Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми Раисӣ дар иҷлосияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид,
Ню-Йорк, 1999
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев
Душанбе, 2008
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао
Душанбе, 2008
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод Техрон, 2007
ПРЕЗИДЕНТ: Салоҳият | Баромадҳо | Вохӯриҳо | Паёмҳо | Барқияҳо | Аксҳо | Китобҳо
ХАБАРҲО

31 январи соли 2012 
Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Италия, Дания, Ирландия, Словакия, Литва, Эстония, Исроил ва Ветнам эътимоднома қабул намуд.
Сафирони фавқулодда ва мухтори 8 давлат – Ҷумҳурии Италия Риккардо Манара, Шоҳигарии Дания ҷаноби Йенсен, Ирландия Филипп Мак Дона, Ҷумҳурии Словакия Юрай Сивачек, Ҷумҳурии Литва Рокас Бернотас, Ҷумҳурии Эстония Яан Хейн, Давлати Исроил Хилел Нюман ва Ветнам Ле Ман Луан ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои оғози фаъолияти дипломатиашон дар Тоҷикистон эътимоднома супурданд.
Зимни суҳбат бо сафирон, ки 6 нафарашон аз кишварҳои аврупоиянд, Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳавасмандии устувори Тоҷикистонро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои он таъкид намуд.
Ба густариши муносибот бо давлати Исроил низ, аз ҷумла рушди робитаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва илму техника изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Бо ёдоварӣ аз фаъолияти босамари 9 корхонаи муштараки Ветнам дар Тоҷикистон ба дурнамои ҳамкорӣ бо ин кишвари минтақаи Осиёи ҷанубу шарқӣ баҳои баланд дода шуд.
Зимни суҳбат, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва мавзўъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карда шуд.


 
 
&