Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могеринӣ

01.12.2015 17:12, Белгия

Имрӯз дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могеринӣ мулоқот кард.

​Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд.

​“Тоҷикистон хоҳони ҳамкориҳои пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд бо Иттиҳоди Аврупо мебошад"-изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон .

​Ҷонибҳо фаъолияту ҳамкории механизмҳои муҳими Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Шӯро, Кумитаи ҳамкорӣ, Кумитаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва Муколама байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсонро барои густариши муносибатҳо амри зарурӣ шумурданд.

Аз фаъолияти муассири Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ оид ба амният, мубориза бо терроризм, ифротгароии динӣ, радикализм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду чолишҳои муосир изҳори қаноат карда шуд.

Дар суҳбат инчунин доир ба имкони ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодӣ, энергетика, равандҳои демократикунонии ҷомеа, таъмини амнияти минтақа, вазъи Афғонистон ва дигар мавзуъҳои ҳамкорӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520