Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии сармоягузорӣ Ян Вапавуори

01.12.2015 23:12, Белгия

Шоми имрӯз дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии сармоягузорӣ Ян Вапавуори мулоқот кард.

​Дар мулоқот масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки сармоягузории аврупоӣ баррасӣ шуд.

​"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки аврупоии сармоягузорро шарики боэътимоди худ медонад ва омода аст, ки сатҳи ҳамкориҳоро боло бибарад”-изҳор дошт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

​Ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориро вобаста ба рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф, тандурустӣ, фаъолияти бонкӣ,  ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сармояи Бонки аврупоии сармоягузориро дар соҳаҳои ҷустуҷӯ, истеҳсол ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баррасӣ карданд.

Дар мулоқот инчунин доир ба иштироки бонки мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ, аз ҷумла лоиҳаи хатти баландшиддати барқии CASA-1000 барои интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон, гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520