Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Иванов

24.06.2005 10:00, ноҳияи Варзоб

24 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи беруназшаҳрии худ, воқеъ дар дараи Варзоб, вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Ивановро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Федератсияи Россия дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо бо ифодаи ҳамфикрии амиқ созишномаҳои моҳи октябри соли 2004 дар ҷараёни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олӣ ба имзорасидаро заминаи боварибахши ҳамкориҳои  ду мамлакати дӯсту бародар арзёбӣ карданд.

Тавре таъкид гашт, таъсиси базаи ҳарбии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази соқитшавии қарзҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ихтиёри Федератсияи Россия супоридани шабакаи оптикӣ-электронии "Норак", аз ҳисоби буҷети Федератсияи Россия дар заминаи макотиби олии ҳарбии ин кишвар тайёр намудани  кадрҳои соҳибихтисос барои қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тадбирҳои  муваффақонаи ҳарду тараф мебошанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба дигар масъалаҳои ҳамкорӣ, авзои минтақа ва ҷаҳон, вусъати муборизаҳои муштараки байналмилалӣ  бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир мароқ зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520