Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Таиланд

12.08.2005 14:00, Таиланд

"Мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармояи хориҷӣ" ва кодексҳои андозу гумрук, агар ҳаҷми сармоя то 500 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил диҳад, корхона ду соли аввал аз пардохти андози даромад озод аст. Дар ҳолати аз 500 ҳазор то 2 миллион доллари амрико 3 соли аввал, аз 2 то 5 миллион доллари ИМА 4 соли аввал ва агар ҳаҷми сармоя аз 5 миллион доллари ИМА зиёд бошад, 5 соли аввали фаъолият аз пардохти андози даромад озод мегардад", - тазаккур дод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки ин омил дар соли 2004 боиси ҷалби 2,5 миллиард доллари ИМА шуда, танҳо дар шаш моҳи аввали соли равон аллакай 100 миллион доллари он истифода гардид.

Соҳибкорони Таиланд бештар ба лоиҳаҳои инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои гидроэнергетика, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди туризм таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, омодагии амиқи хешро дар мавриди иштироки фаъолона дар татбиқи лоиҳаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.

Дар мулоқот ҷиҳати ба роҳ мондани ташкили сафарҳои мунтазами намояндаҳои тиҷорату молиявии байниҳамдигарӣ, хатсайри ҳавоии Душанбе - Бангкок ва ифтитоҳи намояндагиҳои тиҷоратӣ табодули назари судманд ҷараён гирифт.

Намояндагони доираҳои соҳибкории Таиланд ба лоиҳаҳои хурду бузурги инвеститсионии ҳамкасбҳои худ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардида, изҳор доштанд, ки дар муддати кӯтоҳ нақшаҳои корӣ омода хоҳанд кард.

Бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои мусоиди ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз музофоти Крабии Шоҳигарии Таиланд, ки аз манотиқи азиму пешрафтаи кишоварзии ин давлат маҳсуб меёбад, ба маркази боғдорию растанипарварӣ омад.

Ин марказ таҷрибаи бойи соҳавӣ дошта, бо ҷалби 51 мутахассис дар 120 гектар беш аз 200 намуди гулу бутта ва дарахтро парвариш менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои табиату иқлими мусоиди инкишофи боғдорию растанипарварӣ мебошад, омӯзиши таҷрибаи Шоҳигарии Таиланд аз манфиат холӣ нест, - таъкид гардид дар сӯҳбат. Ҷонибҳо дар мавриди табдили гурӯҳҳои мутахассисон ба давлатҳои ҳамдигар ҳамфикрӣ изҳор доштанд.

Мутахассисон изҳор доштанд, ки асосан ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкорӣ дошта, аз ҳисоби содирот даромади калон ба даст меоранд, воқеан таҷрибаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки моҳипарварӣ аз соҳаҳои даромадноку пурсамар мебошад.

Баъди анҷоми сафари расмӣ шоми 13 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Бангкок ба ватан баргашт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520