Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарян

20.09.2005 09:00, шаҳри Душанбе

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарян барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

"Роберт Седраковичи мӯҳтарам, бо камоли фараҳмандии бузург Шумо ва тамоми халқи арманро ба муносибати иди миллии мамлакататон - Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Арманистон самимона табрик намуда, орзуҳои неки худро баён менамоям.

Боварӣ дорам, ки ҳамкории давлатҳоямон ба туфайли ҷидду ҷаҳди якҷояи мо ба манфиати халқҳо ва мамлакатҳоямон муттасил густариш меёбад.

Мо барои равнақу ривоҷи ҳамарӯзаи ҳамкории давлатҳоямон ҳамаи тадбирҳои инконпазирро меандешем.

Роберт Седраковичи мӯҳтарам, аз ин фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо саломатӣ, хушбахтӣ, барори кор ва ба халқи бо мо дӯсти Арманистон сулҳу ободӣ ва рӯзгори фараҳмандона орзу мекунам".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520