Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури аҳли ҷомеаи деҳаи Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва муаллимони ноҳия лентаи рамзиро бурида, ба фаъолияти мактаби таҳсилоти умумии № 83 ҳусни оғоз бахшид ва бинои ин мактабро тӯҳфаи сазовор ба муносибати оғози соли хониш ва 14-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номид.
Сипас Президенти мамлакат аз синфхонаҳои таълимӣ ва толори варзишӣ дидан карда, ба хонандагону омӯзгорон оид ба баланд бардоштани сифати таълим дар сатҳи лозима омӯхтани фанҳои технологияи компютерӣ, забонҳои хориҷӣ ва масъалаҳои беҳдошти мактаб маслиҳату ҳидоятҳо дод.
Сарвари давлат дар толори варзишии мактаб бо хонандагон чанд лаҳза волейболбозӣ намуда, он ҷо расми хотиравӣ гирифт.
Дар мактаб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли кормандони маорифи ноҳияи Б. Ғафуров самимона сӯҳбат орост.