Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба 60-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

07.05.2005 15:00, шаҳри Душанбе

7 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи "Ваҳдат"-и пойтахт дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба 60-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт, ки ғалабаи халқҳои ҷаҳон дар ин ҷанг бар фашизм дар тақдири инсоният воқеаи муҳимтарин гардид. Тавре ки маълум аст, ин ғалаба ба ивази қурбониҳои беандоза ба даст омад.

"Мо имрӯз дар назди хотираи ҳамаи онҳое сари таъзим фуруд меорем, ки дар мубориза ба муқобили фашизм ҳалок гардидаанд", - иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон .

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки намояндагони халқи тоҷик дар таъмини ғалаба саҳми беандоза бузург гузоштаанд. Қаҳрамонии онҳо дар саҳифаҳои таърих бо хатти заррин сабт шудааст.

Дар суханронӣ таъкид рафт, ки мутаассифона шумораи ветеранҳои ҷанг торафт кам мешавад. Вазифаи мо ғамхории бештар ба иштирокчиёни ҷанг мебошад.

Ҳукумати мамлакат барои иҷрои фармони мазкур тадбирҳои самарабахш меандешад. Ба ин муносибат дар арафаи иди 60- солагии ғалаба маблағи нафақаи ветеранҳои ҷанг ва ҳамсарони бесаробонмондаи иштирокчиёни он 30 сомонӣ зиёд карда шуд.

Мо ҳамчунин ба онҳое миннатдорӣ баён мекунем, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда, дар ақибгоҳ барои таъмини эҳтиёҷоти фронт фидокорона меҳнат мекарданд.

Ғалабаи инсоният дар ҶБВ барои тамоми халқҳо новобаста ба мавқеи сиёсию динӣ ва тобеияти нажодии онҳо аҳамияти бузурги таърихӣ дорад.

Дар охири ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 60-солагии Ғалаба дар ҶБВ консерти устодони санъати Тоҷикистон баргузор гашт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520