25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш дар мулоқот бо роҳбарияти гурӯҳи "СК-Телеком"-и Ҷумҳурии Корея ҷиҳати таъсиси намояндагии ин ширкати бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамфикр буданд.
Ҳадафи асосӣ бо истифода аз мавқеи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо дигар мамолики минтақа мебошад.
Ҳаҷми умумии даромади солонаи ширкат 4,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми сармоя ба 4,2 миллиард доллар баробар аст. Самтҳои асосии фаъолияти ширкати "СК-Телеком"-ро дастгоҳҳои барқию химиявӣ, телекоммуникатсионӣ, хизматрасонӣ ва молия ташкил медиҳанд. Дар ин ширкат бештар аз 26 ҳазор мутахассис фаъолият дошта, шумораи муштариён ба 19 миллион расидааст. Тавассути технологияи навтарини ширкат дар заминаи телефони мобилии рақамӣ идораи кулли воситаҳои электрикию газии ҷойи истиқомат ва кор имконпазир аст.