Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиёрати оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд дар мавзеи Панҷшери Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

28.04.2005 15:00, Афғонистон

28-уми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз иштирок дар ҷашни сездаҳумин солгарди пирӯзии ҷиҳоди мардуми Афғонистон аз мазори Аҳмадшоҳи Масъуд дар мавзеи Панҷшер дидан намуд.

Дар суханронии худ Президенти Тоҷикистон қайд кард, ки мо ва Шумо имрӯз аз шахсияти бузург ва таърихӣ, солори шаҳидон ва озодагон ва инсони ростин бо эҳтиром ва муҳаббат ёдоварӣ ва гиромидошт менамоем, ки дар қалби ҳар фарди сарзамини азизи Шумо ва даҳҳо миллион афроди огоҳ ва некандеши минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи хос дорад.

Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд қабл аз ҳама ватандӯсти ростин буд. Ин рукни аслӣ ва бунёдии сирати ӯ бо огоҳии саҳеҳ, эътиқод ва иродаи матин, диди васеъ ва созанда, дурандешӣ ва масъулияти бузурги таърихӣ омезиши табиӣ ва ҷаззоб пайдо намудааст. Шояд бузургтарин ва волотарин арзиш барои инсон масъулияти воқеии фарзандӣ барои Ватан бошад. Ва Аҳмадшоҳи шаҳид ин рисолати фарзандӣ ва инсонии худро бо фидо намудани тамоми ҳаёти огоҳона ва азизи худ дар сатҳи беназир анҷом дод. Ӯ инсоне буд ороста бо хислатҳо ва сифатҳои бузурги инсонӣ, соҳиби маънавияти воло, ҷаззобияти хоси ахлоқӣ, самимият ва меҳри бузурги инсонӣ ва дар маҷмӯъ сирати волои инсонӣ буд. Ӯ диди васеъ ва амиқи сиёсӣ ва стратегӣ дошт. Кишвари азизи худро дар озмунгоҳи ояндаи таърих медид ва талош дошт, ки наслҳои оянда аз сарнавишти фоҷеавӣ ва сангин эмин монанд.

Дар бораи ин бузургмард достонҳо, ашъор ва осори нав эҷод хоҳад шуд, вале гумон аст симо ва сирати беназири таърихии ӯ комилан бозгӯ шавад.

Худи ҳамин рӯз баъд аз анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Кобул ба Душанбе баргашт. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки сафари расмии мо оғозгари марҳалаи сифатан нав дар равобити таърихан дӯстонаи ду кишвар ва мардумони онҳо хоҳад гашт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520