Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ноиби аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Зиё Масъуд

16.09.2005 06:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба ИМА бо ноиби аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Зиё Масъуд мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқоти пурмӯҳтаво маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ, татбиқи амалии созишномаҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносиботи дӯстонаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуда, тазаккур дод, ки баъди имзои созишномаҳо дар сатҳи олӣ дар шаҳри Кобул миёни ду мамлакати ҳамсоя марҳилаи сифатан созандаи пешрафт ибтидо ёфт.

Ноиби аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Зиё Масъуд аз номи халқи Афғонистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои талошу заҳматҳои пайгирона ва арзишманди вобаста ба вусъати раванди барқарорсозии иқтисодии Афғонистон изҳори сипос кард.

Дар сӯҳбат ҳамзамон ба як қатор масъалаҳои фарогири инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ, вусъати муборизаҳои байналмилалӣ бар зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир диққати хоса дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520