Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр - Суғдсемент» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

23.03.2016 10:39, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо буридани лентаи рамзӣ корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр - Суғдсемент»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони корхона аз ҷониби ширкати ватании «Ғаюрсемент» дар якҷоягӣ бо шарикони чинӣ - Ширкати «Хуаксин семент» соли 2014 оғоз ёфта буд ва дар масоҳати 48 гектар замини бекорхобида бо харҷи зиёда аз як миллиард сомонӣ бунёд гардидааст.

Иқтидори лоиҳавии корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна ва дар як сол беш аз 1 миллион тонна семент буда, дар он беш аз 1300 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Беш аз 90 фоизи коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки маоши онҳо аз 1500 то 12000 сомониро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии корхона 1400 нафар бинокор ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намудаанд, ки аксари онҳо сокинони маҳаллӣ буданд.

Бо мақсади таъмини муътадили фаъолияти корхонаи сементбарорӣ нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ бо иқтидори  25 мегаватт дар як соат бунёд карда шудааст.

Барои таъмини шароити мусоиди кору зисти коргарон дар назди корхона хобгоҳи муосир ва ошхона бунёд гардидааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхона шинос шуда, ба кори соҳибкорон баҳои баланд дод ва арзи сипос намуд.

Корхонаи «Хуаксин Ғаюр - Суғдсемент» бо технологияи муосири ҷаҳонӣ сохта шуда, маҳсулоташ бепартов ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад. Навъи сементи корхона 400, 500 ва 600 буда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва дар бозори аврупоӣ маъмулу рақобатпазир мебошад.

Корхона ҳамасола ба давлат беш аз 145 миллион сомонӣ андоз хоҳад супорид.

Ба гуфти соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов, бо фаъол гардидани корхонаи мазкур ва афзоиши маҳсулот арзиши семент дар Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд то 35 дарсад коҳиш меёбад ва он боз воридотивазкунанда низ ҳаст.

 Баъди ифтитоҳи корхонаи азими саноатӣ дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва коргарони ин коргоҳи истеҳсолӣ мулоқоти судманд анҷом дод.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи «Хуаксин Ғаюр - Суғдсемент» - ро бо таъсиси 1300 ҷойи корӣ муборакбод намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520