Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Тако Мбеки

16.09.2005 07:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Эмомалӣ Раҳмон дар Ню-Йорк ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Тако Мбеки мулоқот намуд.

Дар ҷараёни сӯҳбати пурмӯҳтаво, ки дар фазои созанда сурат гирифт, ҷонибҳо асосан ба масъалаҳои барқарор намудани муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи барои ҳарду тараф манфиатнок мубодилаи афкор намуданд. Дар ин қарина роҳбарони давлатҳо бештар ба масоили рушду тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, ки зимни нишасти сарони давлату ҳукуматҳои ҷаҳон дар Ню-Йорк ба миён омад, мароқ зоҳир намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷаноби Тако Мбеки омодагии худро дар ривоҷу равнақи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо назардошти имкониятҳои мавҷудаи иқлимию табиӣ изҳор доштанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520