Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи таъзия ба Президенти Ҷумҳурии Лубнон Эмил Лаҳуд

15.02.2005 15:00, шаҳри Душанбе

15 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалокати фоҷиавии Сарвазири собиқи Лубнон Рафиқ Ал-Ҳарирӣ, ки дар натиҷаи таркиши мудҳише дар Бейрут сурат гирифт, ба Президенти Ҷумҳурии Лубнон Эмил Лаҳуд барқияи таъзия ирсол намуд. Дар он Сарвари давлат  ин амали ваҳшиёнаи террористиро сахт маҳкум карда,  ба  Ҳукумат ва мардуми ин кишвар изҳори ҳамдардию тассалият намуд.

"Аз фоҷиае, ки дар  шахтаи музофоти Ляонини Ҷумҳурии Мардуми Чин ба вуқӯъ пайваста, сабаби талафоти зиёди ҷонӣ гардидааст, амиқан андӯҳгинам", - гуфта мешавад дар барқияи дигаре, ки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Ҷумҳурии Мардуми Чин Ху Тзин Тао фиристод.

Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммади Хотамӣ дар мавриди оташсӯзӣ дар масҷиди бузурги Арки Теҳрон, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди мардум гардидааст, барқия фиристода, ба Сарвари давлат ва халқи Эрон изҳори ҳамдардӣ намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520