Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми Раисӣ дар иҷлосияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид,
Ню-Йорк, 1999
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев
Душанбе, 2008
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао
Душанбе, 2008
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод Техрон, 2007
ПРЕЗИДЕНТ: Салоҳият | Баромадҳо | Вохӯриҳо | Паёмҳо | Барқияҳо | Аксҳо | Китобҳо
ХАБАРҲО

28 январи соли 2012 
Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ кадрҳои ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар Шўрои амният, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳо пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Баъди суҳбат бо Сарвари давлат чор нафар ба вазифаҳои машваратчии калон – сардорони шуъбаҳои дастгоҳи Шўрои амнияти кишвар доир ба амнияти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ ва иттилоотӣ, пешгўӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, се кас ба вазифаҳои сардорони раёсатҳои кофтукови ҷиноӣ, тафтишот ва муҳофизати тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд.
ҳамчунин сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Фархор, Қумсангир, Вахш, Балҷувон, Ҳисор ва Шаҳринав иваз карда шуданд.
Муҳаббат Иброҳимов Сардори Маркази Тоҷикистон оид ба минаҳо таъин карда шуд.
Зимни суҳбат Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаҳои ногувори даст задании кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба амалҳои ҷиноию ѓайриқонунӣ бо таассуф ёдовар шуда, онҳоро ба иҷрои содиқонаю софдилонаи вазифаҳои пурмасъулияти дар наздашон гузошташуда, муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, таъмини амнияту субот дар ҷомеа ва тарбияи дурусти кадрҳои ҷавони соҳаҳои худ ҳидоят намуд.

 

 
 
&