Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Амири Давлати Қатар Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ

18.12.2015 17:32

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

Боиси хушнудии ин ҷониб аст ба Волоҳазрат самимонатарин табрикот ва беҳтарин таманниётро ба муносибати Иди миллии Давлати Қатар ирсол намоям. Аз Худованди таъоло ба Шумо сиҳатмандиву хушнудӣ ва ба кишвари дӯст ҷиҳати пешрафту шукуфоии беш аз пеш таҳти роҳбарии Шумо комёбиҳо орзумандам.

Боварӣ дорам, ки муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Қатар дар ростои талошҳои муштарак тавсеа хоҳанд ёфт ва азми самимии ин ҷонибро ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ бо Волоҳазрат барои тақвияти робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун, ки ба суди мардумони бародари мо ва тамоми минтақа аст, таъкид менамоям.

Хоҳишмандам дурудҳои самимӣ ва эҳтироми фоиқаи маро қабул намоед.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520