Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо аълоҳазрат Муҳаммад Зоҳиршоҳ

27.04.2005 16:00, Афғонистон

Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аълоҳазрат Бобои миллат - Муҳаммад Зоҳиршоҳ мулоқот намуд.

Президенти Тоҷикистон хидмати бузург ва таърихии Муҳаммад Зоҳиршоҳро барои кишвари хеш қайд намуда, нақши ӯро дар дастёбӣ ба сулҳ ва ризоияти саросарии миллӣ таърихӣ номид. Мо,- зикр намуд Эмомалӣ Раҳмон, - умедворем, ки мақом ва ҷойгоҳи хос, ҳамчунин таҷрибаи бузурги сиёсӣ ва зиндагии Шумо ба нафъи таъмини субот ва амнияти пойдор, таҳкими низоми сиёсии навин, эҳё ва бозсозӣ, пешрафт ва саодати мардуми шарифи Афғонистон мусоидат хоҳад намуд.

Тарафҳо таъкид карданд, ки ҷонибдори ҳамкории васеъ ва ҳадафманди минтақавӣ, қабл аз ҳама дар мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои имрӯзӣ - терроризми ҷаҳонӣ, қочоқи маводи мухаддир, ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ мебошанд.

Дар ҳузури Муҳаммад Зоҳиршоҳ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо ордени "Қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд" сарфароз гардонид, ки дар фармони Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай чунин омадааст: "Дар бораи эҳдои Нишони Олии Давлатии Қаҳрамони миллии Афғонистон  -Аҳмадшоҳи Масъуд". Дар асоси ҳукми банди 19 моддаи 64 -и Қонуни Асосӣ - ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон - Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳусни ҳамкорӣ, таъмини амният, сулҳу субот ва таҳкими дӯстӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамоти басо арзишмандеро анҷом дода, бо супоридани нишони олии давлатии "Қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд" сарфароз месозам.

Пас аз мулоқотҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди хабарнигорони маҳаллӣ ва хориҷа изҳор намуд, ки  дар ҷараёни ин боздиди дӯстона мулоқот ва музокироти муфассал бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай, мақомоти олирутбаи кишвар, раҳбарони ниҳодҳои дигар анҷом дода шуд, ки дар фазои самимӣ, ҳусни ният ва созандагӣ сурат гирифтанд.

"Ҳадафи нахустин ва муҳимтарини ин сафар, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон, - таҳкими бештари равобити дӯстонаи дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд аст. Ман мӯътақидам, ки бо назардошти ниёзҳо, аҳдофи ҷорӣ ва дарозмуддати муштарак, тамоюлоти имрӯзии минтақавӣ ва байналмилалӣ равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст ва дорои пайвандҳои амиқи таърихӣ ба сатҳи сифатан нав ниёзманданд".

Ҳадафи дигари сафарро Президенти Тоҷикистон ҳамчун баррасӣ ва арзёбии масоили муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ номид. Дар ин росто ҳамкории муассир дар таҳкими субот ва амнияти минтақа, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории созмонёфтаи фавқимиллӣ ва дарёфти роҳҳои рушди ҳамкории минтақавӣ бо ширкати васеътари Афғонистон мақоми асосӣ хоҳанд дошт.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки мо тамоми имконот ва захираҳои зарурии ҳамкории фарогири ҳама соҳаҳо ва арсаҳоро дорем. Мо омодаем, ки барои ҷалбу истифодаи онҳо ба нафъи бозсозии муваффақонаи кишвари Афғонистон ва рушди равобити дуҷониба иқдомоти заруриро амалӣ намоем.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520