Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн

12.11.2015 23:18, Покистон

Бегоҳии рӯз дар Қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

Зимни мулоқоти хоса Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн ҳавасмандии амиқи Покистонро ба густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Покистон дарҳои худро ба рӯйи Тоҷикистон боз кардааст ва мо омодаем, ки бо ҳамкории зичу пурсамар муносибатҳои худро ба сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду ҷониб барорем”.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт: “Густариши ҳамкории гуногунҷанба, инчунин рушду таҳкими равобити ҳасана ва афзалиятноки иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз самтҳои асосии ҳамкории хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад”.

Робитаҳои сатҳу зинаҳои гуногуни ду ҷониб омили муҳим барои тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, дифоъ, амният ва фарҳангу маориф арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки он баҳри таҳкиму тавсиаи ҳамкорӣ имкониятҳои фарох муҳайё месозад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки рушди босуботи иқтисодиёти Покистон барои мо имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Тавассути қаламрави ин кишвар Тоҷикистон метавонад ба наздиктарин бандарҳои баҳрии он - Қарочию Гвадар роҳ ёбад.

Вобаста ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон тайи солҳои охир, зикр гардид, ки бояд дар давоми се соли оянда ҳаҷми тиҷорати дуҷониба то ба 500 миллион доллари амрикоӣ афзоиш дода шавад”.

Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, инчунин оид ба масъалаҳои ҳамкории пурсамари ду кишвар баҳри истифодаи самараноки анборҳои бандари Гвадар ва минтақаи озодии иқтисодии Панҷ, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, мубориза бо терроризму экстремизм, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба нафъи кишварҳои минтақа гуфтугуйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520