Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз литсейи №1-и шаҳри Қурғонтеппа

30.09.2005 12:00, шаҳри Бохтар

Боздид аз муассисаҳои таълимӣ, шиносоӣ бо рафти таълиму тарбия, татбиқи амалии қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва нақшаҳои рушди соҳаи маориф аз бахшҳои асосии ҳар як сафари дохилиҷумҳуриявии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз ин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қурғонтеппа аввал аз литсеи рақами 1-и он дидан кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шиносоӣ бо шароитҳои таълимии литсей бо ҳайати устодон ва хонандагон аз наздик сӯҳбатҳои озоду ошкоро анҷом дод.

Сарвари давлат зимни сӯҳбат бо устодон таъкид дошт, ки таълиму тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносии онҳо, эҳсоси баланди масъулияти фарзандӣ дар назди модар-Ватан аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони соҳаи маориф ва умуман аъзои ҷомеа аст.

Литсейи рақами 1-и шаҳри Қӯрғонтеппа аз куҳантарин таълимгоҳҳои шаҳр буда, ҳанӯз соли 1938 таъсис ёфтааст ва барои Тоҷикистон дар ин муддати тӯлонӣ ҳазорҳо нафарро илму маърифат омӯхтааст.

Дар литсей ба 950 нафар хонанда 51 нафар омӯзгор дарс мегӯянд, 8 нафар муаллим "Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва 24 нафараш дорои категорияи тахассусии дараҷаи олии омӯзгорӣ мебошад.

Ҳоло хатмкунандагони ин литсей дар мактабҳои олии Тоҷикистон, ИМА, Туркия, Олмон, Эрон, Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон касб меомӯзанд.

Аз 141 нафар хатмкунандагони имсолаи литсей 125 нафарашон ба мактабҳои олӣ дохил шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва устодони литсей барои ба даст овардани чунин муваффақиятҳои назаррас изҳори сипос намуд.

Сарвари давлат ба масоили омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ, фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, ба роҳбарияти литсей дастур дод, ки барои дарсҳои иловагии пулакии муаллимон синфхонаҳои алоҳида, вақт ва шароити зарурӣ муҳайё кунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520