Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 14-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

08.09.2005 12:00, шаҳри Душанбе

8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбади пойтахт дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 14-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

"9 сентябри соли 1991 қабули Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон" воқеаи бузургтарин дар таърихи пуршебу фарози халқи мо буд", - изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон ва бо ёдоварӣ аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат пешравиҳои марҳилаи соҳибистиқлолиро натиҷаи заҳмату талошҳои содиқонаи кулли сокинони сарзамин арзёбӣ кард.

Бо ҷонибдории меҳнаткашони мамлакат ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб рӯ ба афзоиш ниҳод. Агар солҳои 1997 - 1999 афзоиши солонаи нишондиҳандаҳои Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,7 - 5,3 фоизро ташкил дода бошад, пас солҳои 2000 - 2003 он мутаносибан ба 8,3 - 10,2 фоиз баробар шуд.

Сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоизи соли 1999 дар соли 2003 ба 68 фоиз паст фуромад.

Сарвари давлат зикр намуд, ки барои истифодаи афзалиятҳои сиёсати иқтисодӣ ҳалли масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтан ва дорои роҳҳои нақлиётии ҳозиразамон шудани Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад.

Роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ - Кулма - Қароқурум соли 2005 пурра ба истифода дода мешавад ва он тамоми фаслҳои сол ҳамлу нақли бору мусофиронро таъмин менамояд. Ба истифода супурда шудани ин роҳ яке аз дастовардҳои бузурги таърихии давраи истиқлолият мегардад.   

Ҳоло навбати якуми азнавсозии шоҳроҳи Душанбе - Нуробод - Рашт-Саритош - Ош оғоз ёфтааст, ки моро бо Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия мепайвандад. Ин роҳ хеле кӯтоҳ ва аз лиҳози иқтисодӣ ниҳоят фоиданок хоҳад шуд.

Соли 2005 пули миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Дарвоз ба истифода дода шуда, сохтмони кӯпрукҳои Панҷи поён ва Ишкошим, ки тавассути Афғонистон барои ба кишварҳои Шарқи Миёна ва бандарҳои ҷаҳонӣ баромадани мо имконият фароҳам меоранд, оғоз ёфтанд. Солҳои оянда бошад, сохтмони боз ду пули дигар дар дарёи Панҷ дар ноҳияҳои Фархору Шӯробод пешбинӣ шудааст.

"Ҳамаи ин тадбирҳо ба раҳо ёфтани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат намуда, барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат имконияту шароитҳои мусоид фароҳам меоранд", - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин тазаккур дод, ки сохтмони иншооти дигари стратегӣ ба мисли Нерӯгоҳҳои барқии обии Роғун, Сангтӯда - 1 ва Сангтӯда - 2, ки аллакай оғоз гаштааст, бунёди як силсила нирӯгоҳҳои хурду бузурги дигар дар дарёҳои Панҷу Зарафшон, хатти баландшиддати интиқоли барқи "Шимол-Ҷануб" аз лоиҳаҳои ояндаи наздиканд, ки истиқлоли энергетикӣ ва рушди минбаъдаи босуръати иқтисодию иҷтимоии Тоҷистонро таъмин хоҳанд кард.

Дар хатми суханронии худ Сарвари давлати Тоҷикистон тазаккур дод, ки шоҳроҳи ҳазорсолаи сеюм барои Ҷумҳурии Тоҷикистон асри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушду нумӯи давлатдории миллӣ, асри дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон хоҳад буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520