи суғдӣ ва арабӣ, ҳамчунин аз натиҷаҳои ба даст овардаи донишмандони рус, ба хусус таҳқиқоти профессор В.А.Лившитс дар Фарғона забони махсус мавҷуд будааст, ки он бидуни шубҳа забони шарқии эронӣ маҳсуб мешудааст.
Пас аз таъсиси иттиҳоди давлати туркон дар асрҳои VI-VIII милод Фарғона ба ин давлатдорӣ ворид карда шуда, давраи турксозии мардумони бумии сакоӣ ва суғдӣ дар ин сарзамин оғоз мегардад. Ҳамин тавр, сарнавишти ин мардумони ориёӣ якҷо бо забонҳою лаҳҷаҳои маҳаллӣ дар ин сарзамини таърихӣ ва ватани ориёиҳои шарқӣ аз он замон ба баъд ба дасти ақвоми бегона ва кӯчнишин супурда мешавад.
Яке аз сарзаминҳои куҳани сукунати мардумони ориёӣ Афғонистони кунунӣ мебошад. Бинобар ҷуғрофиёи Авесто дар сарзамини Афғонистон аз ин кишварҳои ориёӣ ёд мешавад: Бахди-Бохтар, Ҳаройва-Ҳирот, Ҳарахваити-Арахозия (ҷанубу ғарби Афғонистон), Ваекарата - дар маҳалли Кобулистони кунунӣ, Воитигаеса-Бодғис. Ҳамчунон ки аз зикри ин кишварҳо бармеояд, сарзамини Афғонистон дар баробари Мовароуннаҳр ва ё Варорӯд яке аз муҳимтарин макони сукунати ориёиҳо дар ҳазорсолаҳои қабл аз милод ба шумор меравад.
Бар асоси манобеи ба дастомада ҳам дар замони Кушониён ва ҳам Ҳайтолиён забони умури идорӣ ва расмии ин шоҳон забони бохтарӣ будааст. Аз эҳтимол дур нест, ки дар замони Кушониёну Ҳафтолиён лаҳҷаҳои маҳаллии забони бохтарӣ низ дар ин минтақа роиҷ будаанд. Бинобар навиштаи Сюан-Тзян ҳангоми мусофират ба ин манотиқ дар солҳои 30-юми асри VII дар Бомиён "расмулхат, қавоиди динӣ ва сиккаҳо мисли расмулхати Ту-хо-ло (Тахористон) буда, забон каме тафовут дорад"; дар Каписо "расмулхат ба расмулхати Ту-хо-ло бештар шабоҳат дошта, суннат, забон ва қавоиди динӣ то андозае тафовут доранд"; дар Шуғнон "расмулхат мисли расмулхати Ту-хо-ло буда, аммо забон тафовут мекунад"; дар Читрол "расмулхат мисли расмулхати Ту-хо-ло буда, аммо забон дигар аст". Ин саёҳи чинӣ дар бораи теъдоди фаровони осори адабии маҳфуз дар Тахористон, ки ба қавли ӯ ин осор аз осори суғдӣ бештар будааст, низ маълумоти судманд ироа доштааст. Ин ҳама тафовут дар забонҳои Тахористонро, ки Сюан-Тзян зикр мекунад, марбут ба лаҳҷаҳои гуногуни бохтарӣ буда, дар асри VII дар ин манотиқ истифода мешудаанд. Яке аз ин лаҳҷаҳои мансуб ба бохтарӣ дар сарзамини Афғонистон забони мунҷонӣ ва лаҳҷаи дигари ба он наздик йидга мебошад, ки то ба имрӯз дар ин сарзамин маҳфуз мондаанд.
Забонҳо ва лаҳҷаҳои гуногуни мардумони ориёӣ, ки дар тӯли таърих дар сарзаминҳои сукунати ҳар кадоме аз қавмҳои ориёӣ ташаккул ёфтаанд, аз як забони муштарак берун омадаанд. Вобаста ба ҳудуди ҷуғрофии сукунати мардумон ва ақвоми ориёӣ аз миёнаи ҳазорсолаи қабл аз милод дар сарзамини Эрони кунунӣ лаҳҷаҳои ориёӣ ба ду дастаи бузург - ғарбӣ ва шарқӣ бахш мешаванд. Ҳамаи забонҳо ва лаҳҷаҳое, ки ба лаҳҷаҳои куҳани ориёии ғарби Эрон марбутанд, ба гурӯҳи ғарбӣ ва ҳама он забонҳову лаҳҷаҳое, ки ба лаҳҷаҳои куҳани ориёии шарқӣ (ҳудуди Осиёи Миёна ва Хуросон) марбутанд, ба гурӯҳи шарқӣ шомил мебошанд. То миёнаи ҳазорсолаи пеш аз милод миёни забонҳои ғарбӣ ва шарқӣ тафовути назаррас вуҷуд надоштааст. Аммо аз ин давра ба баъд миёни забонҳои ғарбӣ ва шарқӣ тафовутҳо бештар мегарданд, ки инро дар мисоли муқоисаи тамоми забонҳо ва лаҳҷаҳо дар ҳама давраҳои таърихӣ бар асоси осори ба дастомада метавон мушоҳида кард. Осори хаттии давраҳои таърихии забонҳои ориёӣ якҷо бо осори мероси фарҳангию бостоншиносӣ ва номҳои таърихии ҷуғрофии ин кишварҳо далели қотеъ ва раднопазир дар мавриди гузаштаи дури мардумони ориёӣ дар сарзаминҳои таърихии зисти онҳо то ба имрӯз мебошад. Ҳамчунин номҳои ҷуғрофии таърихии Хуросону Мовароуннаҳр ин худ харитаи густариши забонҳо ва лаҳҷаҳои куҳани ориёии шарқӣ ва муҳимтарин шоҳид аз таърихи сукунати ақвоми ориёӣ дар ин сарзаминҳо маҳсуб мешавад.
Дар анҷом бояд афзуд, ки аз он забонҳо ва лаҳҷаҳои матруку муосири ориёӣ бештари онҳо ба сарзаминҳо ва мардумони ориёии шарқӣ иртибот дошта ва аз он даврони дури таърих дар ҳамин сарзамин ташаккул намуда ва бархе дар ҳамин сарзамин аз байн рафтаанд. Ин забонҳо ва лаҳҷаҳо ба монанди забонҳои авестоӣ, скифӣ (сакоӣ), суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, забонҳои помирӣ, яғнобӣ, пашту, мунҷонӣ, ормурӣ, парочӣ, йидга, осетинӣ ва дигар лаҳҷаҳои забонҳои муосири шарқӣ нишонаи нажодии мардумони ориёии шарқӣ дар сарзаминҳои таърихии зисти онҳо аз даврони дури таърих то ба имрӯз мебошанд.
Тавре ки аз сайри таърихии тамаддуни ориёӣ дар мисоли пайдоиш, ташаккул, рушд ва густариши он дида мешавад, қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла пешгузаштагони мо, тоҷикон, тавонистаанд силсилаи арзишҳои волоеро эҷод карда, барои башарият ба мерос гузоранд, ки дар давоми садсолаҳои зиёд ҳамчун дастаи нур ва гавҳари тобнок роҳи инсонҳоро ба сӯи некӣ ва покизагӣ равшан нигоҳ доштааст. Ва қарзи мо, имрӯзиён, ки бино ба қавлу тасдиқи беғаразонаи даҳҳову садҳо донишмандони маъруфи ҷаҳон ворисони ҳамон аҷдоди покандешу некрафтор ва меросхӯрони ҳамон тамаддуни некиву покӣ ҳастем, идома бахшидани роҳи аҷдоди номдори худ ва равшан нигоҳ доштани чароғи афрӯхтаи онҳост.
Бори дигар таъкид месозам, ки мо суннату анъанаҳои неки гузаштагонамон ва арзишҳои волои таъриху фарҳанги миллатамонро танҳо ва танҳо бо мақсади парваридани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дар қалбҳои мардуми худ ва наслҳои оянда гиромӣ медорем. Зеро чунон ки бузургони хирадмандамон гуфтаанд, арҷгузорӣ ба гузашта як боли мост ва хизматҳои имрӯзаи мо ба хотири ободии Ватани аҷдодӣ ва осоиши мардум боли дигари мост, ки миллати моро ба сӯи ояндаи шукуфону осуда қуввати парвоз хоҳанд бахшид.