14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он омадааст:
"Хабари фалокати нақлиётӣ дар музофоти Синд, ки сабабгори ҳалокати даҳҳо афрод гардид, моро ниҳоят ғамгин ва мутаассир сохт.
Дар ин рӯзи ниҳоят сангин барои Шумо ва кишваратон ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, хешону наздикони ҳалокшудагон ва зарардидагону тамоми мардуми дӯсти Покистон ҳамдардии амиқи худ ва мардуми Тоҷикистонро иброз медорам.
Ба ҳамагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил мехоҳам".