Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим»

28.09.2015 00:10, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҳамчунин дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим», ки дар Созмони Милали Муттаҳид ороста шуд, иштирок ва аввалин шуда суханронӣ намуд.

Қабл аз ҳама, Сардори Давлати Тоҷикистон ба созмондиҳандагони муколамаи интерактивии имрӯза, ки ба мавзӯи мавриди таваҷҷуҳи тамоми башарият – таъсири тағйирёбии иқлим ба сайёраи мо – бахшида шудааст, изҳори миннатдорӣ намуд.

Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон тайи даҳсолаи охир пайомадҳои манфии тағйироти иқлим, ки ба андозаи муайян ба фаъолияти инсон иртибот дорад, ҳарчи бештар аз худ дарак медиҳад. "Пажӯҳиши чандинсолаи мутахассисони мо, -иброз дошт Президенти Тоҷикистон аз тақвияти таъсири тағйироти иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар ва минтақа гувоҳӣ медиҳад".

Қайд гардид, ки тибқи мушоҳидаҳо, тайи 60 соли охир ба ҳисоби миёна ҳарорати солонаи ҳаво дар Тоҷикистон ба андозаи 1 дараҷа аз рӯи Селсия баланд шудааст; теъдоди рӯзҳои сербориш зиёд гардидааст ва ҳодисаҳои ғайриодии гидрометеорологӣ бештару шадидтар рух медиҳанд. Фақат ба иллати офатҳои табиии имсола ба иқтисоди кишвари мо ба андозаи садҳо миллион доллари амрикоӣ ҳисороти моддӣ расид. Мутаассифона, онҳо ба талафоти ҷонӣ низ боис шуданд.

Ба андешаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Таъсири манфии тағйироти иқлим ба ҳаҷм ва сифати захираҳои оби тозаи нӯшокӣ рӯз ба рӯз возеҳтар мегардад. Тайи даҳсолаи охир дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шудани масоҳати пиряхҳое, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳаммияти ҳаётӣ доранд, ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, ба иллати тағйироти иқлим дар ҳудуди кишвари мо то як ҳазор пирях нобуд шудааст".

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз тағйири даври гидрологӣ, ки он ба амнияти обӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонида, эҳтимоли обхезиҳо ва хушксолиҳои шадидро афзун мегардонад, эҳсоси нигаронии кишварҳои минтақаро иброз намуда, афзуд, ки "Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи минтақаҳое мебошад, ки дар паҳнои он тағйироти иқлим аллакай ба пайомадҳои муайяни манфӣ сабаб шудааст".

Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ ба масълаи андешидани тадбирҳои мутобиқсозӣ, ки унсури муҳимми рушди устувор мебошанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки "Ҳукумати кишвар Нақшаи миллии амалиётро оид ба сабук намудани пайомадҳои тағйири иқлим тасдиқ намуд. Тибқи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим се гузориши миллӣ омода карда шуд. Масъалаҳои тағйири иқлим ва амалисозии чораҳои мутобиқсозӣ ба ҷузъи муҳимми Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 табдил ёфтаанд. Илова бар ин, Ҳукумати кишвари мо Барномаи давлатиро оид ба таҳқиқ ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 тасдиқ намуд. Имсол якҷо бо шариконамон дар чаҳорчӯбаи экспедитсияи сеюми байналмилалии геофизикии баландкӯҳи Помир мо ба коре оғоз бахшидем, ки он на фақат барои кишвари мо, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти илмиву амалӣ дорад. Тибқи арзёбии пешакии олимон, тадқиқи намунаҳои ҷинси пиряхҳои бузурги Тоҷикистон, махсусан пиряхи Федченко, барои арзёбии ҳолати глобалии пиряхҳо ва тағйири иқлим аҳаммияти хоса хоҳад дошт".

Президенти Тоҷикистон иброз намуд, ки тадбирҳои самаранок оид ба сабуксозии пайомадҳои тағйири иқлим муттаҳид намудани талошҳои моро дар сатҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ тақозо доранд. Бинобар ин бо истифода аз ин минбари баланд Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки дар Осиёи Марказӣ зарурати таҳияву татбиқи стратегияи минтақавии маҷмӯӣ оид ба мутобиқсозӣ ба тағйири иқлим кайҳо ба миён омадааст. "Стратегияи зикршуда, -гуфт ӯ бояд тадбирҳои мутобиқсозиеро фаро гирад, ки дар дурнамои миёна ва дарозмуҳлат ба таъмини амнияти минтақа дар арсаи об мусоидат намоянд ".

Дар фарҷоми суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи омодагӣ ба Конфронси қарибулвуқӯи 21-уми ҷонибҳои иштирокдори Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим санадеро бо номи «Саҳми пешбинишаванда ва муайяншавандаи миллӣ» омода кард, ки он арзёбии ҳолати кунунӣ ва роҳҳои рушди минбаъдаро дар бар мегирад.

Президенти Тоҷикистон аҳамияти калидӣ пайдо кардани маблағгузории тадбирҳо оид ба кам кардани партовҳо ва мутобиқсозӣ, алалхусус барои кишварҳои рӯ ба рушдро махсусан қайд намуда бо таваҷҷуҳ ба ин ҳолатҳо, изҳори умед кард, ки василаҳои нави молиявӣ – Хазинаи иқлимии сармоягузорӣ ва Хазинаи сабзи иқлимӣ – дар ҷодаи амалӣ сохтани чораҳои нақшавӣ ба мо кумаки саривақтию зарурӣ хоҳанд расонид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520