Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири Кулли ЮНЕСКО Коичиро Матсуура

10.10.2005 11:00, Франсия

10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба Фаронса бо Дабири Кулли ЮНЕСКО Коичиро Матсуура мулоқоти самимию пурмӯҳтаво анҷом дод.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО баррасӣ шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Коичиро Матсуура ҷиҳати даъвати Сарвари давлати Тоҷикистон ба Конфронси  кулли ЮНЕСКО ва Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО изҳори сипос карда, ӯро ба ифтихори 60-умин солгарди ин ташкилоти бонуфузи фарҳангӣ шодбош гуфт.

"Мо аз рушди муносиботи пурсамар бо ЮНЕСКО қаноатмандем", - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кард, ки баъди имзои  Меморандуми ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар ҷодаи муносибатҳои серҷанба марҳилаи сифатан беҳтару самарабахш оғоз хоҳад ёфт.

Дабири Кулли ЮНЕСКО Коичиро Матсуура бо ҷонибдорӣ аз андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки аснои баррасии пешниҳодоти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ворид намудани ёдгориҳо ва муҷассамаҳои таърихии Панҷакент, Саразм, Ҳулбук, Яғноб ва Боғи миллии Тоҷикистон ба номгӯи муҷассамаҳои умумиҷаҳонии мероси табиию фарҳангӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Тавре Коичиро Матсуура ёдрас шуд, ҳаракату пофишориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии экологию иҷтимоӣ на танҳо ба хотири ҳифзи манфиатҳои як ҷумҳурӣ, балки минтақа ва ҷаҳони муосир дар асри нави тараққиёт аст, ки аз нигоҳи неку инсонпарварона ва қалби саршори муҳаббату садоқат ба арзишҳои умумибашарӣ шаҳодат медиҳад.

Дар мулоқот атрофи дигар мавзуоти муҳими ҳамкориҳои фарҳангӣ табодули назари судманд ҷараён гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520