Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми Раисӣ дар иҷлосияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид,
Ню-Йорк, 1999
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев
Душанбе, 2008
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао
Душанбе, 2008
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод Техрон, 2007
ПРЕЗИДЕНТ: Салоҳият | Баромадҳо | Вохӯриҳо | Паёмҳо | Барқияҳо | Аксҳо | Китобҳо
ХАБАРҲО
22 майи соли 2010

Паёми табрикии Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  
ба ифтихори Рўзи ҷавонон

 

Фарзандони азиз!
Дўстони ҷавон!
Ба ҳамаи шумо – ҷавонону наврасони мамлакат, ки ворисони арзандаи халқи тамаддунсози тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошед, Рўзи ҷавононро муборакбод мегўям.
Таҷлили ҳамасолаи Рўзи ҷавонон далели равшани таваҷҷўҳ ва ѓамхории давлат ба ҳаёти ҷавонон ҳамчун нерўи созандаи кишвар мебошад. ҷавонон дар мамлакати мо воқеан нерўи асосии ҷомеа буда, нисбат ба дигар табақаҳои иҷтимоӣ бештар фаъоланд.
Имрўз ҷавонони мо, ки такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор мераванд, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақш ва мавқеи басо муҳимро касб кардаанд. Дар тўли 19-соли истиқлолияти давлатӣ ҷавонони кишварамон дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми муносиб гузоштаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатии ҷавонон ягон масъалаи онҳоро аз мадди назар дур намегузорад ва дар ин раванд тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ки ҷавонону наврасони мамлакат ҳамқадами замон ба камол расанд.
Шумо - ҷавонон бояд хуб дарк намоед, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дўши шумо гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар яки шуморо вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстиву ватанпарастӣ кўшишу талош намоед.
Мо умедворем, ки ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар омўхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунад ва дар таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузорад.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рўзи ҷавонон табрик намуда, ба ҳар кадоматон дар роҳи ободсозии Тоҷикистони соҳибистиқлол пирўзиҳо ва барори кор орзумандам.

 

 

 

 

 
&