Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози фаъолияти мактаби № 10 дар деҳаи Чашмаи ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак

27.04.2016 08:29, шаҳри Норак

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Нораки вилояти  Хатлон омад.

Дар шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нахуст дар расми мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 дар деҳаи Чашмаи ҷамоати деҳоти Дӯконӣ иштирок карда бо буридани лентаи рамзӣ расман ба фаъолияти мактаби нав оғоз бахшид.

Мактаб  бо харҷи 2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳиддин Табаров бунёд гардида аз ду ошёна ва 14 синфхонаи таълимӣ иборат аст. Дар ин муассисаи таълимии навбунёд 240  нафар толибилм дар як баст ба таълим фаро гирифта шуда синфхонаҳои барҳавои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, маркази ҳунаромӯзии духтарон, синфхонаи компютерӣ, толори маҷлисгоҳ ва ошхонаи замонавӣ дорад.

Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз сифати  корҳои  сохтмонӣ  ва имконоту  шароити  таълимии  мактаб  изҳори  қаноатмандӣ  намуда  аз амали  неки  соҳибкор  Муҳиддин Табаров  барои саҳмгузории фаъол дар раванди бунёдкорию ободонӣ ситоиш кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои алоҳида ва маркази технологии  ҳунаромӯзии  мактаб аз хонандагон даъват ба амал овард, ки бо рафтору кирдори намунавӣ таҳсил карда дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, азхуднамоии технологияҳои компютерӣ ва касбу ҳунаромӯзӣ  фаъол бошанд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҳар амали бунёдкорию созандагии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷонибдории амиқ пайдо карда ҳаммаром бо ин пешрафту тарақкиёти соҳаҳои гуногун таъмин карда мешавад. Бо бунёди мактаби нав дар деҳаи Чашма роҳҳои маҳаллӣ ва кӯчаю гузаргоҳҳои деҳа низ  навсозию мумфарш ва ободу зебо шуда заминаҳои  мусоиди пешбурди  зиндагии беҳтару хубтари сокинон муҳайё  гардидааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520