Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарони ширкатҳои энергетикии ИМА, таҳти сарварии Президенти ширкати энергетикии "ASF" Пол Ҳанраҳан дар Ню-Йорк

16.09.2005 07:30, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Роҳҳои тавсеаю густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ИМА дар соҳаи энергетика зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ширкатҳои энергетикии ИМА, таҳти сарварии Президенти ширкати энергетикии "ASF" Пол Ҳанраҳан дар Ню-Йорк мавриди таҳлил ва гуфтугӯи амиқ қарор дода шуд.

"Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва бунёди иншооти барқию обиии дарёҳои Тоҷикистон таваҷҷӯҳи оламиёнро ба худ ҷалб намудааст", таъкид рафт дар мулоқот.

"Тоҷикистон, ки ба густариши ҳамкориҳо бо тамоми кишварҳо дар соҳаи энергетика манфиатдор аст, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо истифода аз имкониятҳо дар ин самт комёб шавад. Аз ин лиҳоз дар ҳар вохӯриву мулоқот ҷониби Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки бо соири кишварҳо дар ин бахш ҳамкориҳои самаранокро ба роҳ монад", - зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо истифодаи иқтидори васеи гидроэнергетикӣ метавонад на фақат дар таъмини кишварҳои ҳамсоя, балки дар маҷмӯъ тамоми мамлакатҳои минтақа бо қувваи барқ ҳиссагузор бошад. Намояндагони бахшҳои энергетикии ИМА омодагии худро дар мусоидат ва ҳалли ин масъала таъкид сохтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520