Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Маликаи Урдун хонума Нур

26.06.2005 14:00, ноҳияи Варзоб

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи беруназшаҳрии худ дар мавзеи Пуғус бо Маликаи Урдун хонума Нур, ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, мулоқот намуд.

Мавриди зикр аст, ки ин дуюмин сафари Малика Нур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барномаи кории он хеле пурмӯҳтавою фарогири бахшҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, аз қабили маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Тавре дар сӯҳбат тазаккур дода шуд, дар марҳилаи навини инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон дар мавриди тарғиби рӯзгори солим, иштироки  занон дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ва соҳибкории хурду миёна амри заруриву саривақтӣ мебошад.

Малика Нур ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бобати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, дастгирии эҳтиёҷмандону ниёзмандон, додани имтиёзҳои  гуногун ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва пуштибонии амиқи бахшҳои хусусӣ баҳои баланд дода, таъкид кард, ки  тамоми   имкониятҳои худро баҳри даъвати созмону ташкилотҳои байналмилалӣ барои дастгирии  барномаҳои  стратегии марҳилаи гузариш ба сохти нави тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона месозад.

Сӯҳбат дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520