Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАХКАМЗОДА Махсудҷон
Мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Махкамзода Махсудҷон 15-уми майи соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2009 филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд бо ихтисоси молия ва қарз хатм кардааст.

Солҳои 2008-2013 ба ҳайси иқтисодчии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Комрон»-и ноҳияи Б.Ғафуров, мутахассиси Шуъбаи ташкилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, мутахассиси пешбари Шуъбаи баҳисобгирии даромадҳои Сарраёсати молияи вилояти Суғд, сармутахассиси Шуъбаи сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Сарраёсати молияи вилояти Суғд ва ёрдамчии Раиси вилояти Суғд кор кардааст.

Аз соли 2013 то соли 2016 ҳамчун Реферанти Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми феврали соли 2016 Мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

Оиладор соҳиби ду фарзанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520