Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии “Зарафшон”

18.10.2015 14:02, шаҳри Панҷакент

Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии “Зарафшон”-ро ифтитоҳ намуд.

Дар дохили бинои асосии коргоҳи заршӯӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ва пахш намудани тугма боз як корхонаи пуриқтидорро расман ифтитоҳ кард.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки коргоҳи дуюми заршӯии корхонаи муштараки «Зарафшон» дар давоми як сол сохта, ба истифода супорида шуд.

Арзиши лоиҳавии Фабрикаи заршӯӣ бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз бо инфрасохтори мавҷуда 1миллиард сомонӣ мебошад

Дар ин коргоҳ дар як сол то 2,2 тонна тиллои холис истеҳсол карда шуда, қариб 11 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард менамояд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди корхонаи муштараки  "Зарафшон" то имрӯз танҳо ду коргоҳ фаъолият мекард, ки имкон дошт то 4 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард намояд.

Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи бузург иқтидори умумии корхона дар як шабонарӯз ба коркарди 17 ҳазор тонна маъдан баробар гардида, иқтидори истеҳсолии корхонаи муштараки «Зарафшон» то 5 тонна тилло дар як сол расонида мешавад.

Зимни шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисони соҳа сӯҳбати озоду ошкоро доир намуда, бунёди чунин иншооти калонро барои рушди иқтисодиёти мамлакат муҳим маънидод кард.

Таъкид гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли солонаи маҳсулот 550 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Баъди бунёди корхона 185 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта,  180 нафар мутахассиси маҳаллӣ дар ин ҷо бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар маҷмуъ дар корхонаҳои Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки “Зарафшон” зиёда аз 2 ҳазору 200 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудааст.

Соли 2008-ум кони маъдани «Таррор» ба кор омода карда шуда, истифода ва коркарди маъдани ин кон ба таври васеъ ба роҳ монда шуд.

Дар баробари коркарди кони «Таррор» боз конҳои Ҷилав, Олимпӣ, ва Хирсхона истифода карда мешаванд, ки дар заминаи ин конҳо бунёди чунин корхонаи азими саноатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Конҳои мавҷуда аз корхонаи тозабунёд дар масофаи аз 4 то 8 километр  дуртар ҷойгиранд.

Дар баробари ба истифода додани нақби амудии маъданфаро ва нақби зеризаминии маъданкаш бо дарозиҳои мутаносибан 130 ва 250 метр масофа нисбатан  наздик гардид.

Сохтмони нақбҳои мазкур барои кам намудани арзиши аслии маҳсулот мусоидат мекунад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи коргоҳи дуюми корхонаи заршӯии ҶДММ “Корхонаи муштараки Зарафшон” дар шаҳри Панҷакент аз ҳолати роҳҳои мошингарди ба ин корхона баранда ва иншооти иҷтимоии маҳаллӣ изҳори норозигӣ карда, ба роҳбарияти ин корхона дастур дод, ки то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин роҳи ҳаждаҳкилометраро пурра азнавсозӣ намуда, ҳамчунин яктоӣ мактабу кӯдакистон ва маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 50 мВт барои ин корхона сохта ба истифода диҳанд.

Ҳамчунин Сарвари давлат дастур дод, ки маоши кормандони ин корхона зиёд карда шавад. Ҳоло маоши кормандон дар ин корхона аз 1000 то 1500 сомониро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат бо таъсиси корхонаҳои азими саноатӣ ин бо кори доимӣ таъмин кардани аҳолӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи зиндагии онҳо мебошад.

Дар ин самт роҳбарияти давлату Ҳукумат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, бо бунёди даҳҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии нав дар саросари кишвар ҳазорон нафар шаҳрвандони мамлакатро соҳиби кор ва маоши хуб кардаанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520