Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ

15.03.2016 08:52, ноҳияи Рӯдакӣ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи якчанд иншооти таъиноти гуногун, инчунин мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф овард.

Дар даромадгоҳи ноҳия сокинон бо самимияти баланд, ки нишонаи возеҳи пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат мебошад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо оғози корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои Маҷмааи фарҳангию фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ бо нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ шуруъ гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани нома ба наслҳои оянда дар маҳалли бунёди ин маҷмааи бузурги хизматрасонӣ ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид.

Тавре ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, маҷмаа дорои кӯдакистон барои 200 тарбиятгиранда, корхонаи дӯзандагӣ бо 300 ҷойи корӣ, толори варзишӣ барои машқи 200 нафар дар як баст ва маркази савдо бо 400 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.

Маблағи умумии арзиши лоиҳа 30 миллион сомонӣ буда, дар рафти корҳои сохтмонӣ 200 нафар сохтмончӣ ҷалб мегардад. Баъди ба истифодадиҳии маҷмааи мазкур наздики 3 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешавад. Бунёди маҷмаа аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Заъфаралӣ Кабиров ба роҳ монда шуда, бояд давоми ду сол сохта шавад.

Лоиҳаи муосир аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Селтехпроект" омода гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саманди Сомон» анҷом медиҳад.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор ва сохтмончиёнро ба корҳои босифат ҳидоят намуд. Аз рӯйи таъкиди Сарвари давлат ин маҷмаа бояд бо тарҳи муосири бо меъмории шарқӣ омехта хеле зебо бунёд гардад ва солҳои зиёд ба мардум хизмат расонад.

Маҷмаа дар майдони умумии 5 гектар, дар ҳудуди шаҳраки Сомониён сохта мешавад. Ҳангоми ба фаъолият оғоз кардан, имкон аст, ки дар як шабонарӯз беш аз 20 ҳазор нафар аз хизматрасонии он баҳравар гарданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520