Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо корҳои бунёди 100 гектар боғи сиёҳолуи содиротӣ дар ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

23.03.2016 12:17, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Сугд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди сад гектар боғи сиёҳолу оғоз бахшид.

Сарвари давлат бо кушодани қубури обгузар заминҳои ташналабро шодоб гардонида, якҷоя бо хоҷагидорону боғпарварон ниҳол шинонд.

Тавре ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар замини аз ҳисоби беобӣ бекорхобидаи ҷамоат, ки тули солҳо ҳамчун чарогоҳ истифода мешуд, соҳибкорон дар масоҳати 120 гектар боғ бунёд кардаанд. Дар ин ҷо 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудааст. Мақсад аст, ки боз дар майдони 600 гектар боғи сиёҳолу шинонида шавад ва ин имкон медиҳад, ки боз ҷойҳои иловагии корӣ ташкил гардад.

Дар 100 гектар 9 намуд ниҳолҳои сиёҳолу, дар масоҳати 20 гектари дигар навъҳои гуногуни шафтолу шинонида шудааст. Соҳибкорон Нодирҷон Қодиров ва Хуршед Шодиев барои обёрии 600 гектар замин аз дурии 13 километр тавассути қубурҳо об овардаанд.

Ба ҳолати то якуми марти соли ҷорӣ хоҷагидорон дар масоҳати 100 гектар боғи Сиёҳолуи «Тобистон», «Испалинӣ», «Султонӣ», «Комета», «Самарқандии барвақтӣ» ва «Японӣ» бунёд кардаанд. Дар масоҳати 20 гектар шафтолуи навъҳои «Лола», «Фарҳод», «Чилагӣ» ва «Элберта» шинонида шудааст.

Дар оянда тибқи нақша дар ҳамин ҷо як корхона бо 200 ҷойи корӣ барои коркарди мева бунёд карда мешавад.

Сиёҳолу дар бозори ҷаҳонӣ серхаридор буда, асосан ба Федератсияи Россия, Қирғизистон ва Аврупо содирот карда мешаванд. Барои самаранок истифода бурдани замин ва даромади иловагӣ аҳли меҳнати хоҷагиҳо миёни қаторҳои ниҳолҳо пиёзи тирамоҳӣ кишт кардаанд. Сиёҳолу баъд аз се сол ба ҳосил даромада, дар соли аввал то 12 килограм аз ҳар як ниҳол ҳосил медиҳад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати бунёди боғҳои нав ва дар амал татбиқ кардани барномаи давлатии рушди соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2016-2020 ба сокинони ноҳия дастуру тавсияҳои муфид дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520