Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

21.10.2015 16:09, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз дар чойхонаи миллии қасри таърихии Арбоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат, ки бо иштироки роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ҷараён гирифт, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят дар солҳои охир мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба бартарафсозии камбудию норасоиҳои мавҷуда дар назди масъулин супоришҳои мушаххас гузошта шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масоили вобаста ба рушду тараққиёти вилоятро тайи 10 соли охир ва ҳам дар соли равон ҳамаҷониба таҳлил намуда, аз натиҷаҳои ҳосилшуда дар маҷмуъ изҳори қаноат кард ва ҳамзамон аз камбудию норасоиҳои ҷиддӣ ёдовар шуда, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Ҳамчунин натиҷаҳои боздиди навбатии Президенти мамлакат аз вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт ва таъкид гардид, ки барои иҷрои босамари супоришҳои дар ин рӯзҳо додашуда чораҳои судбахш андешида шаванд. 

Бо ёдоварӣ аз таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ таъкид гардид, ки барои таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон бояд иқтисоди миллӣ ҳамаҷониба тараққӣ дода шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: “Дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир моро зарур аст, ки барои истифодаи самараноки имконияту иқтидорҳои мавҷуда, аз ҷумла дар самти истифодаи захираҳои табиии кишвар, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ватанӣ, коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон пайваста чораҷӯӣ намоем”.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар 10 соли охир қисми даромади буҷети вилоят аз 223 миллион сомонӣ то ба 2,2 миллиард сомонӣ расонида шуд ва дар давоми солҳои 2005 – 2015 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои тараққиёти вилояти Суғд беш аз 13 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Ҳамзамон ба ҳамаи масъулон дастур дода шуд, ки бо кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа, коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, идораи самараноки амволи давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, барои зиёд намудани ҳаҷми воридоти маблағҳо ба буҷет ва пардохти саривақтии музди меҳнату нафақа пайваста чораҷӯӣ намоянд.

Тавре зикр гардид, имконоти қарздиҳии бонкҳо ва дигар ташкилоти қарзӣ ва ҳам ҳаҷми қарзгирии соҳибкорону тоҷирон ва дигар табақаҳои аҳолӣ афзун гардидааст. Аз ҷумла дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 2,1 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 9 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми қарзҳое, ки дар соли 2014 дода шудааст, ба 3,1 миллиард сомонӣ баробар аст, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2006 6,6 баробар зиёд мебошад.

Бо вуҷуди ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратии мамлакат тавсия дод, ки “минбаъд низ фаъолияти худро барои рушди низоми бонкӣ равона сохта, доир ба соддагардонии расмиёти қарздиҳӣ, афзунсозии маблағгузориҳои қарзӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ чораҳои зарурӣ андешанд”.

Зимни таваҷҷуҳ ба гардиши савдои хориҷӣ дар вилояти Суғд, аз ҷумла зикр гардид, ки танҳо дар 7 соли охир ин нишондиҳанда дар маҷмӯъ 2,3 баробар ва содироти молҳо 2,8 баробар афзоиш ёфта, соли 2014 маблағи он ба 450 миллион доллари амрикоӣ расидааст.

Ҳамзамон аз таносуби манфии савдои хориҷӣ изҳори нигаронӣ карда шуд, зеро чунонки таъкид гардид, “то ҳол воридоти молҳо нисбат ба содироти он 4,5 баробар зиёд мебошад”.

 Бо ёдоварӣ аз неруи бузурги содиротии вилояти Суғд ба роҳбарияти он дастур дода шуд, ки “барои амалисозии сиёсати воридотивазкунанда ва баланд бардоштани рақобатпазирии молҳои истеҳсоли ватанӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд”.

Тазаккур дода шуд, ки бо харҷи 3 миллиарду 750 миллион сомонӣ дар 14 шаҳру ноҳияҳои вилоят қариб 2,5 ҳазор барномаи афзалиятнок  амалӣ гардида, ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ онҳо мусоидати фаъол намуданд. Дар доираи ин барномаҳо 380 корхонаву коргоҳҳои хурду миёна бо зиёда аз 8 ҳазор ҷойи корӣ бунёд ёфта, ҳолати 6450 километр роҳҳо беҳтар гардид, 59 иншооти гуногуни соҳаҳои тандурустиву  сохтмон мавриди истифода қарор гирифт, 163 иншооти соҳаи маориф ва 44 иншоот дар соҳаи фарҳанг мавриди таъмиру азнавсозӣ қарор гирифт  ва 330 гектар заминҳои нав аз худ карда шуд. Дар 10 соли охир дар вилояти Суғд беш аз 48 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё гардидааст.

Ба иттилои Сарвари давлат дар қаламрави вилояти Суғд тайи даҳ соли охир дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, обрасонӣ, нақлиёту энергетика, хоҷагии манзиливу коммуналӣ ва гумруку андоз 45 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 6 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор дошт, ки аз он 33 лоиҳа ба маблағи 5,2 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, айни замон татбиқи 12 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми беш аз 750 миллион сомонӣ идома дорад.

Дар баробари ин, зикр гардид, ки “дар ҳашт моҳи соли равон бо мақсади рушди иқтисодиёти вилоят ба маблағи 656 миллион сомонӣ сармоягузорӣ сурат гирифтааст, ки  429 миллион сомонӣ ё 66 фоизи онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

«Ғайр аз ин, ҳоло бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят татбиқи 8 лоиҳаи сармоягузории нав ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ  оғоз шудааст, ки асосан ба рушди соҳаҳои нақлиёту энергетика, обрасонӣ ва хоҷагии манзиливу коммуналии вилоят равона гардидааст” – илова намуд Президенти мамлакат.

Мужда расонда шуд, ки соли оянда татбиқи лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Хуҷанд - Исфара, ки дарозиаш қариб 68 километр мебошад, бо ҷудо намудани беш аз 350 миллион сомонӣ (баробар ба 54 миллион доллари амрикоӣ) оғоз мегардад ва дар доираи ин лоиҳа инчунин қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом навсозӣ мешаванд.

Дар робита ба ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди маҳал ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супориш дода шуд, ки барои сари вақт ва самаранок татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя барои таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки вилоят тамоми имконияту захираҳои мавҷударо сафарбар намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба соддагардонии шароити сармоягузорию соҳибкорӣ ва ба саҳми арзандаи бахши хусусӣ дар рушди иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба соҳибкорони ватандӯст ва бонангу номус барои саҳми ватандӯстонаашон дар вусъати раванди созандагию ободкорӣ кишвар арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Президенти мамлакат аз иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар самти афзун намудани майдонҳои боғу токзор, истифодаи босамари заминҳои корам, афзоиши истеҳсоли меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти соҳа изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон доир ба зиёд намудани шумораи сардхонаҳою корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии вилоят ва кишвар дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Ғайр аз ин, таъкид гардид, ки кишоварзони вилоят имконияти чандин баробар зиёд намудани майдони боғу токзор ва ба ин васила бамаротиб зиёд кардани содироти меваро доранд. Аз ин хотир ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки нақшаи нави дарозмуҳлати бунёди боғу токзорро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Корхонаи воҳиди давлатии  «Тоҷикагролизинг» вазифадор карда шуд, ки бо истифода аз алюминийи ватанӣ истеҳсоли гармхонаҳои хурди васлшаванда ва аз тариқи лизинг ба кишоварзон дастрас намудани онҳоро ба роҳ монад.  Ба ин корхона ҳамчунин супориш дода шуд, ки  барои дастрас намудани техникаи кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешида, якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолияти босамари фонди бозгашти лизингиро таъмин намояд.

Бо изҳори нигаронӣ аз корношоям гардидани як қатор пойгоҳҳои обкашӣ ва аз истифодаи босамар дур мондани 3100 гектар заминҳои обӣ дар вилояти Суғд ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ супориш дода шуд, ки барои  таъмини фаъолияти пурраи пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ, дарёфти механизми пардохти ҳаққи хизмати  обрасонӣ ва маблағҳои барқ чораҳои зарурӣ  андешанд.

Ба масъулони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти вилоят дастур дода шуд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоиди соли равон барои ба роҳ мондани кишти тирамоҳӣ, беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо, бахусус аз худ намудани заминҳои бекорхобида аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, доир ба иҷрои дурнамои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори истеъмолии кишвар дар тамоми фаслҳои сол тадбирҳои пайваста андешанд.

Тавре зикр гардид, барои ҳалли як зумра мушкилоти иҷтимоӣ ба аҳолӣ 12 ҳазору 500 гектар замин барои бунёди манзили зист ҷудо карда шуда, дар натиҷа қисми зиёди оилаҳои ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ ва манзили нави истиқоматӣ шуданд.

Ба таҷрибаи бунёди шаҳракҳои нав дар қаламрави вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳракҳои Саразм (дар ш. Панҷакент), Моҳпарӣ (дар ш. Исфара), Сайҳун (дар н. Бобоҷон Ғафуров) ва Баҳористон (дар ш. Истаравшан) баҳои баланд дода шуд.

Бо зикри дастовардҳои бунёдкорӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, аз ҷумла ёдоварӣ шуд, ки соли равон дар вилояти Суғд бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо бунёд ва таъмири зиёда аз 100 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст ва то имрӯз 26 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар дигар иншооти соҳа идома доранд.

Дар давоми 10 соли охир охир тавассути ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ дар вилояти Суғд барои беш аз 41 ҳазор хонанда мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ, беморхонаҳо бо 924 кат ва дармонгоҳҳо барои қабули 995 нафар дар як баст сохта, ба истифода дода шудаанд.

Зарурати ҳалли мушкили норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф ва омӯзонидани касбу ҳунар ва ойини рӯзгордорӣ, хусусан ба ҷавондухтарон, аз ҷумла ҳунарҳои қолинбофию адрасбофӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ таъкид гардид.

Бо ёдоварӣ аз дастовардҳои намоён дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мушкилоти вобаста ба таъини нафақаҳои маъюбӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сохторҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супориш дода шуд, ки барои дақиқ муайян кардани шумораи маъюбон, шаффофу воқеъбинона таъин намудани нафақаи маъюбӣ ва аз байн бурдани ҳама гуна ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар ин самт чораҳои бетаъхир андешанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои фарҳангӣ дар вилояти Суғд, аз ҷумла мавриди истифода қарор гирифтани маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Маҷмааи таърихиву фарҳангии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва Қасри фарҳанг дар ноҳияи Айнӣ изҳори хушҳолӣ намуд.

Таъкид гардид, ки арзишҳои волои фарҳанги миллиамон ва дастовардҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон бояд пайваста мавриди муаррифӣ ва тарғибу ташвиқ гирифта, бо ин восита ба тарбияи ҳисси худшиносию ватандӯстии мардум, хусусан ҷавонону наврасон ва таҳкими ваҳдату ягонагӣ, дӯстиву бародарӣ ва сулҳу субот мусоидати фаъол бояд кард.

Бори дигар таъкид гардид, ки “ҷавонони вилояти Суғд  ташаббускориро аз даст надода, бояд худро аз амалҳои зишт ва ҳамроҳ шудан ба ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ дар канор гиранд ва афзуд: “вазъи имрӯзаи ҷаҳон  тақозо менамояд, ки ҷавонони мо доим ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба ҳимояи Ватан ва марзу буми он ҳамеша омода буда, шарафи Тоҷикистони азизамон, амнияти ҷомеаи кишвар, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии онро эҳтиёт ва ҳифз намоянд”.

Дар ин робита, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон ва зиёиёну фаъолон зарур дониста шуд, ки дар самти пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва роҳ надодан ба косташавии ахлоқи наврасону ҷавонон мунтазам ва фаъолона кор кунанд.

Хотиррасон гардид, ки то имрӯз 342 нафар аъзои ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динии характери экстремистидошта, ки дар ҳайати гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ бо мақсади барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ, динӣ, даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва амалҳои дигари барои давлату миллат хатаровар фаъолият доштанд, дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Бо нигаронӣ зикр гардид, ки ҳоло 169 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, баъзеашон бо аҳли оилаи худ, дар урдугоҳҳои махсуси давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар Сурия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии  Исломии  Покистон қарор  доранд ва 213 сокини вилоят - аъзои ҳизбу ҳаракат ва равияҳои экстремистӣ барои иштирок дар  муқовиматҳои мусаллаҳона дар Сурия дар кофтуков қарор доранд.

Изҳори бовар карда шуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаъолони ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсти кишвар вазифадоранд, ки барои пешгирӣ аз ҷалби сокинон, хусусан наврасону ҷавонон ба сафи ҳаракату гурӯҳҳои тундгарову экстремистӣ, инчунин дар самти баргардонидани ҳамватанон аз кишварҳое, ки дар онҳо задухӯрдҳои мусаллаҳона ва низоъҳои диниву мазҳабӣ ҷараён доранд, саҳми худро дареғ намедоранд.

Таъкид гардид, ки “суботу оромии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба муносибати ҳар яки мо алоқаманд аст ва мо набояд ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат бетарафӣ зоҳир намоем”.

Зарурати таъмини иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат барои омӯхтани сабаб ва омилҳои воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа, барои густариш додани ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдорсозии ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва мубориза бар зидди терроризм бо қотеият таъкид гардид.

Дар фароварди суханронӣ изҳори бовар карда шуд, ки мардуми сарбаланд ва бонангу номуси вилояти Суғд суръати ободкориву созандагиро минбаъд дучанд афзуда, барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Ватани муқаддасамон саҳми муносиб мегузоранд ва бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни фархундаи 25 - солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамаҷониба омода гардида, ба истиқболи шоистаи ин ҷашни бузурги миллиамон боз даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда, барои сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани иншооти ҷашнӣ  ҳиссаи ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Дар охир раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сухан гуфта, изҳор дошт, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ, бунёдкориву созандагӣ ва дар маҷмӯъ таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят тамоми имкону захираҳои мавҷударо сафарбар менамоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520