Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

28.05.2005 09:00, шаҳри Душанбе

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба муносибати Иди миллии ин мамлакат барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, гуфта мешавад.

"Ба муносибати Иди миллии мамлакати Шумо табрикот ва орзуҳои беҳтарини  худро бо қаноатмандии бузург ба Шумо ва ба ҳамаи халқи Ҷумҳурии Озарбойҷон ирсол медорам.

Аминам, ки дар натиҷаи  саъю кӯшиши муштараки  мо муносибатҳои дӯстонаи анъанавӣ ва ҳамкории барои  ҷонибайн муфиди байни  ҳарду мамлакату халқҳо боз ҳам  густариш меёбанд.

Аз ин имконияти хуш истифода намуда, ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович, тансиҳатии бардавом, саодату беҳбудӣ ва ба халқи дӯсти Озарбойҷон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям".

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520