26 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвазири Ҷопон Дзюнитиро Коидзуми барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
"Аз хабари ба фалокат дучор шудани қатораи роҳи оҳан, ки дар натиҷаи он даҳҳо нафар ҳалок ва садҳо нафари дигар маҷрӯҳ шуданд, сахт андӯҳгин гардидам.
Аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан изҳори ҳамдардӣ намуда аз Шумо, мӯҳтарам ҷаноби Сарвазир, хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии моро ба аҳли оила ва хешу таборони ҳалокшудагон расонед".