Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ҷиргатол

23.09.2005 15:00, ноҳияи Лахш

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар машқҳои муштараки фармондеҳию ситодии ҷузъу томҳои низомии сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, боздид аз шароити хидматию маишии афсарону сарбозони қисми ҳарбии 01741-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа ва ҳамчунин шиносоӣ бо рафти татбиқи амалии Қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ноҳияи Ҷиргатол сафар кард.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити будубоши ҳайати шахсӣ, хобгоҳҳои сарбозӣ, ошхона, ҳуҷраҳои омодакунии сару либос, ҳаммом ва ҳамчунин аз заминаи моддию таълимии қисми ҳарбии 01741-и Вазорати мудофиа, ки ҳамагӣ як сол пеш дар ин ҷо бунёд ёфта буд, дидан карда, бо афсарону сарбозон аз наздик сӯҳбатҳои ошкорою самимӣ анҷом дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти иқлими сарди ин минтақаи баландкӯҳ ба роҳбарияти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дастур дод, ки ба масоили омодагӣ ба зимистон, захираи маводи сӯхт ва озӯқаворӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар хонаи афсари ҷавон, капитан Муқим Аббосов бо ӯ ва аҳли оилааш сӯҳбати озоду самимӣ ороста, аз шароити зист ва аҳволи маишӣ дар ин мавзеи кӯҳистон пурсон шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин оилаи ҷавон ҳамчунин тӯҳфаҳо тақдим намуд.

Дар доираи машқҳои ҳарбӣ дар ҳудуди ин қисми низомӣ ҳамчунин ҷамъомади ҳарбии фаврию сафарбаркунии раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуд, ки ҳадафи асосии он хотиррасон намудани талаботи санадҳои дастурии сафарбаркунӣ, санҷиши омодагии ҳарбии раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва баланд бардоштани дониши ҳарбию сафарбаркунии онҳо мебошад.

Сарвари давлат дастур дод, ки ба ҳайси раисони минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ баҳри беҳдошти вазъи таъминоти моддии Артиши миллӣ, бо ҳар восита ба тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ, ва худшиносию худогоҳии хидматчиёни ҳарбӣ ва дигар табақаҳои аҳолӣ бояд ҳамаҷониба мусоидат кунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи кунунии минтақавию ҷаҳонӣ ва хатарҳои муосири ба амнияти мо таҳдидкунанда, аз ҷумлаи терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ ёдовар шуда таъкид дошт, ки баланд бардоштани омодагии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамзамон пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як хидматчии ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои дахлдор аст.

Сарвари давлат ба роҳбарони сохторҳои қудратӣ дастур дод, ки баҳри беҳдошти вазъи хидматию маишӣ ва тарбияи ҳайати шахсӣ дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ диққати ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Сипас, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади назорат аз рафти машқҳои фармондеҳию ситодии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии дар ин минтақа ҷойдошта ба мавзеи баргузории машқҳо омад.

Дар ин машқҳо ҷузъу томҳои низомии қӯшунҳои зудамал ва қувваҳои ҳарбии ҳавоии Вазорати мудофиа ва воҳидҳои ҳарбии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва кормандони милитсияи ноҳияи Ҷиргатол ширкат намуданд.

Машқҳо дар мавзӯи омодагии зиддитеррористии ҷузъу томҳои низомӣ ва сохторҳои махсуси қудратӣ амалӣ мегарданд. Ҳадафи асосии машқҳо ба роҳ мондани ҳамоҳангии фаъолияти якҷояи сохторҳои гуногуни қудратӣ дар рафти ташкил ва гузаронидани амалиётҳои муштараки зиддитеррористӣ аст.

Баъди анҷоми машқҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ ба маҳорати касбии иштирокчиёни он ва амалиётҳои ҳарбии нишондодаашон баҳои баланд дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо қисми низомӣ ва ҳайати шахсии он ба деҳаи Ҷаилгани деҳоти Лахши ноҳияи Ҷиргатол омад.

Дар ин ҷо Сарвари давлат бо аҳли заҳмати деҳа аз наздик сӯҳбат ороста, аз вазъи рӯзгори мардуми кӯҳистон, таъмини онҳо бо маошу кӯмакпулиҳо ва рафти корҳои зироаткорӣ пурсон шуд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин нисбати масоили тарбияи насли наврас мароқ зоҳир намуда, диққати мардумро ба зарурати риояи сиёсати танзими оила, тарбияи фарзандони солиму бардам ва бомаърифат равона кард.

Эмомалӣ Раҳмон зимни баромад дар назди фаъолон ва меҳнаткашон ба масоили рушди ноҳияи Ҷиргатол дахл намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар давоми панҷ соли охир барои тараққиёти ноҳияи Ҷиргатол аз буҷети ҷумҳурӣ 8,7 миллион сомонӣ маблағҳои иловагии мақсаднок ҷудо карда шуд.

Инчунин дар тӯли солҳои 2003-2005 аз ҳисоби вазоратҳои нақлиёт, алоқа, мудофиа, мелиоратсия ва хоҷагии об, Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" ва Маркази ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба рафъи оқибати офатҳои табиӣ барои дар ҳудуди ноҳия бунёд намудани иншооти гуногун 2 миллион сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Умуман дар солҳои 2000-2004 ва ҳафт моҳи соли ҷорӣ барои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, сохтмони иншоот аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузориҳои давлатӣ 11 млн. сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо карда шудааст.

"Дар баробари ин, - тазаккур дод Сарвари давлат, - дар қаламрави ноҳия дар муддати панҷ соли дигар ба маблағи умумии 13, 5 миллион сомонӣ 4 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор мегирад, ки тавассути онҳо вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ беҳтар карда шуда, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, барқарорсозии инфраструктура ва инкишофи истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ, инчунин сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе- Саритош ба ҷо оварда мешаванд".

Ҳоло дар ноҳия ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 1991 зиёда аз 20 фоиз ва дар муқоиса бо соли 2000  26,7 фоиз зиёд гардидааст.

Асоси истеҳсолоти кишоварзиро дар ноҳия картошка ташкил медиҳад. Истеҳсоли картошка аз 25 ҳазор тоннаи соли 1991 дар соли 2004 ба 50 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нишондиҳанда ду маротиба зиёд мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро, махсус, ба масоили рушди соҳаи картошкапарварӣ ҷалб намуда, изҳор дошт, ки дар ноҳия тамоми шароит ва имкониятҳои васеъ мавҷуданд. Дар соли 2003 дар ноҳия аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 196 сентнерӣ картошка рӯёнида шуда буд. Вале соли гузашта ин нишондиҳанда 165 сентнериро ташкил дод, яъне ҳосилнокии миёнаи ҳар гектар картошказор зиёда аз 30 сентнерӣ кам гашт.

"Бо назардошти эҳтиёҷоти мамлакат ба картошкапарварони ноҳия зарур аст, ки бо истифода аз таҷрибаву имкониятҳои мавҷуда доир ба сол то сол баланд бардоштани ҳосилнокии картошка тадбирҳои мушаххас андешанд", - таъкид намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Зеро дар сурати аз ҳар як гектар рӯёнидани 300 сентнерӣ картошка 15-17 ҳазор сомонӣ фоида ба даст овардан мумкин аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон камбудию норасогиҳои ҷиддии ноҳияро зикр намуда, изҳор дошт, ки сарфи назар аз имкониятҳои фаровон дар ноҳия ҳосилнокӣ ва истеҳсоли ғалла, мева, инчунин хӯроки чорво низ кам гардидааст. Бояд дарк намуд, ки дар шароити доманакӯҳҳо аз ҳар гектар рӯёнидани 6-10 сентнер ғалла танҳо зарари иқтисодӣ меорад.

Ба масоили рушди соҳаи маориф диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, ки дар соли 2004 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ барои таъмир ва таҷҳизонидани мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия 368 ҳазор сомонӣ ва аз Фонди захиравии Президенти мамлакат барои сохтмони се мактаби ибтидоӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар соли ҷорӣ аз Фонди захиравии Президент барои сохтмон, таъмир, таҷҳизонидани мактабҳо ва таҳияи китобҳои дарсӣ ба забони қирғизӣ 380 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Маблағгузориҳои мазкур имкон дод, ки беш аз 30 иншооти хурду бузурги соҳаи маориф сохта ё пурра таъмир карда шаванд.

Бо назардошти дастовардҳо ва камбудию норасогиҳои номбаршуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъули сатҳи ҷумҳуриявию ноҳиявӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қитъаи таҷрибавии тухмипарварии маркази тухмипарварии картошкаи солими ноҳияи Ҷиргатол ташриф оварда, бо аҳли заҳмати қитъа ва олимони соҳаи картошкапарварӣ, ки дар ин ҷо кор мекунанд, сӯҳбат намуд.

Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷиргатол анҷом ёфт.

Нимаи дуюми рӯзи 23 сентябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе баргашт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520