Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар вохӯрии сарони мамолики узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ

23.06.2005 15:00, Русия

23 июн дар толори Екатеринаи муқаддаси Қасри Кремл вохӯрии сарони мамолики узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гардид, ки дар  он  масъалаҳои  ҳамкориҳои бисёрҷониба ва рӯзномаи кории анҷумани навбатии Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти  Дастаҷамъӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Сипас дар толори Александри  Қасри Кремли Маскав иҷлосияи Шӯрои  амнияти  дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи   Амнияти Дастаҷамъӣ ба кори худ оғоз кард. Дар иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  суханронӣ намуд.

Мавзӯи суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон асосан масоили фарогири таҳкими суботу амният, рушди устувори ЕврАзия, вусъати муборизаҳои муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидбори вобаста ба онро дар бар гирифт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади  таъмини осоишу амнияти минтақа талошҳои амиқ ба харҷ медиҳад, - афзуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Аз соли 1999 то ибтидои моҳи июни соли 2005 сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 44 тонна маводи нашъадор, аз ҷума 22 тонна маводи сахттаъсири героин мусодира намуданд, ки ин амал боиси наҷоти 24 миллион сокинони сайёра гардид.

Ба хусус нерӯҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт нишондиҳандаҳои назаррас доранд. Агар дар давоми соли 2004 аз ҷониби онҳо 115 кг. героин мусодира шуда бошад, пас дар панҷ моҳи соли равон сарҳадчиёни тоҷик 207 кг.  маводи мухаддирро мусодира ва нобуд сохтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо назардошти мавҷудияти хатарҳои ҷиддии афзоиши истеҳсолу интиқоли маводи мухаддир -  сарчашмаи таъмини молиявии гурӯҳҳо ва марказҳои террористии ҷаҳон пешниҳод кард, ки баробари ҳамдастии амиқ дар таҳкими фаъолияти  коалитсияи байналмилалии мубориза алайҳи терроризм, ҷиҳати таъмини рахнанопазирии сарҳадоти  ҷанубии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ хатти амниятӣ созмон дода шавад.

Таклифу пешниҳодот ва муҳокимарониҳои асосноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби дигар сарони мамолики узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қобили қабули воқеӣ дониста шуда, аснои таҳияи созишномаҳои ҳамкорӣ ба эътибор гирифта шуданд.

Раиси нави Шӯрои  амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти  Дастаҷамъӣ Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин интихоб гардид.

Дар нишасти матбуотӣ аснои посух ба саволи хабарнигорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар мавриди пешгирӣ намудани хатарҳои  таҳдидбори минтақавию глобалӣ вусъат бахшидани  раванди созандагии   баъдиҷангии Афғонистонро омили муҳимму асосии  амнияту осоиши минтақа арзёбӣ кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки бо талошҳои муштараки мамолики узви Созмони Аҳдномаи Амнияти  Дастаҷамъӣ марҳила ба марҳила робитаҳои мақомоти қудратию ҳарбии кишварҳо қавӣ гардида, иқтидори мудофиавии онҳо низ меафзояд, зеро дар шароити кунунии пешрафт ҳамдастию ҳамкориҳои бисёрҷониба амри зарурию талаби ҷомеа аст.

23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди иштирок дар  ҷаласаи сарони мамолики узви ЕврАзЭС ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз шаҳри Маскави Федератсияи Россия ба Ватан баргашт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520