Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар

30.05.2005 14:00, шаҳри Душанбе

30 май дар толори  Кохи "Ваҳдат" Конференсияи байналмилалӣ оид ба  ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар ба кори худ оғоз кард.

Раиси Кумитаи тадорукоти Конференсия, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо сухани муқаддимавӣ конференсияро  ифтитоҳ намуд. Қайд гардид, ки дар кори Конференсия фиристодагони  зиёда аз 50 давлати дунё ва намояндагони  103 созмони  байналмилалӣ, байнидавлатӣ ва корпуси дипломатӣ иштирок доранд. Ҷараёни кори Конференсияро намояндагони  47 шабакаи  воситаҳои ахбори омма инъикос хоҳанд кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони Созмони Милали Муттаҳид баъди буридани лентаи рамзӣ ва ифтитоҳи он аз намоишгоҳи ба мавзӯъи Конференсия махсусгардонидашуда дидан кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бунёди байналмилалии Наҷоти Арал Эмомалӣ Раҳмон бо паём ба иштирокдорони Конференсия баромад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520