Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои олам, ки доир ба муколама ва ҳамкорӣ байни тамаддунҳо, фарҳангҳо ва динҳо ба хотири сулҳ

13.09.2005 04:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯбаи ҷаласаи 60-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои олам, ки доир ба муколама ва ҳамкорӣ байни тамаддунҳо, фарҳангҳо ва динҳо ба хотири сулҳ бахшида шудааст, иштирок ва суханронӣ намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон зимни баромадаш аз саҳми бузурги Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои умдаи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудани соли 2003-ро соли байналмилалии оби тоза ва солҳои 2005-2015 эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об барои ҳаёт"-ро ҳамчун падидаи арзишманд арзёбӣ намуд.

"Тоҷикистон,- таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон,- омода аст, ки бо ҳама кишварҳои ҷаҳон робитаҳои ҳамкориро дар чаҳорчӯбаи ин чорабинии бузурги ҷаҳонӣ идома бахшад. Зеро нақши Тоҷикистон дар рушду инкишофи тамаддуни умумибашарӣ назаррас аст. Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон ягон халқ ва давлат, ҳатто минтақаҳо ва қитъаҳо худро аз арзишҳои умумибашарӣ дур гирифта наметавонанд, зеро танҳо дар маҷмӯъ инсоният муқтадиру шикастнопазир аст".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520