Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сохтмони бинои 9 - ошёна дар ноҳияи Рӯдакӣ

15.03.2016 09:28, ноҳияи Рӯдакӣ

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Рӯдакӣ, Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои истиқоматии бисёрошёна оғози расмӣ бахшид.

Бинои истиқоматии 9 - ошёна аз 85 хонаи як ва ду ҳуҷрагӣ иборат буда, сохтмонаш дар ҷойи манзили истиқоматии дуошёна, дар масоҳати 0,23 гектар ба нақша гирифта шудааст.

Он аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Убайдулло Гулов бунёд гардида, фармоишгар ва сохтмончӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмони арзон» ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Архиком-К» мебошад.

Арзиши лоиҳавии ин иншоот 17 миллион сомониро ташкил медиҳад ва дар ошёнаи якуми он бунёди маркази савдо ва дигар иншооти хизматрасонии маишӣ пешбинӣ гардидааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 25 нафар ва баъди бунёди бино 15 нафар аз сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Бинои истиқоматӣ дар доираи нақшаи генералии шаҳраки Сомониён, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010 тасдиқ шудааст, бунёд мегардад. Мавриди зикр аст, ки дар асоси ин нақшаи генералӣ дар маркази шаҳрак инчунин сохтмони биноҳои замонавии Қасри фарҳанг, идораи андоз, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, меҳмонхона, тарабхона ва дигар идораҳои маъмурию иншооти гуногуни маишӣ - хизматрасонӣ сохта мешавад.

Тарҳу намои бинои истиқоматӣ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ ҷавобгу буда, дар он тамоми унсурҳои миллӣ пешбинӣ гардидааст.

Сокинони манзили зисти дуошёна, ки дар ҷойи он бинои баландошёнаи истиқоматӣ сохта мешавад, иброз медоранд, ки дар хонаҳои онҳо оддитарин шароити зист вуҷуд надорад. Соҳибкори ватандӯст азм дорад, ки бо бунёди бинои хуштарҳ сокинонро бо хонаҳои замонавӣ ройгон таъмин намояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ин иқдом ба соҳибкор Гулов Убайдулло баҳои арзанда дода, сохтмончиёнро ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520