Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдиду тараққиёт Жан Лемер

16.06.2005 18:00, ноҳияи Варзоб

16 июн  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи беруназшаҳрии худ дар мавзеи Пуғуси ноҳияи Варзоб Президенти Бонки Аврупоии таҷдиду тараққиёт Жан Лемерро  ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдиду тараққиёт баррасӣ шуданд.

"Тайи солҳои охир дастовардҳои иқтисодию молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас гардиданд", - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ёдрас шуд, ки  таваррум ба сатҳи 5-6 фоиз ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 10 фоизи солонаро ташкил медиҳад.

Тавре дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид гардид, яке аз омилҳои асосии пешрафти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои мусоиди ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштараки  истеҳсолу коркард ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ дар мавриди азхудкунии захираҳои фаровони гидроэнергетикию металлургияи рангаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҷонибҳо барномаи қарздиҳии хурди Бонки Аврупоии таҷдиду тараққиётро, ки дар ҳамдастӣ бо бонкҳои тиҷоратии маҳаллӣ амалӣ шуда истодааст, ибтидои марҳилаи  нави вусъати ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ ва фаъолияти самарабахши бонкӣ маънидод карда, изҳори боварии комил намуданд, ки он натиҷаҳои неку бобарор хоҳад овард.

Дар мулоқот доир ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва саҳмгирӣ дар марҳилаи  барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон таклифу пешниҳодоти судманд баён гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520