Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Валиаҳд, муовини якуми раиси Шӯрои Вазирон, вазири корҳои дохилии Мамлакати Арабистони Саудӣ, шоҳзода Муҳаммад ибни Нойиф ибни Абдулазиз Оли Сауд

03.01.2016 23:53, Арабистони Саудӣ

Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  Валиаҳд, муовини якуми раиси Шӯрои Вазирон, вазири корҳои дохилии Мамлакати Арабистони Саудӣ, шоҳзода Муҳаммад ибни Нойиф ибни Абдулазиз Оли Сауд ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.

Бо баёни қаноатмандӣ аз заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар, ки зимни ин сафар бо як зумра санадҳои нав тақвият ёфт, изҳори умед карда шуд, ки арсаҳои ҳамкорӣ густариш хоҳад ёфт.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкории босамар дар муборизаи муштарак бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир зоҳир гардид.

Гуфтугӯйи судманд доир ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520