Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳои ҷашнии 5-умин солгарди мақоми давлатӣ гирифтани ансамбли "Шашмақом"

12.05.2005 18:00, шаҳри Душанбе

12 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнии 5-умин солгарди мақоми давлатӣ гирифтани  ансамбли  "Шашмақом" ба Хонаи радио омад. Сарвари давлат нахуст намоишгоҳи дастовардҳои санъати миллӣ ва касбии Тоҷикистонро тамошо намуда, барои боз ҳам ғанитару пурмӯҳтаво гардидани осори мусиқии ниёгон ва муосир дастуру маслиҳатҳои судманд дод.

Аз рӯзи ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба ансамбли шашмақомхонони ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  додани мақоми давлатӣ 5 сол сипарӣ гардид.

Барномаи ҳунарии идонаро устодони санъати ҷумҳурӣ, аъзои ансамбли давлатии шашмақомхони ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуданд.

Аҳли толор аз маҳорати беназиру нотакрори шашмақомхонон ба ваҷд омада, суруду таронаҳои пурҷозиба, оҳангҳои дилчаспу рӯҳнавозро бо самимияти афзун истиқбол намуданд.

Ҳунармандони дастаҳои ҳунарии "Дарё", "Гулрез", ансамбли давлатии "Фалак"-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санъаткорони шинохтаи кишвар ҳамкасбони худро бо ҷашни  5-умин солгарди мақоми давлатӣ гирифтани ансамбли "Шашмақом" шодбош гуфта, дастовези мусиқии худро пешниҳод намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520