Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили ҷашни идонаи "Рӯзи пойтахт" дар Боғи фароғатии Маҷмааи шавқовари "Пойтахт-80"

17.04.2005 12:00, шаҳри Душанбе

17 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҷлили ҷашни идонаи  "Рӯзи пойтахт" ба Боғи фароғатии Маҷмааи шавқовари "Пойтахт-80" омад. Боғи фароғатии Маҷмааи "Пойтахт-80" ба хотири таҷлили  нахӯстин "Рӯзи пойтахт" шукӯҳу шаҳомати хоса дошт. Сокинону меҳмонони пойтахт  бо рӯҳияи баланди идона, хушу хурсандона дар ин гӯшаи  дилрабои пойтахт  ҷамъ омада буданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз намоиши гулҳо дидан намуда, ҳамагонро бо ин рӯзи фархунда шобдош гуфт. Сарвари давлат ба ҳозирин, ки аксарияташонро ҷавонон ташкил медоданд, муроҷиат намуда, мақсади асосии баргузории  ин чорабинии муҳимро тарбияи насли наврас дар рӯҳияи  созандагӣ, худшиносиву худогоҳӣ, масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба хотири ободӣ ва рушду густариши ҳарчи бештари имрӯзу ояндаи пойтахти давлати соҳибистиқлоламон, амалӣ гардонидани ғояҳои  сулҳу дӯстӣ, истиқлолият, давлатдории миллӣ ва пойтахти он арзёбӣ кард.

Баъди суханронии Сарвари давлат намоиши театрикунонидашуда пешкаши меҳмонон ва сокинони пойтахт гардонида шуд.

Таҷлили  "Рӯзи пойтахт" ба иди ҳақиқии дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмию ҳамраъйии кулли сокинони он табдил ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520