Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар "Иди асал" дар шаҳри Хуҷанд

30.08.2005 15:00, шаҳри Хуҷанд

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар "Иди асал", ки аз идҳои қадимаи мардуми тоҷик аст, ширкат намуд.

Дар ин ҷо навъҳои гуногуни асали истеҳсоли ватаниро аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маърази тамошо бароварда буданд. Сардори давлат бо хушҳолии зиёд аз анъанаҳои қадимаи мардуми тоҷик бо занбӯрпарварон сӯҳбатҳои самимӣ анҷом дод.

Сӯҳбати Сардори давлат бо занбӯрпарвари асил ва машҳури вилояти Суғд Истамҷон Исломов, ки ба наздикӣ бо ёрдами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои гуногуни асали худро дар Ирландия ба намоиш бароварда, сазовори баҳои баланд шуда буд, бисёр ҷолиб сурат гирифт.

Дар вилояти Суғд рушди ин соҳа нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бештар назаррас аст. Шумораи оилаҳои занбӯри асал аз 7000-и соли 2000 ба 38000 оила дар ҳоли ҳозир, миқдори занбӯрпарварон аз 65 хонавода ба 310 ва ҳаҷми асали истеҳсолшуда аз 70 тоннаи соли 2000 ба 320 тонна дар соли 2004 расид. 

Сарвари давлат ба вазорату идораҳо ва шахсони дахлдор баҳри рушди минбаъдаи ин соҳа, тарғибу ташвиқи он дар байни мардум дастур дод. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин супориш дод, ки фурӯши асал бо зарфҳои зебои ҳозиразамон васеъ ба роҳ монда шавад, то асали Тоҷикистонро дар бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ карда тавонем.

Намоиши идонае, ки бахшида ба иди асал аз ҷониби кӯдакону наврасон ва як гурӯҳ ҳунармандон дар ин ҷо омода гашт, бисёр самимию дилчасп ҷараён гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520