Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими савгандёдкунии наваскарони Қувваҳои сарҳадӣ

11.05.2005 14:00, шаҳри Душанбе

11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими савгандёдкунии наваскарони Қувваҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми низомии 2620-и Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, дар маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарон ширкат намуд.

Моҳияти асосии савганди ҳарбӣ ин қасами сарбоз барои ҳифзи сохти конститутсионӣ, марзу буми Ватан, манфиатҳои умумимиллию давлатӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолият мебошад. Маҳз бо назардошти ҳамин, 500 нафар наваскарон дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои садоқат ба халқу Ватан савганд ёд намуданд.

Дар сӯҳбат бо падару модарон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки сарҳад яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ буда, ҳимояи он қарзи пуршарафи шаҳрвандии ҳар як фарди соҳибифтихори кишвар мебошад.

Волидайн аз он шукргузорӣ менамуданд, ки дар марҳилаи кунунии инкишоф Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина рукнҳои  муҳимми соҳибихтиёриро шарафёб гардида, онҳоро мустақилона ҳифз менамояд.

Дар сухани шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии наваскарон тазаккур дода шуд, ки  аз 4 ҳазору 183 километр марзи умумии Тоҷикистон алҳол 2 ҳазору 912 километр зери назорати қушунҳои сарҳадии мамлакат қарор дошта, 511 километр марз бо Хитой ва 810 километр бо Афғонистон дар самти Бадахшон, 134 км дар самти ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба ихтиёри  нерӯҳои марзбони Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Рӯзҳои наздик боз 530 км марз дар қитъаи ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  таҳти ҳимояи сарҳадбонони тоҷик вогузор мешавад. Ин тадбирҳо мувофиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия амалӣ мегардад.

Баъди анҷоми гузашти низомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо наваскарон аз наздик сӯҳбат дошт ва аз шароитҳои  хизмату фароғат пурсон шуд.

Афсарону сарбозон аз таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин қисми низомӣ изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки баҳри ҳифзи  марзҳои давлатӣ содиқона хизмат хоҳанд кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520