Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои ИДМ

24.06.2005 14:00, ноҳияи Варзоб

24 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар қароргоҳи беруназшаҳрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар мавзеъи Пуғус дар ҷаласаи Шӯрои  вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои ИДМ ширкат варзид.

Дар расми ифтитоҳи кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Нахуст Сарвари давлат иштирокчиёни ҷаласаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки  ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии давлатҳои узви ИДМ омили муҳимми таҳкими иқтидори мудофиавии кишварҳо, қабл аз ҳама ифодаи талошҳои муштарак баҳри таъмини амнияту суботи устувор мебошад.

"Дар марҳилаи навини пешрафти ҷомеа, ки дар он рух додани ҳодисаҳои террористию экстремистӣ аз эҳтимол дур нест, муттаҳид гардонидани мубориза роҳи ягонаи  ҳалли мушкилот аст, зеро ягон мамлакати ҷаҳон наметавонад дар алоҳидагӣ алайҳи гурӯҳ ва марказҳои террористӣ муқовимат намояд", - таъкид намуд Сарвари давлат.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон афзуд, ки роҳбарияти ҳарбӣ-сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти он, ки терроризми байналмилалӣ сарҳад надорад, талошҳои муштараки муборизаро баҳри таъмини амнияти минтақавӣ ва умумӣ шарти муҳим медонад. Бинобар ин дар доираи ИДМ, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай идома бахшидани машқҳои  фармондеҳию ситодии муштарак ба манфиати  таҳкими  қудратии  мудофиавии кишварҳо мебошад.

Дар хатми суханронии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни ҷаласа маваффақият таманно карда, изҳори умед намуд, ки ин тадбири муҳимму саривақтӣ ба дарёфти роҳҳои нави вусъатбахши муборизаҳои муштарак бар зидди таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир мусоидат хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520